Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ИМРӮЗ. НОМАИ МОДАР БА ДАСТИ АСКАРБАЧА...


ИМРӮЗ. НОМАИ МОДАР БА ДАСТИ АСКАРБАЧА...


Фарзанди азизам, Маҳмадназар! 


Тасмими ихтиёран ба аскарӣ рафтанат хеле хушҳолам намуд. Оре, комилан мутмаинам, ки ғуруру ҷавонмардӣ, нангу номуси ватандорӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ аз сифатҳои волои инсонианд, ки дар рагу пайванд ва ирси кӯлобибачае чун Маҳмадназар аз волидони накӯном туғён дорад ва ин шуҷоату фарзонагӣ, туро, бачаҷонам, ба қуллаҳои мақсуд мерасонад.

 

Дар ин рӯзи аввали даъват, ки ба гусели наваскарон роҳбарияти шаҳр ва аҳли зиёву маърифат ҷамъ омадаанд, нишонаи он аст, ки мо ба Шумо, ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлоии кишвар эътимоду боварии беандоза дорем ва айни ба мактаби мардонагиву шуҷоат сафарбар намуданатон ҳамагӣ даст ба дуо бардошта, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ, хушҳоливу фараҳмандии бардавом ва хизмати бошарафона таманно менамоем.


Маҳмадназари гиромӣ!


Имрӯз ҷавони қадрасу дидадарое шудаӣ, вале пеши назари ман ҳанӯз ҳам тифли кӯчаке ҳастӣ! Аз ин рӯ, модарона, аз Яздони пок таваллои онро мекунам, ки дар паноҳи исматаш туро нигаҳбон бошад, ҳар рӯзи адои хизматат пур аз шоистагиҳо гардаду аз артиш бароямон пайку навиди сипосу миннатдорӣ биёяд!


Худо ҳофиз, бахтиёру сарбаланд баъди адои хизмат тӯю тамошо ва хушбахтиҳои беканоратро орзу дорам!


Бо самимияти хоса, модарат Шарофат Худойдодова, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ!


ш. Кӯлоб, 1 апрели соли 2023


PS: Муаллима Шарофат Худойдодова модари аслии аскарбача нест. Қиссаи аҷоиб дорад. Шарофат Худойдодова нақл мекунанд: Бихонед!


Тахминан 15-16 сол қабл, рӯзе аснои аз кор ба хона баргаштан дар роҳи боғи Ғалабаи шаҳри Кӯлоб кӯдаки ҳамагӣ 1,5-2 солаеро дидам, ки гирён ба баландии сӯи боғ мерафт. Азбаски моҳии декабр буд, ҳаво хеле сард, кӯдак либосашро тар карда буд.  


Ӯро бо худ гирифта ба хона бурдам. Даррав дар печка алов карда либосашро хушкондем, хӯрок додему хобаш бурд. То бегаҳии ҳамон рӯз аз сокинони маҳаллаи Кӯҳдоман, Гулбоғ ва Ҳилоли Аҳмар ҳарчанд пурсидам, касе кӯдакашро гум накардаасту намекобад, посухи мусбате нагирифтам.  


Он замон телефони ҳамроҳ надоштам ва ба кӯчаи поён, ба хонаи хусурам омада аз телефони хонагӣ ба ТВ Кӯлоб занг задам, ки аз он сӯи гӯшӣ садои гиряву таваллои модараш ба гӯш расид. Суроғаи хонаро гуфтаму дарҳол марди ҳамсояашон омада кӯдакро бурд. 


Маълумам гашт, ки ин кӯдак писари Ҳотам Раҷаб Асозода, директори генералии Муҷтамаи Осорхонаҳои Кӯлоб будаасту он замон Асозода дар хориҷи кишвар дар сафари корӣ қарор доштааст.


Солҳо сипарӣ шуданд. Ҳар куҷо, ки Ҳотам Асозодаро медидам, “Бачаи ман чӣ хел?" - гуфта, пурсон мешудам. Мардуми ноогоҳ аз ин қисса бо тааҷҷуб ба мо менигаристанд, ки “бачаи ман” гуфтани ман, чӣ маънӣ дорад.


Маҳмадназар ҳам ҳама ҷо, ки маро медид, “очаҷон” гуфта, лутф менамуд.


Имрӯз Маҳмадназар ихтиёрӣ ба аскарӣ рафт ва ба дасташ номаи таманнои модаронаамро дода, гуселаш намудам.


"ХАТЛОН"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода