Кӣ дар куҷо чанд сол хизмат мекунад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 576
Шаҳрвандони кадом кишвар чанд сол ва чӣ гуна хизмати ҳарбиро адо мекунанд?
Исроил. Мардон 3 ва занон 2 сол хизмат мекунанд. Барои занон аз ҷиҳати динӣ, вазъи оилавӣ ва заноне, ки аз 3 фарзанд зиёд дорад, маҳдудиятҳо мавҷуд аст.
Қазоқистон. Хизмати ҳарбии муҳлатнок барои мардони аз 18-27-сола 12 моҳ афсарони эҳтиётӣ барои аз 29-сола боло 24 моҳ, хизмати ҳарбӣ – шартномавӣ иҷозат аст.
Кореяи Шимолӣ. Дар қӯшунҳои хушкигард аз 5-12 сол, дар қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ 3-4 сол ва дар флоти баҳрӣ 5-10 сол ташкил медиҳад.
Шветсария. Хизмат дар Артиш барои ҷавонони 20-сола ба муҳлати 300 рӯз сурат мегирад. Аз соли 1996 хизмати алтернативӣ ҷорӣ гардидааст.
Финландия. Даъват ба Артиш аз 165 то 347 рӯз вобаста ба рутбаи ҳарбӣ давом мекунад.
Норвегия. Даъвати 19-моҳа мавҷуд аст. Аммо аз 6 то 12 моҳаш дар интизории холӣ шудани ҷой мегузарад.
Туркия. Хизмати ҳарбӣ ҳатмӣ буда, мардони аз 20 то 41-сола даъват карда мешаванд. Хизмати алтернативӣ вуҷуд надорад. Вале расман бо пардохт намудани 18 000 лири туркӣ ба давлат метавон аз хизмати ҳарбӣ озод шуд (нисфи маблағ-6000 лирро бояд дарҳол бояд пардохт кард).
Аморати Муттаҳида Араб. Ҳамаи мардони 18 то 30-сола бояд хизмати ҳарбиро адо намоянд. Хизмати алтернативӣ вуҷуд надорад.
Барои шаҳрвандони бе маълумоти миёна 3 сол ва боқимондаҳо 16 моҳ муҳлат муқаррар гардидааст.
Таиланд. Муҳлати хизмат бо роҳи қуръакашӣ ва лоторея интихоб карда мешавад.
Белорусия. Хизмат барои мардони 18-27-сола ҳатмӣ буда, барои шаҳрвандони маълумоти олидошта 12 моҳ ва барои дигарон 18 моҳро ташкил медиҳад.
Дар Дания, Исроил, Тайван, Юнон, Мянмар, Малайзия, Эритрия, Норвегия ва Шветсия занон низ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват мешаванд.
Таҳияи Толиб
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...