Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Вохӯрӣ бо хатмкунандагони ДДК барои даъват ба сафи Артиши миллӣ


Вохӯрӣ бо хатмкунандагони ДДК барои даъват ба сафи Артиши миллӣ



Ҷиҳати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб бо хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба «Хатлон» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Дар вохӯрӣ Холиқзода Айниддин, муовини ректор оид ба таълим, Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Давлатзода Маснавӣ, комиссари комиссарияти ҳарбии шаҳри Кӯлоб, Маҳмудзода Рӯъё, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, Амиров Давлат, раиси Шӯрои собиқадорони шаҳри Кӯлоб, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои иқтисод ва идора, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ва факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ иштирок доштанд. 



Нахуст, муовини ректор Холиқзода Айниддинн суханронӣ намуда, гуфт, ки маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои миҳимӣ сиёсӣ мебошад. Нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар даъватҳои баҳорию тирамоҳӣ дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои кишвар пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро мешавад. Ҷавононе ҳастанд, ки бо хоҳиши худ ва амри виҷдон ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада ба хизмат мераванд. Дар қиёс нисбат ба солҳои пешин шароити хизмат дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст. 


Сипас, Давлатзода Маснавӣ, комиссари комиссарияти ҳарбии шаҳри Кӯлоб ва Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, аз ҷавонон даъват карданд, то дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Модар-Ватанро адо намоянд. 

Таъкид гардид, ки барои шахсоне, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, имтиёзҳои хеле зиёд ба роҳ монда шудаанд.

Дар қисмати охир донишҷӯён ибрози андеша намуда, гуфтанд, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд ва хизмати Модар-Ватанро адо менамоянд.


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода