Чаро наврасон ба ҷиноят даст мезананд?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 576
Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва ворид шудан ба низоми нави давлатдорӣ, дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайвастанд, ки он ба хоҷагии халқ бетаъсир намонд. Дар рушду пешравии самтҳои фаъолияти хоҷагии мардум, кам гардидани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, пешрафт намудани хизматрасониҳои маишӣ, рушди афзалиятноки маорифу тиб нақши Истиқлоли кишвар беназир аст.
Аммо новобаста аз таъмини шароитҳои моддию ҳуқуқӣ ва фаъолияти субъектҳои дахлдори ваколатдор дар ин самт, дар кишвар ҳанӯз ҳам қонунвайронкуниҳо вуҷуд дорад, ки мутаассифона, бархе аз онҳо бо иштирок наврасону ноболиғон содир мегарданд. Дар такя ба гуфтаи прокурори минтақаи Кӯлоб Ҳамид Баҳодур дар минтақаи Кӯлоб дар давоми соли 2022-юм 41 ҷиноят байни ноболиғон содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум як маротиба зиёд аст. Ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки ҳанӯз ҳам камбудиҳо дар ин самт ҷой дошта, беҳбудиро талаб менамояд.
Албатта, хусусиятҳои психологиву физиологӣ ва доираи синну соли ин табақаи аҳолиро, мебояд дар ҷараёни таълиму тарбия омухт. Зеро бидуни донистани хусусиятҳои махсуси табиати наврасон ба дарки табиати ҷиноятпешаи онҳо сарфаҳм рафтан кори бениҳоят душвор аст.
Аксари қонуншиканиҳое, ки аз тарафи наврасону ноболиғон ба қайд гирифта мешаванд, хусусияти маъмурӣ доранд. Аммо дар ин раванд кам нестанд ҳуқуқвайронкуниҳое, ки характери ҷиноятӣ дошта бошанд. Ба ҷиноят даст задани кӯдакон аз кадом омилҳо сарчашма мегирад?
Одатан дар наврасон вобаста аз тарбияи оилавӣ хислати эгоистӣ ва молпарастиву пулпарастӣ дида мешавад, ки ин аз сабаби ҳанӯз аз овони хурдӣ дар хонадон дар чунин рӯҳия тарбия ёфтани эшон, яъне дар натиҷаи аз тарафи волидайн манбаи хушбахтӣ дониста шудани пулу мол, ҳамчунин аз тарафи аъзоёни оила барои ба даст овардани даромади бештар пайваста талош варзидан, ки инро сохти ҷомеа тақозо мекунад, ба ғайр аз ин, тамошо кардани филмҳои ҳунарие, ки тарғибгари ҳамин хислатҳо ҳастанд, падид меоянд.
Аз ҳамин ҷост, наврасоне, ки бо ҷурми даст доштан ба содир кардани ҷиноят боздошт мешаванд, миёни ҷиноятҳои гуногун дуздии амволи ғайр мавқеи марказиро ишғол мекунад.
Сабаби дигари рӯ овардани наврасон ба ҷинояткорӣ бекорӣ аст. Ҳол он ки дар ҳудуди кишвар низоми гуногуни таҳсилот, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ фаъолият мекунанд, ки наврасон метавонанд тариқи ройгон берун аз дарс ба таҳсили иловагӣ фаро гирифта шаванд, ки ин яке аз омилҳои пешгирӣ аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.
Дар заминаи суханони боло бояд гуфт, ки асосан даст задани ноболиғон, махсусан наврасон ба ҷинояту ҷинояткорӣ сабабҳои гуногун дорад. Омилҳои асосие, ки наврасонро ба содир намудани ҷиноят водор месозанд, ин нишон додани далериву ҷасорат, хоҳиши касб кардани нуфузу эътибор дар байни ҳамсолон, ишғол намудани мавқеи муайян дар байни онҳо ва намоиш додани “малака”-ҳои ғайриоддиву беҳамтоии худ мебошад. Омили дигар тарбияи оилавӣ ва таҳким ёфтани он бо норасоиҳои тарбияи мактабӣ мебошад, ки ин нуктаро таҳлили ақоиди олимони соҳа нишон медиҳад. Инчунин, ҷудошавии оилаҳо ва муҳоҷирати меҳнатӣ низ ба вайроншавии тарбияи насли наврас таъсир мерасонад.
Сабаби асосии ба ҷиноят даст задани кӯдакон дар сатҳи ниҳоят паст қарор доштани донишу фаҳмиши ҳуқуқии наврасон ва дар хусуси аъмоли характери ҷиноятдошта тасаввуроти кофӣ надоштани онҳо мебошад.
Албатта, дар самти мубориза бар зидди қонуншикании наврасон ва пешгирӣ кардани ҷиноят аз тарафи онҳо, пеш аз ҳама, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ- суду прокуратура ва мақомоти қудратӣ хеле назаррас аст. Аммо фаъолияти онҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани қонуншиканӣ дар байни ноболиғон танҳо дар он сурате самараи дилхоҳ хоҳад дод, ки агар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, падару модарон, ташкилоти ҷамъиятию ғайридавлатӣ низ дар ин кор ширкати фаъолона варзанд. Ҳамчунин, нақши воситаҳои ахбори омма дар болоравии савияи дониши ҳуқуқии наврасон басо бузург аст.
Умуман, ҳамаи омӯзгорону волидайн муваззафанд, ки ба хотири баланд бардоштани маданияту фарҳанги ҳуқуқии наврасон аз шаклу усулҳои муосири таълиму тарбия ва имконияту захираҳои мавҷуда дар ин соҳа ҳамаҷониба истифода баранд ва бад-ин васила дар пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ миёни ноболиғон саҳмгузор бошанд. Зеро ҳар корро аз ислоҳаш дида пешгириаш осонтар аст.
Ҳайдар Ҳайдаров,
директори МТИ Раёсати маорифи
вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб,
Бахтиёр Назаров,
омӯзгори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...