ИФТИХОР ДОРЕМ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 878
Имрӯз пиру барно шукрона доранд, ки Тоҷикистони маҳбуб дар замони соҳибистиқлолӣ симои худро дигар карда, ба кишвари ободу зебо, сабзу хуррам ва дилкашу нозанин табдил ёфтааст.
Ҳамаи ин дигаргуниҳои дилпазир дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далелҳо ва мисолҳои ибратомӯз ифода ёфтааст. Тамоми соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф рушд ёфта, кадрҳои соҳибҳунар ва ба камолрасида дар рушду нумӯи кишвар саҳми сазовор мегузоранд.
Сарвари давлат боифтихор қайд кард, ки ҳар сол ҳазорҳо ҷавонони тоҷик донишкадаҳои ҷаҳонро хатм намуда, соҳиби илму ҳунар мешаванд ва бо азму иродаи нек ба ватан баргашта, софдилонаву содиқона меҳнат мекунанд.
Дар ҳақиқат, дар муҳлати кӯтоҳи таърихӣ, дар айёми соҳибистиқлолии кишвар рушд ёфта, садҳо корхонаҳои хурду бузург ба кор даромаданд, ҳазорҳо одамон соҳиби ҷойи кор шуда, дараҷаи зисту зиндагии худро беҳтар намуданд. Рушду нумӯи ҷомеа ба донишу маҳорат ва таҷрибаи кадрҳо вобаста аст.
Мактабу маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ рушд намуда, дар ҳудуди кишвар мактабу муассисаҳои зиёди томактабӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Аз ҳама муҳимаш, дар ин айём сифати таълиму тарбия беҳтар гашта, толибилмон дар озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявию вилоятӣ, шаҳ-риву ноҳиявӣ фаъолона иштирок карда, дониш, маҳорату истеъдоди худро баланд бардошта истодаанд. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо ташаббуси Сарвари давлат таъсис ёфтааст, аз пайваста баланд гардидани дараҷаи дониши хонандагон шаҳодат медиҳад.
Ин озмун имконият фароҳам овард, ки хонандагон ва, умуман, аҳли ҷомеа, рӯ ба китоб оварда, бештар адабиётҳои гуногун-асарҳои адибони гузаштаву имрӯзаи тоҷик ва адибони ҷаҳонро мутолиа намоянд.
Мо шукронаи ин давру замон ва Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекунем, ки имрӯз кишвари моро олмиён ҳамчун мамлакати фарҳангдӯсту таърихи ғанидошта мешиносанд.
Шобуддин Қодиров,
омӯзгор аз ноҳияи Данғара
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04