З. Саидбеков: «Ихтироъкорӣ орзуи кӯдакиам буд»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 615
Боиси сарфарозист, ки чанд соли охир дар ҷумуҳуриамон бо саҳми мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” доир мегарданд, ки дар он иштирокчиён ҳунару маҳорати худро нишон дода, бо ҷоизаҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Яке аз ин озмунҳои сайқалдиҳандаи ҳунару малака ва дониши ҷавонон ин озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” мебошад, ки барои ихтироъкорону навоварон роҳест барои фатҳи қуллаҳои баланди илм. Қаҳрамони имрӯзаи мо магистранти Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Зикрулло Саидбеков низ яке аз ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” мебошад. Ӯ дар номинатсияи ихтироъкориву навоварӣ ҷойи сеюмро ишғол кардааст.
Инак, муҳтавои суҳбати худро бо ў манзури хонанда мегардонем.

-Лоиҳаи пешниҳоднамудаи Шумо дар кадом самт истифода мешавад?
-Лоиҳаи пешниҳоднамудаи ман «Кашфи системаи ангезиши бисёрфазаи тристорӣ барои генераторҳои синхронӣ» мебошад, ки барои танзими неругоҳҳои барқи обӣ истифода бурда мешавад. Чун дар неругоҳҳои барқии обӣ вазифаи асосиро системаи ангезиш мебозад, генераторҳо энергияи барқӣ истеҳсол карда наметавонанд, аз ин рӯ, нерӯи барқ зиёд истифода ва истеъмол карда мешавад.
-Лоиҳаи худро дар куҷо мавриди санҷиш қарор додед ва он чӣ натиҷа дод?
-Лоиҳаро дар Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» мавриди санҷиш қарор додем. Баъди сохтани модели рақамии махсуси системаи ангезиш, дар муқоиса бо системаи ангезиши сефазае, ки маъмулианд, истифода бурда мешавад.
Дар неругоҳҳои барқи обии тавоноиашон хурд, ҳангоми кандашавии яке аз фазаҳои зерангезанда, аз кор мондани тристорҳо, набзиши шиддате, ки ба ғалтаки ангезиши генераторҳо дода мешавад, аз миқдори муайяншуда зиëд аст ва аз ҳудуди муайяншуда берун мебарояд. Натиҷае, ки мо баъд аз сохтану таҳқиқот ба даст овардем, набзи шиддати ангезиши на зиëда аз 4% дар муқоиса ба системаи ангезиши сефазае, ки набзи шиддати ангезишаш 33.5%-ро дар бар мегирад, мебошад, ки системаи ангезиши пешниҳоднамудаи мо набзиши шиддати ангезишиашро 29.5% кам карда, то ба 4% мерасонад.
-Идеяи сохтани ин лоиҳа аз куҷо ба вуҷуд омад?
-Идеяи сохтани ин лоиҳа асос дар фикри худам буд. Чун аз кӯдакӣ орзуи навовару ихтироъкор шуданро доштам, хостам навоварие ба вуҷуд орам. Ин идеяро дар курсҳои аввали донишҷӯ будан дар нақша доштам. Ҳангоме ки ҳама паҳлуҳои ин мавзуъро омӯхтам, хоҳиши ба амал баровардани он дар сарам авҷ гирифт. Ин буд, ки ба сохтани он машғул шудам. Дар вақти таҷрибаомӯзӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ мушоҳида мекардам, ки гармшавии аз ҳад зиëди нимноқилҳо, тристорҳо ва таҳқиқи нерӯгоҳҳои барқи обии хурд ба ман чунин натиҷаҳоро дод, ки аксар вақт бинобар сабаби кандашавии яке аз фазаҳо ë аз кор мондани тристорҳо, раванди истеҳсоли энергияи электрикӣ дар гидрогенераторҳо хуб ба роҳ монда нашудааст. Барои ин мушкилиро аз байн бурдан, аз ҳамон вақт идеяи сохтани системаи эътимодноки ангезишӣ дар ман пайдо шуд ва аз ҳамон замон ба амалишавии он шурӯъ кардам.
-Барои сохтани ин лоиҳа кӣ ба Шумо сармоягузорӣ кард?
-Барои сохтани ин лоиҳа раёсати Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон кӯмак кард. То ҳол сармоягузор барои лоиҳаи худ наëфтаем.
-Чаро дар даври ҷумҳуриявӣ ҷои аввалро ишғол накардед?
-Ман патент надоштам, барои ҳамин ҷойи сеюмро ишғол намудам. Рақибони ман ҳатто дутогӣ патент доштанд.
-Ба андешаи Шумо, оё озмун шаффоф гузашт?
- Ба ақидаи мо, озмун хело шаффоф ва дар сатҳи олӣ гузашт. Ман аз иштирок дар ин озмун таассуроти хуб бардоштам, миннатдории хешро ба ташкилкунандагони он мерасонам.
- Барои гирифтани патент чӣ монеа буд?
-Сабаби сари вақт нагирифтани патент анализ ë таҳлили ҳамин мушкилиро бартараф кардан буд, ки вақти зиёдро талаб мекард. Мо дар вақти таҳлили системаи ҷаҳонӣ, ки дар он ҷо ихтироъҳои дигар олимони ҷаҳонро корид кардам, аз назар гузаронидем ва кори хешро пешниҳод намуда истодаем. Аммо мо пешниҳодро ба Маркази иттилоотии патентӣ пешниҳод намудем ва ҷавоби мусбати коршиносонро айни замон дастрас намудем. Дар ҳамин моҳ дорои патент хоҳем шуд.
Шаҳодат ХОЛОВА,
барои рӯзномаи «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...