Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ватандорӣ чунин бояд


Ватандорӣ чунин бояд



Диёри зебоманзари Кӯлоби бостонӣ чун устод Сайдалӣ Вализода, Сомеъ Одиназода, Ашӯр Сафар, Саидҷон Ҳакимзода мардони бофарҳангу ватанпарвари баномуси зиёде дорад, ки дар давоми зиндагӣ дар баробари сариштаи рӯзгору тарбияи фарзандон дар ҳаёти маданию маънавӣ ва обод гардонидани як гӯшаи Ватани маҳбуб ҳиссаи сазовор доранд.

Яке аз чунин шахсони соҳибмаърифату баобрӯ ва ҷоннисори диёр олими барҷастаи соҳаи биология ва боғу токпарварӣ Тилло Бобоев буданд, ки номи неку корҳои хуби баҷоовардаашон ҳамеша вирди забони мардум аст. Нақши дас-тони гулпарварашон дар ҳар хона, кӯчаю хиёбон, дар саросари кишвар бараъло ба чашм мерасанд.

Агар воқеъбинона назар афканем, гулу гиёҳ, арчаву санавбар ва боз садҳо намуд дарахти мавсимию ҳамешасабзи бо хуни дил парварда ба самар расонидаи Тилло Бобоевро қариб дар ҳар як хонадону кӯчабоғ, гузару деҳа ва шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Ховалинг, Балҷувон, Данғара ва маркази Тоҷикистони азизамон - шаҳри дилорои Душанбе дидан мумкин аст, ки ба зебогии диёри биҳиштосоямон ҳусни тозае зам мекунанд.

Кас ба чашми хирад заҳмату самараи кори ин марди шарифро дида, гоҳо дар ҳайрат мемонад, ки аз меҳнати пурсамари як нафар марди ватандӯст ин қадар ёдгориҳои азим, сарсабзии шаҳру деҳ ва диёр барҷо мондааст.

Ва ин ҳақиқат аст, ки Тилло Бобоев дар умри бобаракати хеш дар баробари фарзандони нек на садҳо ҳазор, балки миллионҳо бех гулу гулбутта, дарахтони ороишию ҳамешасабзро ба мардуми диёр тақдим карда, дар гулгашту хиёбон ва боғҳои Кӯлоби ба ҷон баробараш худ шинонидаю парвариш кардааст ва ё ба роҳбарию тавсияи он кас садҳо гӯшаи диёр сарзабзу хуррам гардонида шудааст. 

Вақте кас ҳамроҳи фарзанди барумандашон Мариё Бобоев дар боғи ботаникии дар саргаҳи шаҳри Кӯлоб обод кардаашон қадам зада, ба чашми худ муъҷизаофарии дастони гулпарвари Тилло Бобоев, фарзандону кормандони боғро дида, аз тамошои манзараҳои дилфиребу мафтункунандаи ин гӯшаи биҳиштосои табиат ҳузуру ҳаловат мебарад, ба қудрату тавоноии инсони ватандӯсту муъҷизаофар таҳсину офарин мехонад.

Воқеан, ин гӯшаи биҳиштосои диёр як вақтҳо талу теппаи хасу хордоре буд, ки танҳо як-ду моҳи баҳор сабз менамуду айёми тобистону тирамоҳ аз гармои тафсону беобӣ саросар зарду хазон буд.

Мариё Бобоев, ки имрӯз айни камолоти ҷавонмардиро соҳиб аст, саросари умри хешро дар ҳамин боғ ҳамроҳи падари бузургвораш гузаронида, дар баробари таълиму илмомӯзӣ ҳама вақт дар корҳои ниҳолшинониву гулпарварӣ ва обод гардонидани 18 гектар боғи саросар обод аз падар касбу ҳунар ва донишу малака омӯхта, имрӯз ӯ низ чун пири кор соҳиби илму маърифат гардидааст.

Ҷавонмард зиндагию ҳаёти худро бе гулбоғи ободкардаи падар тасаввур карда наметавонад. Зиндагии аҳли оила, шаҷараи авлодии онҳо ба корҳои ободонии гулбоғ вобаста аст. Воқеан, маҳз ба ҳамин заҳмату бурдбории бисёрсола ва дар асоси илм пеш бурдани кор буд, ки ин талу теппаҳои бедарахт ба гулбоғ табдил дода шуданд ва ҳар як сокини диёр Кӯлобро маҳз бо ҳамин гулбоғу хиёбонҳои хурраму сарсабз ва мардони баору номусу гулпавараш мешиносанд.

- Ободии 18 гектар боғи сарзабз ва парваридани садҳо ҳазор ниҳолу гулбуттаҳои нодир бо сарварию маслиҳат ва дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, - ба ёд меорад олими намоёни тоҷик, доктори илмҳои биологӣ Мариё Бобоев ва суханашро шарҳ медиҳад: 

- Ҷаноби Олӣ солҳои 1998, 2003 ва 2006, яъне дар ҳар сафари кориашон ба Кӯлоб - ба Гулбоғ омада, дас-туру супоришҳо медоданд ва маълум, ки баҳри ободии боғ ёрию мададашонро дареғ намедоштанд. Бе ёрии ин марди шариф мустаҳкам кардани атрофи 18 гектар боғ бо девор ва парвариши ин миқдор дарахту ниҳолу гулу гиёҳ магар кори осон аст? Дар аввали кор Пешвои миллат 178 ҳазор сомонӣ ёрӣ расонида, дар кори обтаъминкунӣ низ, мададу ёриашон беандоза аст. Воқеан, арчаи соли 1998 ба дасти худ дар ин боғ шинонидаи Ҷаноби Олӣ дарахти боазамати хушқаду бар шудааст.

Ҳамин тариқ, ба ин боғ мардони шарафманд - бобои Миралӣ Маҳмадалӣ, собиқ сарвазири Тоҷикистон Яҳё Азимов, академик Раҳим Масов, Ғайбулло Афзалов ва дигарон ташриф оварда, дар гӯшаи боғ беш аз сад нафар шахсони табаррук дар солҳои гуногун ниҳоли дарахт шинонидаанд, ки чун ёдгорӣ боғро зебу оро медиҳанд.

Саршавии корҳои ободонии Гулбоғи Кӯлоб соли 1985 оғоз ёфта, ҳоло дар ин ҷо қариб 30 нафар коргарону олимон ба кор машғуланд ва ҳар сол аз ин ҷо ба хоҷагию деҳу шаҳрҳои вилоят қариб 15-20 ҳазор адад ниҳолу гулу гиёҳ фиристода мешавад.

- Мо, - мегӯяд Мариё Бобоев, - бо олимони шаҳрҳои Тошкенту Ашқобод, Бишкек, Минск ва ҳатто Новосибирс-ку Боғи ботаники Эдинбурги шоҳигарии Шотландия робитаи илмӣ дошта, аз он ҷойҳо тухми гулу гиёҳу дарахт оварда, ин ҷо кишт мегузаронем. Ҳоло дар Гулбоғ беш аз 2 300 намуд дарахту гулу гиёҳ мавҷуд аст, ки намояндаи дилхоҳ мулку давлат метавонад аз ин рустаниҳо ба диёри худ бибарад, ҳавлию гузару кӯча, боғи шаҳри хешро сарсабзу хуррам гардонад.

Аз баракати обу ободонии боғ дар саргаҳу атрофи он дар давоми 35 сол беш аз 100 хоҷагӣ хонаву ҳавлӣ обод карда, дар ин гӯшаи зебоманзари диёр зиндагии хушбахтона доранд.

Мариё Бобоев аз комёбиҳо ҳарф зада, ба ёд меорад, ки кӯдакию ҷавонии падари бузургвораш дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва баъди он ниҳоят сахту мушкил гузаштааст ва падар баҳри дар-ёфти ризқу рӯзӣ чӣ мушкилиҳоро паси сар кардаанд.

Шояд ҳамон мушкилиҳо сабаб гардиданду Тилло Бобоев аз паси омӯзиши илм шуда, то дараҷаи дотсентию олими соҳа расидааст.

Мариё Бобоев низ дар асоси насиҳати падар баъди хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва як сол дар боғ кор кардан, аспиранти Институти ботаникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди се сол таҳти роҳбарии доктори илмҳои биологӣ Ҳикмат Ҳисориев рисолаи номзадиашро таҳти унвони «Алгофлораи ҳавзаи дарёи Қизилсу (Сурхоб)» дифоъ карда, боиси сарфарозии падар мегардад. Ва бубинед, ки Мариё рисолаи номзадии хешро дар солҳои пурошӯбу бесару сомонии ҷумҳурӣ дар шаҳри Новосибирски Россия бо забони русӣ ҳимоя мекунад. 

Ин олими ҷавону ҷавонмарди зери сарварии падари олимаш тарбия ва таълимгирифта, баъди 9 соли дигар дар мавзуи «Алгофлораи рӯдҳо ва обанборҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя карда, аз Россия бо сари баланд ба зодгоҳаш-Кӯлоби бостонӣ, ба Гулбоғи Тилло Бобоев бармегардад.

- Пеш аз ҳама, - мегӯяд Мариё Бобоев - ман аз падари бузургвор, баъд аз муаллимон Саидҷон Ҳафизов, Ҷумъахон Баротов, академик Ҳикмат Ҳисориев, сарвари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, олими рус Науменко Юрий, Черёмушкина Вера ва бисёри дигарон миннатдор хоҳам монд, зеро бе ёрию раҳнамоии онҳо ба чунин комёбӣ муваффақ шуда наметавонистам.

Дар гармхонаҳо ва замини дохилии атрофии боғ, - шарҳ медиҳад олим Мариё Бобоев, - ҳар сол мо кишти тухми гулу гиёҳҳои дар «Китоби Сурх» додашударо бо навъҳояшон кишт карда, кӯшиш менамоем, ки адади ин гулҳои нодир ва рустаниҳои шифобахш ҳарчибештар гарданд ва дар баробари ба мардуми диёр манфиат овардан, гӯшаҳои биҳиштосои Ватани маҳбубро зебу оро диҳанд.

Вақти аз дарвозаи Гулбоғ баромадан, чашми кас ба арчаҳои азамати қад-қади роҳ меафтад, ки сӣ сол пеш аз ин шинонида парвариш карда шудаанд ва он тарафтар ниҳолакони чун арӯс зебои навакак шинонидаро дида, дил мехоҳад ҳарчи вақти бештар дошта бошию аз тамошои гулу гиёҳҳои наврустаю бороварда лаззат бубарӣ.

Сайид Раҳмон,
нависанда

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода