34 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ворид гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 447
Шумораи умумии муассисаҳои тандурустӣ дар вилоят 1779 адад, аз ҷумла 153 адад муассисаҳои сатҳи беморхонавӣ, 1202 адад муассисаҳои сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 259 адад муассисаҳои махсусгардонишуда ва 165 адад субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ мавҷуд аст, - иттилоъ дод Шайдулло Шарипов, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, дар нишасти хабарии ин ниҳод бо рӯзноманигорон.
Ҳамчунин, вобаста ба нишондоди фавти модару кӯдак гуфта шуд, ки соли 2022 дар ҳудуди вилоят 24 ҳолати фавти модар ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 4 ҳолат зиёд мебошад. Маврид ба зикр аст, ки дар доираи Барномаи “Ҳифзи солимии модару кӯдак ва ёрии таъҷилӣ”, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи “Сохтмон ва таҷҳизонидани беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Темурмалики вилояти Хатлон” бо ҷалби сармояи шарикони рушд тавассути Бонки олмонии барқарорсозӣ ва рушд татбиқ гардида истодааст. Маблағи умумии сармоягузорӣ барои азнавсозӣ ва васеъ намудани беморхонаҳои марказии се ноҳияи вилояти Хатлон 119,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, ба муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии вилоят аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022-ум 34 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ворид гардидааст.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...