Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Фавти писари ҳафтсола бар асари офати табиӣ


Фавти писари ҳафтсола бар асари офати табиӣ



Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар хабар як писари 7-солаи сокини ноҳияи Муъминобод зери сел монда ба ҳалокат расидааст.


"31 – уми моҳи марти соли 2023 тахминан соати 12:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ сокини 7-солаи деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо мақсади расонидани ғизо ба бародараш, ки дар кӯҳҳо чорвобонӣ мекард, зери сел монд ва ба ҳалокат расид", - менависад КҲФ Тоҷикистон.


Пас аз муддати кӯтоҳ ҷасади кӯдак аз ҷониби сокинон пайдо ва ба волидонаш супурда шудааст.


Барои таъмини бехатарии аҳолӣ аз офатҳои табиӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз падарону модарон хоҳиш кардааст, ки фарзандонашонро, эҳтиёт кунанд.


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода