Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ПАРВАРИШИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ


ПАРВАРИШИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ


Картошка яке аз зироатҳои асосии ғизо барои инсон ба шумор меравад. Мувофиқи маълумотҳои Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ аз ҳисоби ҳаҷми умумии истеҳсол картошка дар дунё ҷои сеюмро, баъди гандум ва шолӣ, ишғол менамояд.  Ин зироат ҳар сол дар дунё дар майдони бештар аз 20 млн гектар кишт гашта, аз он бештар аз 300 млн тонна ҳосил ба даст оварда мешавад. Яке аз хусусиятҳои хуби картошка дар он зоҳир мегардад, ки сафедаҳои он дар организм ба осонӣ ҳазм гашта, ба сафедаи шир хеле шабоҳат доранд. Картошка ҳамчун хӯроки серғизои одамон, ҳайвонот ва ашёи хом дар саноати сабук ба кор меравад.

Моддаҳои асосии картошка карбогидратҳо мебошанд, ки ба намуди оҳар (крахмал) захира мешаванд. Моддаҳои хушк дар лӯндаҳо вобаста аз навъҳои картошка 17-30 фоизро ташкил менамоянд. Аз витаминҳо дар лӯндаҳо бештар витамини А, С, В1, В2, РР мавҷуд аст. 1 кг картошка метавонад то 830 ккал энергия ҷудо намояд. Бо назардошти ҷудо намудани калорияи бисёр ҳангоми истеъмол, миқдори зиёди карбогидратҳо (оҳар), витаминҳо ва калию клечатка ҳангоми тайёр намудани зиёда аз 200 намуди хӯрокиҳо онро «Нони дуюм» мегӯянд, ки бараъло дуруст аст.

Дар вилояти Хатлон картошка дар се давра кишт карда, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд: барвақтӣ, дар кишти асосӣ ё баҳорӣ ва кишти тобистона (такрорӣ). Сол аз сол кишти ин зироат дар қаламрави вилоят зиёд гардида истодааст. Масалан, агар соли 2018 дар тамоми бахшҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияҳои вилоят майдони картошка ба 12270 гектар баробар бошад, дар соли 2020 бо назардошти 40 фоиз зиёд намудани майдони картошка дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 18095 га расида буд, ки назар ба соли 2018 5825 га ё 47,4% зиёд мебошад. Дар асоси таъкиду муроҷиатҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои захираи дусолаи маводи ғизоӣ таваҷҷуҳи аҳолии вилоят ба парвариши зироатҳои кишоварзӣ, бахусус картошка ниҳоят зиёд шудааст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии вилоят дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои президентӣ барои таъмини худ ва барои ба фурӯш баровардан ба парвариши картошкаи барвақтӣ машғул мебошанд. 

Тадқиқотҳои коршиносони зиёд тасдиқ менамоянд, ки теъдоди асосии аҳолии деҳот ҳангоми парвариши картошка бо назардошти вазъи иқтисодӣ аз техникаи кишоварзӣ ва тухмиҳои босифат кам истифода мебаранд. Ҳарчанд, ки имрӯз масъалаи техника (тракторҳои шудгоркунанда ва коркарди байни қаторҳо) ва олотҳои кишоварзӣ (картошкашинонаку картошкаканак) ҳалли худро ёфтааст. Инчунин,    дар кишти барвақтии картошка дар моҳҳои декабр-феврал аз тухмии стандартӣ истифода набурда, тухмиро бурида мешинонанд, ки мушкилотро ҳангоми сардӣ пеш меоварад. Иловатан амалиёти технологии заҳролудкунии тухмиро иҷро наменамоянд, ки ин боиси пайдо шудани касалиҳои занбурӯғӣ ва нестшавӣ аз ҳисоби ҳашароту кирмҳои гуногун мегардад.

Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳо кишти барвақтии картошка бо маром идома дорад. Нақша барои имсол дар вилоят тибқи дурнамо дар бахши ҷамъиятию хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 4328 гектар баробар аст.  Нақша ба андозаи 48 фоиз иҷро гардидааст ва моро зарур аст, ки корро дар ин самт рушд бахшем.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шаҳрвандони гиромӣ ба амалиётҳои зерини технологии парвариши картошка бояд аҳамияти махсус диҳанд:

1.Интихоби тухмӣ. Андозаи тухмии стандартӣ барои кишт аз 30 то 60 грамм бояд бошад. Ҳатман бо доруворӣ заҳролуд кардан зарур аст. Дар ин кор доруҳои зерин тавсия мешаванд: Максим, Престиж, Матадор, Армада ва Табу бо меъёри 0,9л барои 1 тонна маҳсулот. Дар кишти барвақтӣ тухмӣ-лӯндаҳои картошка бурида нашавад.  Таҷриба ва сафарҳои корӣ нишон доданд, ки бисёрии хоҷагиҳои деҳқонӣ аз тухмиҳои ғайристандартии ҳаҷмашон калон истифода мебаранд, онҳоро якчанд қисм намуда мешинонанд. Ҳангоме, ки аз препаратҳои пешниҳодшуда истифода набаранд, ҳатман аз хокистар истифода бурдан зарур аст;

1. Чуқурии шинондани лӯнда. Тухмии картошка дар кишти барвақтӣ дар чуқурии 8-10 см бояд шинонда шавад, ба хотири ҳифзи тухмӣ аз сардиҳои моҳҳои январу феврал. Агар то ба замин гузаронидани он, каме бошад ҳам, сабзонда шаванд, боз беҳтар аст. Сабзонидани лӯндаҳои картошка ва муҳити мусоид ҳангоми шинондани лӯндаи картошка боиси нешзании саривақтӣ, рушду афзоиши мувофиқи картошка назар ба алафҳои бегона мегардад.

2. Истифодаи пору. Вобаста аз имкониятҳо ҳангоми шинондани тухмии картошка ҳатман пору дар ду маврид истифода бурда шавад беҳтар аст: дар даруни ҷӯяк бо лӯндаи картошка ва дар болои ҷуякҳо.  Пору лӯндаҳои картошкаро аз сардиҳо эъмин медорад ва инчунин чун ғизо истифода мешавад.

3. Истифодаи нурӣ. Картошкаи барвақтӣ ба нуриандозӣ эҳтиёҷ дошта, сифати  ҳосил низ аз меъёри ғизодиҳӣ вобастагии калон дорад. Қисми асосии нуриҳо (органикиву минералӣ) пеш аз шудгори тирамоҳӣ ва боқимонда нурӣ (минералӣ) дар вақти ғизодиҳии якуму дуюм дода мешавад.

4. Обмонии майдони картошка. Картошка ба намнокии қабати хок ва обдиҳии саривақтӣ эҳтиёҷи калон дорад. Дар шароити водӣ дар вақти гулкунӣ ва лӯндапартоӣ талаби ин зироат ба намӣ зиёд мегардад. Ба картошказори барвақтӣ, вобаста аз намуду қобилияти намнигоҳдории хок, бояд то давраи шонабандии ниҳолҳо як-ду маротиба оби сабук дода шавад. Ба картошказор бояд баъди ҳар 5-7 рӯз як маротиба об дода шавад. Дар маҷмӯъ, ба картошказори барвақтӣ 4-6 маротиба об дода мешавад. Сарфи об дар ҳар обдиҳӣ дар 1 га бояд 500-600 метри кубиро ташкил диҳад.   

Роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шаҳрвандон аз тавсияҳои болозикр истифода намуда, дар муҳлатҳои оптималӣ кишти картошкаи барвақтиро анҷом дода, барои ҳосили дилхоҳ дар моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ бояд заминаи боэътимод гузошт.

 

Салимзода Амонулло, 

профессор, узви вобастаи АИКТ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода