Ширинсуханӣ мебояд, на дилозорӣ!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 541
«Сухани ширин морро аз хонааш берун баровардааст», мегӯяд мақоли мардумӣ.
Оре, хушсуханӣ дар ҳама давру замон ба касе зиён нарасонидааст ва боиси болидахотирӣ буд. Биёед, ба ҷомеаи имрӯза назар андозем. Бо таассуф бояд иқрор шуд, ки он ҳоло ҳам аз дағалию дилозорӣ ва қабеҳгӯиҳо орӣ нест. Кас сари роҳу бозор ва нақлиёти мусофирбар, кам бошад ҳам, бо тоифаҳои бефарҳанг рӯ ба рӯ меояд. Дар рӯзҳои муқаррарӣ аз шунидани лаҳни қабеҳу ноҳурматӣ ба калонсолон ва забоншиканиҳо намеранҷему гӯё ба онҳо “одат” ҳам кардаем.
Гоҳо чунин амалҳоро нодида мегузарем, гоҳи дигар фардҳои бефарҳангро насиҳат карда, сухани пасту баланд мешунавем ва баъзан аз тарси гапшунавӣ онҳоро насиҳат ҳам намекунем. “Бетарбия будааст,”-гӯён худро тасаллӣ медиҳем.
Аз тарафи дигар, ба шахсони бефарҳанг насиҳати калонсолон намефорад. Худо накунад, ки боз онҳоро дар ҳузури волидонашон ба роҳи росту хушгӯӣ ҳидоят намоӣ, дар бало мемонӣ.
Чунин падару модар мисли оташ даргирифта, аз гиребонат медоранд. “Ба фарзанди ман корат набошад. Фарзанди худата насиҳат кун!”- гуфтани онҳо мағзу устухонро месӯзонад. Ин гуфтаҳоро ба хотири он баҳси нохуше, ки чанде пеш дар нақлиёти ҷамъиятӣ (машрутка) байни ёрдамчӣ (пулчинак)-и ронанда (навраси 15-16-сола) ва ду мусофирзани тахминан 60-65 - сола ба вуқуъ пайвасту шоҳиди он будам, қаламдод кардам...
Дар курсии тарафи чап ду мусофирзан менишаст. Яке ба ёрдамчии ронанда даҳсомонаи миёнаш нашикастаро дароз намуд. Пулчин даҳсомонаро гирифта, ба ҷайбаш зад ва бепарвоёна қабзаи пулҳои дасташро рӯгардон карда, бо онҳо “бозӣ” менамуд. Мусофирзан интизори бақияпулӣ буд, аз таваққуфи бача ҳайрон мешуд. -Додари ҷон, дар истгоҳи навбатӣ мефароям, бақияи пуламро медодӣ, -бо як муомилаи хоси занона ба бача рӯ оварда гуфт мусофирзан.
-Апашка, ба ягон ҷо парида истодаӣ ё пулата мехӯрем? Тоқат надоранд ин пулнодидаҳо! - бо димоғи сӯхта ҷавоб дод ёрдамчии ронанда ва сомониҳои фарсудаи миёнашон бо скоч бастаро ба зан бақия дод.
-О,ин пулҳои фарсудаю миёнбастаю бо скотч дарбеҳшударо дар ҳеҷ куҷо қабул намекунанд, навтарашро ё ақаллан танга медодӣ, - бо ҳамон хушмуомилагӣ гуфт зан.
-Ҳозир наваша чоп карда медиҳам!-боз дағалӣ кард бача.
-Мебахшӣ додар, бо калонсолон хушсухан бош. Ту хизмати халқа мекунӣ, забоната тоза дор, хушмуомилагӣ дилро гарму нарм мекунад, - ба насиҳат гузашт зан.
-Ман дар мактаб то синфи чор хондагӣ, ин чизҳоро намедонам. Бо тарбияи падару модар то ҳамин ҷо расидам, - сақич хоида гуфт бача.
-Муомилаи хубро ёд гир, дар байни ҷомеа гашта, ҳамранги он бояд шуд. Ман ҳам дар даврони Шӯравӣ дар мағоза фурӯшанда шуда кор мекардам. Бо харидорон хушмуомила будам.
Ҳатто онҳо дағалӣ ҳам мекарданд, вале “Шумо ҳақ ҳастед”,-гӯён дасти пеши бару бо сари хам дилашона нарм мекардам.
-Апашка, лексияро бисёр хондӣ, «бозора» (даҳон дар назар аст) мепӯшидӣ, - ғур-ғур кард пулчинак.
-Апа, барои дупула кор ба бача часпида мондед-да! О, ин бача ҳоло кӯдак аст, аз ӯ чӣ мегирӣ. Барои рӯзгузаронии оила ба ин кор машғул аст. Рӯзе мерасад, ки ислоҳ мешавад. Бо ин гапҳои бача ягон ҷойи Шумо кам нашудааст, -ба баҳс ҳамроҳ шуд ронанда.
Зан якбора лаб зери дандон монда, хомӯширо афзалтар донист.
Шояд ӯ худ ба худ меандешид: “Бо чунин тарафгириҳои ронанда оё ёвари ӯ тарбия мегирифта бошад?”
“Бо моҳ шинӣ, моҳ шавӣ, бо дег шинӣ, сиёҳ шавӣ,”-гуфтаанд. Боз фармудаанд: “Ангур аз ангур ранг мегираду ҳамсоя аз ҳамсоя панд”, ба чеҳраи зани озордида нигариста аз дил гузаронидам ман...
С. АТТОР,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...