ШАРАФ МЕҲИСОБЕМ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 1 240
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ бештар ба иқдомҳои соҳибкорони ватанӣ, ки барои Тоҷикистони азиз кардаанд, диққати асосӣ дод. Вобаста ба ин қайд гардид, ки соҳибкорон ва шахсони саховатманд дар ободонии шаҳру ноҳияҳо, рушду иқтисодиёти кишвар бояд ҳиссагузор бошанд. Корхонаи саноатии “Хуаксин Ғаюр семент” дар иқтисодиёти кишвар саҳми худро мегузорад. Маҳсулоти хушсифати истеҳсолнамудаи корхона, ки семент мебошад, натанҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар берун аз марз, дар Афғонистону Ӯзбекистон низ харидорони худро пайдо намудааст. Давоми соли гузашта зиёда аз 300 ҳазор тонна сементи хушсифат пешкаши аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳои давлатӣ гардонида шудааст. Барои таъмин намудан бо ҷойи корӣ дар пойтахти ватанамон- шаҳри Душанбе-чанд корхонаи нави саноатӣ кушодем, ки ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯст. Чандин ҷойи корӣ муҳайё гардид, ки ин кумак ба сокинони ҷумҳурӣ мебошад.
Дар давоми мавҷудияти корхонаҳои сементбарорӣ дар ноҳияву вилояти Суғд ва корхонаҳои дигари саноатии дар шаҳри Душанбе сохташуда барои соҳаи маорифи кишвар дасти кумак расонданд. Мактабҳои сохти замонавиро дар ноҳияи Ёвон, шаҳри Душанбе сохта, ба ихтиёри маорифчиён додем. Ҳоло дар шаҳраки Ёвон 1 муассисаи томактабии хусусӣ сохта истодаем, ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба истифода супорида мешавад.
Мо-соҳибкорон тайёрем, ки барои халқу ватан бунёди иншоотҳои мондагори худ хизмат намоем ва ин амалҳои некро вазифаи ҷонии худ меҳисобем. Дар чунин як ватани амн ва бо пайравӣ ба дастуру ҳидоятҳои роҳбари ғамхори халқу миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнат карданро шараф медонам.
Акбар Ғуломов,
директори генералии
заводи сементбарории
«Хуаксин Ғаюр семент»
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04