НОМАИ ҲИДОЯТ ВА РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ СОЗАНДА
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 11 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин, Боздид 943
Паёми Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин номаи ҳидоят ба унвони миллат ва ҷомеаи имрӯзаи мост, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба сӯйи музаффариятҳову нусратҳои азим роҳнамоӣ мекунад.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи хеш ба соҳаи афзалиятноки миллӣ, соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дастоварду мушкилоти ин соҳаро дар баромади хеш гуфта гузаштанд.
«Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем»,- ироа гардид дар Паём.
Бо пешниҳоди Роҳбари давлат аз ин пас ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон мусоидат хоҳад намуд.
Ҳадафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Имрӯз ҳар яки мо-омӯзгоронро мебояд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, ҷавононро дар рӯҳияи ватандустӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба сулҳу ваҳдати миллӣ тарбия намоем.
Рустам Шарипов,
сардори шуъбаи тарбияи
Донишкадаи технологӣ
ва менеҷменти инноватсионӣ
дар шаҳри Кӯлоб
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04