Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » «МУҲРИ МУҲАББАТ» БА ЧОП РАСИД


«МУҲРИ МУҲАББАТ» БА ЧОП РАСИД


Нашриёти «Адиб» китоби дуюми эҷодкори ҷавону умедбахши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Ибодуллоҳ Одинаи Мафтунро  таҳти унвони "Муҳри муҳаббат" бо теъдоди 1000 нусха  аз  чоп баровард.

"Муҳри муҳаббат" ашъори  дар чор-панҷ соли охир эҷодкардаи ӯро фаро гирифтааст. Истеъдоди шоирии муаллиф аз як маҷмӯа то маҷмӯаи дигар дар ҳолати рушд кардан қарор дорад.   Агар  мо шеърҳои маҷмӯаи нахустини ӯро бо ашъори ин китоб қиёс намоем, дармеёбем, ки ҳунару санъати шеърии шоир дар ин давра хеле сайқал ёфтаву  суфта гардидааст.

Ёдовар бояд шуд, ки Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун корманди рӯзномаи "Навиди Балх"-и ноҳия буда, соли 2015 маҷмӯаи шеърҳои аввалинаш бо номи "Мафтуни қалам" нашр гардида буд.  Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва узви Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷи-кистон мебошад.

 

Нозанин  ШОДИЕВА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода