Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » РАВШАНГАРИ ДИЛҲО


РАВШАНГАРИ ДИЛҲО


Шаҳри Норак бо сохтмонҳои азими саноатиаш - Неругоҳи барқии обии “Норак” ва “Бойғозӣ” ифтихор дорад. Чархаи якуми неругоҳ  15 ноябри соли 1972 ба кор даромад ва неруи   барқ истеҳсол намуд. Тавассути сохтмони неругоҳ  ва обанбори Норак муддати  60 сол аст, ки Норак номи шаҳрро ба худ гирифтааст. 

Нури истеҳсолкардаи неругоҳ на танҳо ҷумҳурӣ, балки хонадони ҷумҳуриҳои  Афғонистону Ӯзбекистонро равшан ва гарм мекунад. Норак бо неругоҳҳояш равшангару васлкунандаи дилҳо мебошад. Хонаҳои баландошёна, биноҳои маъмуриву фарҳангӣ, кӯчаҳои чароғону зебо, мағозаю нуқтаҳои хизматрасонӣ гувоҳи онанд, ки Норак як шаҳри ҳозиразамон гардидааст. Амали обод гардидани маркази шаҳру деҳот марому мақсади асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошад. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Норак 193 иншооти гуногуни ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Қисми зиёди иншоотҳо аз тарафи соҳибкорон  ва саховатмандон сохта, пешкаши сокинон гардонда шудаанд. Дар ин муддат 152 иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла биноҳои маъмурӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, варзишӣ, фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Сохтмони иншоотҳои боқимонда давом доранд Барои ободу зебо намудани маркази шаҳр, обод кардани гирду атрофи ташкилоту идора, маҳаллаи зист сокинону соҳибкорон хизмати хуб карда истодаанд. Таҷдид ва азнавсозии кӯли ҷавонон давом дорад ва ин мавзеъ баъди азнавсозӣ ҷойи истироҳату дамгирии сайёҳони дохиливу хориҷӣ мегардад. Боғи фарҳангии шаҳр ба таври замонавӣ азнавсозӣ шуд, ки оянда ҷойи тамошобоби сокинон мегардад. Соҳибкор Сафаралӣ Сафаров сохтмони бинои 5-ошёнаро давом дода, ба наздикӣ ба истифода дода мешавад. 2 корхонаи қуму шағал, бозори сохти замонавӣ дар рӯ ба рӯи заводи оҳану бетон, маркази саломатӣ дар маҳаллаи Лангар ба саноату ободонии шаҳр ҳусн зам менамоянд. Дар ин маврид аз тарафи соҳибкорон 90 иншооти гуногун ба маблағи 44,9 миллион сомонӣ ба истифода қарор дода шудааст. 

Шаҳри Норакро бе соҳаи кишоварзӣ  тасаввур кардан номумкин аст. Дар шаҳр 214 хоҷагии деҳқонӣ амал мекунанд, ки дар самтҳои боғу токпарварӣ, чорводорӣ, занбӯрпарварӣ ва моҳипарварӣ фаъолият доранд. Соли ҷорӣ ба маблағи 78 миллион сомонӣ  маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида, пешкаши истеъмолкунандагон гардонида шуд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонони шаҳри Норак майдони кишти картошкаро 40 фоиз, ғалладонагиҳоро 60  фоиз зиёд намуданд. Нисбати соли гузашта 35 гектар зиёдтар кишт гузаронида шудааст. Дар майдони 515 гектар шудгори тирамоҳӣ ва дар 355 гектар кишти  тирамоҳии ғалладонагиҳо ба анҷом расидааст. 

Дар доираи амалишавии “Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” дар ҷойҳои мувофиқ 52 гектар боғҳои куҳна аз нав барқарор карда шудаанд. 

Хоҷагидорони шаҳри Норак ба дастархони мардум 1640 тонна гӯшт, 1799 тонна шир, 23 тонна асал, 947 ҳазор дона тухм пешкаш карданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки сокинони шаҳр баробари инкишофи сохтмону саноат аз уҳдаи пеш бурдани корҳои хоҷагидорӣ  ба хубӣ низ мебароянд. 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба ҳамаи самтҳои пешрафти ҷомеа диққат медиҳад. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соҳаи тандурустии одамон, маориф, кор бо ҷавонон ва фарҳанг, кор бо занон ва оила ва дигар самтҳои муҳими ҷомеа дар шароити имрӯза  дар маркази диққат мебошад. Паёми Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ меҳнаткашони шаҳри Норакро низ водор месозад, ки дар ғанӣ гардонидани дастархони истеҳсоливу истеъмолӣ корро дар ҳамаи самтҳо беҳтару хубтар ба роҳ монем. Албатта, мо барои дар амал татбиқ шудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат  ҳамаи имкониятҳоро ба роҳ мемонем.

 

Асозода Дилшод Алимурод,

раиси шаҳри Норак 

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода