Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Бохтариён ҳангоми шикор


Бохтариён ҳангоми шикор



Тахти Сангин ё Дафинаи Амударё соли 1877 пайдо карда шуд. Соли 1928 дар надикии Тахти Қубод, дар харобае, ки Тахти Сангин ном дорад, бостоншинос Б. Дейнике нахустин ҳафриёт гузаронд.

Ӯ аз рӯи як миқдор сафолпораҳои бозёфтшуда синну соли Тахти Сангинро муайян намуд. 

Солҳои 1950 бостоншиноси дигар М. Дяконов ҳамин ҷо кор оғоз намуда, таърихи пайдоиши Тахти Сангинро аниқтар ва аҳамияти калони илмии онро барои таъриху бостоншиносон таъкид намуд. Соли 1956 роҳ барои бостоншиносон кушода гардида, дар куҳандизи Тахти Сангин А. Менделштам ба кофтукови бостоншиносӣ пардохта, маълум кард, ки Тахти Сангин ба эллинистӣ, пас аз истилои Юнону мақдуниён мансуб аст. 

Аз соли 1986 дар Тахти Сангин дастаи бостоншиносии Тахти Қубод таҳти роҳбарии И. Пичикян бо кор шурӯъ кард. Ҳангоми кофтуков як маъбади бузург ёфт шуд, ки дар миёнаи он толори мураббаи масоҳаташ 144 метр ва дар атрофи толор долонҳо ҷойгиранд.

Бинои маъбад асосан дар асри III-II то милод сохта шудааст, вале то асри II-и милод ба мардум хизмат кардааст. Сарфи назар аз ин қадимтарин осори Тахти Сангин ба асри 5 то милод мансубанд. Назари муътақидон аз садҳо сиккаҳои Юнону бохтарӣ, портӣ, ҳиндӣ ва кӯшонӣ зиёда аз 3000 пайкони биринҷӣ, ханҷарҳои таҳҷоии акинак, ғилоф, шамшерҳои юнонӣ ва ғайраҳо иборатанд. 

Дар байни бозёфти Тахти Сангин осори оҷӣ зиёд аст. Аз ҷумла, 20 рӯйбасти ғилофи шамшерҳои юнонии асрҳои 5-3 то милод ба даст омадаанд. Бозёфтҳои Тахти Сангин шаҳодати он аст, ки муҷассамаҳо амали ҳайкалтарошҳои таҳҷоист.

Дар байни осори санъати муҷассамасозӣ тасвири Искандари Мақдунӣ, ки аз оҷ тарошида шудааст, аҷоиб мебошад.

Дар Тахти Сангин девораҳои сандуқчае ёфт шуд. Қимати ин сандуқча дар он аст, ки дар девораҳои он манзараи шикор зарробӣ гардида, онро бостоншиносон “Бохтариён ҳангоми шикор” номиданд.

Ин зарробӣ яке аз санъати тасвирии давраи Кӯшониён аст. Умуман, дар Тахти Сангин бозёфтҳои зиёде ҳастанд, ки аз равобити байни бохтариён ва қабоили бодиянишинии даштҳои шимоли Осиёи Миёна - сакоиҳо ва скифҳо шаҳодат медиҳанд. 

Умуман, бозёфти Тахти Сангин давоми Дафинаи Амударё буда, аз диди таърихӣ ва фарҳангӣ дар бостоншиносии ҷаҳон беназир мебошад. Ин шаҳодат бар он аст, ки ниёгони мо роҳи дуру дарозро дар таърихи башар тай намудаанд.

Аҷнабиён ба ҳар васила истодагарӣ мекарданд, ки дар ин ҷойҳо шаҳру кушкҳо бино намуда, муқимӣ шаванд ва ба мардуми мо омезиш ёбанд. Маданияти қадимӣ ҳамаи инро паси сар намуда, инкишофу такомул ёфт, дар қарни асрҳо пойдор монд, ҳарчанд ки солҳо зери хок буд, рӯй заду худро нишон дод, ки мо гузаштаи равшан доштем.

Дар байни ганҷҳои Дафинаи Амударё як миқдор ашёи воридотӣ ҳам мавҷуд аст. Аммо қисми муҳими ин дафинаро маснуоти маҳаллӣ ташкил менамояд.

Осори санъатии аз Тахти Сангин ба даст овардашуда санъати Бохтарии қадимро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад.

Тасвири ҳайвонот ҷиҳати хоси ин санъат мебошад. Ҳайкалчаҳои гавазн, муҷассамаи нуқрагини буз дар вазъи ҷаҳиш, саҳнаи саворон ҳангоми шикори бузу харгӯш аз ҳамин қабиланд.

Бозёфтҳои пулӣ - тангаҳои тилло аз дафинаи Тахти Сангин ё худ халқҳои Осиёи Миёна аввалин бор бо пул ва муомилот ошноӣ пайдо намуданд.

Аз бозёфту сарчашмаҳо маълум мегардад, ки мардумони дар ин сарзамин иқоматдошта ба Эрону Бобул ва Миср робитаи савдоӣ доштанд. Аз ҳафриёти ба дастомадаи Тахти Сангин равшан мегардад, ки дар ин бозёфтҳо акси санъати Эрони Ғарбӣ ва Миср таҷассум ёфтааст.

Дар байни онҳо маснуоти давраи ҳахоманишинӣ низ мавҷуд аст, ки онҳоро пешравони юнонӣ дар резишгоҳи Нил, дар шаҳри Навкаратис сохтаанд. Аз маълумотҳои ба дастомадаи Тахти Сангин Дафинаи Амударё хулоса баровардан мумкин аст, ки халқҳои Осиёи Миёна дар аҳди Ҳахоманишӣ на фақат ба маданияти Эрониёни ғарбӣ, балки бо тамаддуни бостонии Бобул, Миср ва бо дигар кишварҳо алоқаи зич доштаанд.

Бозёфтҳои Тахти Сангин “Дафинаи Амударё” барои омӯзишу тадқиқи ақидаҳои динию зиндагии халқҳои қадимаи Осиёи Миёна аҳамияти калон дорад.

Хайруллои ҒИЁСЗОДА,
ноҳияи Дӯстӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода