МАРКАЗИ АДЛИЯ БУНЁД МЕШАВАД
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Ҳуқуқу амният, Боздид 999
Дар маркази шаҳри Норак сохтмончиёни ҶДММ «Роҳи мурод» ба бунёди бинои панҷошёнаи идораи адлия оғоз намуданд.
Тавре мудири бахши меъморию шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шуҳрат Азимов иттилоъ дод, дар ошёнаи якум ва дуюми бинои сохташавандаи адлия САҲШ ва дар ошёнаи сеюму чорум идораи нотариалӣ ва меҳмонхона ҷудо карда мешаванд. Бояд гуфт, ки бо ифтитоҳи бинои нав сатҳи хизматрасонӣ ва фаъолияти идораҳои зикр-шуда боз ҳам беҳтар мегардад. Баъд аз бунёди маркази мазкур 25 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мешавад.
Сохтмони дигар иншооти ҷашнӣ дар қаламрави шаҳр идома дошта, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳанд шуд.
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04