Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » АМАЛИ ХАЙРИ СОҲИБКОР


АМАЛИ ХАЙРИ СОҲИБКОР


Дар фасли сармо соҳиб-корони диёр иқдоми саховатмандонаро роҳандозӣ карданд, ки боиси фараҳу шодии табибон ва кормандони беморхонаи шаҳр гардид. 

Аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Hyрулло Абдулҳақов барои зимистонгузаронии табибон 14 таҷҳизоти гармидиҳанда бо маблағи 9800 сомонӣ ҳадя гардид. Бо ин амали хайр соҳибкори саховатпеша Н. Абдулҳақов ба ҳуҷраҳои қабули беморон гармӣ овард. 

Табибону корафтодагон аз ин амали хайри соҳибкори муваффақ хурсанду мамнун буда, ба фаъолияти соҳибкориаш бурдборӣ таманно доранду ба рӯзгораш осудаҳолӣ.

Сайдулло САФАРОВ,

 директори Маркази 

ташаккули тарзи 

ҳаёти солим

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода