Рамзи таърихи тоҷикон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 553
Тахти Сангин аз мавзеъҳои таърихии Тоҷикистони Ҷанубӣ ба шумор рафта, дар наздикии ҳамроҳшавии ду дарёи бузург - Вахш ва Панҷ воқеъ гардидааст. Ёдгории Тахти Сангин ба асрҳои IV-и то мелод ва III мелодӣ тааллуқ дорад.
бузурги қаср бо дарозии 237 метр ва бари 165 метр қад афрохта будааст. Аксари таърихнигорон ақида доранд, ки ин мавзеъ ба хотири Худои рӯди Вахш-Охшо сохта шудааст. Дар баъзе сангҳо, ки вазни қисме аз онҳо 200 килограммро ташкил медиҳад, навиштаҷот бо ҳарфҳои юнонӣ вомехӯрад. Ин навиштаҷот исбот месозад, ки ҳунармандони бохтарӣ бо алифбои юнонӣ шиносоӣ доштаанд.
Дар миёни бозёфтҳои гуногун маснуотҳои заррин, нуқрагӣ ва аз гилу оҷ (устухони дандони фил) тайёршударо дидан мумкин аст, ки дар байни онҳо тасвири хурди Искандари Мақдунӣ мақоми махсусро дорост.
Зеро ин ҳайкалча аз оҷ сохта шуда, симои Искандарро дар образи нимхудою нимодам тасвир намудааст, ки ба санъати тамаддуни эллинӣ мувофиқ аст. Дар сари ӯ тоскулоҳи душоха аст, ки ба сари шер монанд буда, ифодагари шаъну шуҳрат ва фатҳу ғолибият мебошад. Шояд густариши чунин тасвирот будааст, ки гузаштагони мо Искандарро бо сифати Зулқарнайн (соҳиби ду шох) шинохтаанд.
Ҳамчунин, дар асоси маълумотҳои муаллифони қадим, ки академик Бобоҷон Ғафуров дар асари бунёдии хеш «Тоҷикон» асоснок месозад, Искандари Мақдунӣ зимистони соли 329/28 т.м-ро маҳз дар Бохтар гузаронида ва то соли 323 т.м, яъне то замони вафоташ дар ҳудуди имрӯзаи Суғду Бохтар 8-12 шаҳр бунёд намуда, ба ҳар яке Искандария ном ниҳода буд.
Дар асоси ҳамин далелҳои таърихӣ, шояд ёдгории таърихие, ки дар ҳудуди деҳаи Билисуфи Ҷамоати деҳоти «Себистон»-и (он вақт Макаев ном дошт) ноҳияи Данғара бо номи мазори Подшоҳ Зулқарнайни шохдори Валӣ маълум аст, маҳз мазори писари Искандару Рухшона бошад. Албатта, барои исботи ин ақида ҳафриёти бостонӣ зарур аст.
Бозёфти Хазинаи Амударё яке аз аҷибтарин ҳангомаҳост, ки аз рӯзҳои нахустини пайдоишаш то кунун боиси фарзияву тахмин ва андешарониҳои мухталиф гардидааст. Касе то ин дам аниқ намедонад, ки хазинаро аввал кӣ аз куҷо пайдо намудааст. Соли 1877 дар натиҷаи обхезии дарёи Ому ва шустани як қисми девори қалъа мардуми атроф ашёҳои гуногуни тиллову нуқрагӣ пайдо намуданд, ки баъдан онҳоро махфӣ ба тоҷирони самарқандӣ фурӯхтанд. Тоҷирон сафари Ҳиндустон доштанд ва дар ҳудуди Афғонистон роҳзанон дарафтоданд. Бо шарофати шуҷоату мардонагии афсари англис капитан Ф. Бартон муяссар шуд, ки 75% ҷавоҳирот баргардонида шавад ва моҳии тиллоии 24-сантиметраро ҳамчун арзи сипос туҳфа гирад. Баъдан, тоҷирон онҳоро ба шаҳри Равалпиндӣ (ҳоло дар Покистон) бурда, ба фурӯш мемонанд.
Қисми зиёди онҳоро полковники англис А. Каннингэм харидорӣ мекунад. Нигаҳбони фонди Осорхонаи Британия О. Фрэнкс низ як қисми ин хазинаро аз коллексионерҳо харидорӣ намуд. Баъдан ин шахсиятҳо ашёи ёдгориҳои ба Осорхонаи Британияи Кабир супориданд, ки ҳоло бо номҳои «Хазинаи Амударё» ва «Ганҷи Амударё» машҳур аст. Шумораи ин хазина 180 ашёи гуногун ва 1500 тангаро ташкил медиҳад.
Аз нигоҳи аксари муаррихон, чун М. М. Дяконов, Б. А. Литвинский ва И. Р. Пчикян маснуоти Хазинаи Амударё осори мансуб ба Тахти Сангин мебошад, ки бо сабабҳои номаълум каме поёнтар дарёфт шуда, ба яғмо рафтаанд.
Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шуда буд. Ин иқдом ба соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон имконият фароҳам овард, то дар ҳоли рушду нумӯъ қарор гирад. Соҳаи сайёҳӣ барои муаррифӣ намудани таърих, фарҳанги гуногунранги миллӣ дар арсаи сайёҳии байналмилалӣ имконият фароҳам месозад. Ҳамчунин, рушди сайёҳӣ боиси бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд шудани сатҳи зиндагии мардум, рушди соҳаҳои истеҳсоливу хизматрасониҳо ва дар ниҳояти кор муаррификунандаи таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва табиати биҳиштосои кишварамон маҳсуб меёбад.
Мутаассифона, бояд зикр намуд, ки ёдгории бузурги ниёгон Тахти Сангин то имрӯз дорои болопӯши муҳофизатӣ чун Саразми бостонӣ надорад ва чунин ҳолат раванди харобшавии ин ёдгории бузургро ба бор меоварад. Зеро раванди фаношавии он аз давраи тадқиқоти аввалин дар солҳои 20-уми асри ХХ то кунун хело ҳузнангез аст. Ҳамчунин, роҳи нақлиёт аз варзишгоҳи «Пахтакор» то ёдгорӣ дар ҳолати ногувор қарор дорад, ки ин имконияти сайёҳонро маҳдуд менамояд. Мушкилоти дигар дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир будани худи Тахти Сангин ба шумор меравад. Барои ба минтақаи сайёҳии оммавӣ табдил ёфтани ин ёдгорӣ шояд дахолат ва дастгирии махсуси Ҳукумати марказии кишвар низ аз аҳамият холӣ нест.
P.S. Идораи рӯзномаи «Хатлон» барои ҳамкории судманд изҳори сипос намуда, иттилоъ медиҳад, ки қабули маводҳо дар доираи озмунҳои «Абурайҳони Берунӣ - алломаи Маршриқзамин» ва «Тахти Сангин - рамзи таърихи пурғановати тоҷик» имрӯз ба анҷом расид.
Рустам Казаков,
номзади илмҳои таърих,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00