АЗ БЕШАРАФӢ ТО БЕНОМУСӢ
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 04 феврал, Бахш: Матлабҳои охирин / Сиёсат, Боздид 1 071
Филми “Хиёнат”, қисми 7, ки тариқи телевизони Тоҷикистон намоиш дода шуд, фисқу фуҷури назҳати исломиро нақл менамояд.
Филми “Бешарафӣ” аз бенангию беномусии падару писар мулло Қаландар ва Муҳаммадиқболи Сад-риддин бозгӯй аст, ки ин фоҷиаи миллат мебошад. Ин бешарафӣ маҳз бо дастони ҳардуи наҳзатӣ поягузорӣ шудааст. Падар-Қаландари Садриддин (мулло Қаландар) дар ҷавонӣ соли 1985 бо гуноҳи дастдарозӣ бо ҳайвонҳо ба маҳкама кашида шуда, ҳукми судӣ гирифт. Ин амал барои ӯ дарси ибрат нагардид ва писар Муҳаммадиқболи Садриддин бо дасти падар дар синни 12-13- солагӣ дар Афғонистон нангу номусашро фурӯхта, бешарафу беномус гардид. Наҳзатиён, ки Тоҷикистонро ба хоку хун оғушта буданд, худ ҷои амн кофта, ба Афғонистон паноҳ бурданд.
Мулло Қаландар соли 2019 дар ғарибӣ-дар Полша вафот кард. Аз ин бадтар фоҷиаи нангине нест. Муҳаммадиқболи Садриддин, бо роҳи фиребу муфтхӯрӣ ба ҳамсояҳо зарари зиёди моддӣ ба миқдори 400 ҳазор доллари амрикоӣ расонид. Ин шахси тинаташ пур аз ифлосӣ исломро ба доми тазвир табдил дода, имрӯз дар хориҷи кишвар бо кадом корҳои номатлуб машғул аст, худаш медонаду Худо. Ҷабрдидаҳо Э. Холов, Н. Кабутов, О. Қаюмов маблағҳои ҷамъкардаашонро бо ду дасти адаб ба қаллоб Муҳаммадиқболи Садриддин бароварда додаанд ва имрӯз бо умеди онанд, ки ӯ қарзро кай бармегардонад. Дар навор хонаҳои боҳашамати мулло Қаландар дар шаҳри Бохтар нишон дода мешаванд. Ин хонаҳо аз маблағи лавотабозӣ ё аз маблағҳои фиреби ҳамсояҳо харида шуда бошанд?!
Ҳизби террористӣ-экстремистии ислом, ки фаъолияташ моҳи сентябри соли 2015, бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст, дар ноором кардани ҷумҳурӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта нақши асосӣ дорад. Монанди мулло Қаландар, Муҳаммадиқболи Садриддин садҳои дигар дар ноором кардани ватани азиз ба бешарафию беномусӣ роҳ додаанд. Таърих имрӯз кору амали ноҷавонмардонаи онҳоро рӯи об мебарорад.
Олуфтамоҳи Латиф,
донишҷӯи соли дуюми Академияи милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
www.youtube.com
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
4-02-2021, 00:39