Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дар бораи баҳрҳо чӣ медонед?


Дар бораи баҳрҳо чӣ медонед?



Дар ҷаҳон 63 баҳру 5 уқёнус мавҷуд аст. Баҳри тозатарин Уэдделла буда, дар соҳилҳои Антарктида ҷойгир аст. Рӯзномаи “Хатлон” маълумотҳои ҷолибро дар бораи баҳрҳо пешниҳоди Шумо менамояд.

Чуқуртарин баҳр Филиппин аст, ки чуқурии максималии он 10266 метрро ташкил медиҳад.

Баҳри пасттарин баҳри Азов мебошад, чуқурии он аз 13,5 метр зиёд нест.

Баҳри Саргассово бузургтарин баҳр аз ҷиҳати масоҳат асту дар байни уқёнусҳо ҷойгир мебошад. Баҳри хурдтарин баҳри Мармар мебошад.

Баҳри гармтарин Сурх аст,  ки ба он ягон дарё намерезад. 

Сардтарин баҳр Сибири Шарқӣ мебошад.

Оби баҳрҳо ба дараҷае намаки бисёр доранд, ки агар онҳоро коркард кунем, сайёраи заминро метавонад ба чанд қабат намак пӯшонад. 

Мавҷҳои баҳрӣ баландтаринаш ба 40 метр мерасад.

Баҳри Миёназамин аз ҳама зиёдтар бо давлатҳо мегузарад.

Дар қаъри баҳрҳо гейзерҳои ҷӯшон мавҷуд аст, ки оби баҳрро  то ба 300-400 дараҷа селсия меҷӯшонад. Ҳарорати миёнаи оби уқёнус +35 дараҷа селсияро ташкил медиҳад.

Аввалин нишонаҳои ҳаёт дар баҳр пайдо шудааст ва 99% ҳаёти рӯи замин дар баҳру уқёнус ҷойгир аст.

Наҳанги кабуд бузургтарин ҷонвари сайёра аст, дили вай ба андозаи як мошин аст.

Яхи баҳриро агар об кунед, пас онро нӯшидан мумкин аст, танҳо он камтар шур аст.

Баҳрҳо ва уқёнусҳо 71% сатҳи замин ва 99% захираҳои оби сайёраро дар бар мегиранд.

Дарозтарин қаторкӯҳҳои замин дар зери об аст. Ин қаторкӯҳҳои Миёнаи уқёнуси Ором мебошад, ки дарозиаш 50 ҳазор километр буда, тамоми сайёраро иҳота намудааст.

Дар оби баҳр тақрибан 20 миллион тонна тиллои ҳалшуда мавҷуд аст.

75%-и шаҳрҳои калонтарини ҷаҳон дар канори баҳр ҷойгиранд.

80%-и аҳоли кураи Замин дар масофаи бештар аз 100 километр дуртар аз соҳили баҳр ё уқёнус зиндагӣ мекунанд.

Мавқеи ҷойгиршавии ҳозираи баҳри Миёназамин биёбону хушкӣ буд, вале бинобар сабаби баланд шудани сатҳи оби уқёнусҳо, оби уқёнуси Атлантика тавассути резишгоҳи Гибралтар ба ин баҳр ҷорӣ шуд.

Бузургтарин гирдобҳои доими Скилла, Чарибдис ва Маэлтстрем мебошад.

Оби баҳрҳои Шимолӣ ва Балтика бинобар сабаби зичии гуногун доштанашон ба ҳам омехта намешаванд.

Сатҳи Миррих назар ба қаъри уқёнусҳо ва баҳрҳо бештар омӯхта шудааст.

Дар зери қитъаи Осиё уқёнуси зеризаминӣ мавҷуд аст. Дар қаъри баҳрҳо дарёҳо низ ҷорианд. Онҳо аз обҳои қабатӣ таркиб ёфта, бо обҳои баҳрӣ якҷоя намешаванд.

Таҳияи Толиб

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода