Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ОЯНДАИ МО ДУРАХШОН АСТ


ОЯНДАИ МО ДУРАХШОН АСТ


Ман ҳар як баромади Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шунида, аз он шод мешавам, ки чунин Сарвари оқилу доно, хирадманду ояндабин дорем. Ӯ дар баромадҳояш ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат карда мегӯяд: “Ватани худро дӯст доред, баҳри ободонии он содиқона хизмат кунед”. Ин суханон маънои онро дорад, ки ҳар фарди меҳанпарасти кишвар бояд баҳри рушди ватани азизамон саҳми хешро гузорад.

Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар мекунад, ки  ин амали нек ба пешрафту шукуфоии кишвар мусоидат менамояд. Дар шаҳру деҳот садҳо иморатҳои хуштарҳу зебои замонавӣ бунёд гардида, ба ҳусни диёр ҳусни тоза мебахшад. Сарвари давлат бештар ба пирони барҷомондаву ятимон ғамхорӣ зоҳир намуда, мегӯяд: “Ман шуморо хор шудан намемонам”. Онҳое, ки дар хонаҳои бачагон тарбият меёбанд, бо дилпурӣ ва болидарӯҳӣ мегӯянд: “Мо худро ятим ҳис намекунем, Сарвари давлат ғамхору мададгори мост».

Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ оид ба рушду тараққиёти босуръати ҳамаи соҳаҳо сухан ронда, таъкид намуд, ки барои пешравии   ҳамаи соҳаҳо имкониятҳо мавҷуданд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардуми сарбаланду меҳнатшиори ватанамон бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қуллаҳои нав ва дурахшони меҳнатиро фатҳ карда, дар қатори давлатҳои пешрафтаи олам ҷой гирифта, дараҷаи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум хубтару беҳтар мешавад.

 

Сайид Қурбонов, 

сокини ноҳияи Вахш

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода