Машъалафрӯзи роҳи эҷод
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 387
Аслан зиндагӣ чун мавҷҳои дарё инсонро гоҳ ба қаъри худ мефарораду гоҳ ба боло мебарад. Ин ҳама муаммоҳо инсонро комилу қавӣ менамояд. Дар рӯзгор инсонҳое ҳастанд, ки аз ҳаёт дарси ибрат омӯхта, ҳамеша накӯӣ карданро вазифаи худ медонанду баҳри саодати мардум талош меварзанд.
Беш аз даҳ сол мешавад, ки устод Саттор Қарахоновро ҳамчун шахси меҳнатдӯст ва дастгиру пуштибони насли ҷавони эҷодкор мешиносаму хушбахтона, бо ӯ дар як идора фаъолият дорам. Устод 50 соли умри пурбаракати худро сарфи хомаву сухан намуда, барои ташаккули тафаккури мардум маводҳои зиёде интишор кардааст.
Яке аз хислатҳои хосаи устод С. Қарахонов зарофатгӯӣ аст ва дар лаҳзаҳои мушкилу мураккаб, ки зиёдтар эҷодкорон ба он рӯ ба рӯ мешаванд, он хастагиҳоро бо лутфаш мебарорад. Латифагӯӣ низ санъати хосаро талаб мекунад ва устод дорои чунин ҳунари волои гӯяндагӣ низ ҳаст. Ҳатман дар ҳар мавзуе, ки дар ҷараёни суҳбат бо мусоҳибаш радду бадал мешавад, бо мисолҳои мушаххас ҳазлу ҳаҷвияву латифа бо шеваи махсус фикрашро баён мекунад.
Бояд қайд намуд, ки мо - ҷавонон, ки дар интихоби мавзуъ, сарчашмаҳои иттилоот ва дастрасии он баъзан ба мушкилиҳо дучор меоем. Ҳатман устод аз таҷрибаи худ моро роҳнамоӣ мекунад.
Маслиҳату машварати устод Саттор Қарахонов ҳамеша машъалафрӯзи роҳи эҷоди мо – ҷавонон аст. Бояд иқрор шуд, ки умри бобаракати худро сарфи хома намудан ин худ эҳтирому қадршиносии касб ва ин пешаи муқаддас аст. Роҳу фаъолияти эҷодии устод барои мо - ҷавонон ва онҳое, ки бо устод фаъолият доштанду доранд, ҳамеша ибратомӯз намуна аст. Зеро он супоришу масъулияте, ки аз ҷониби сармуҳаррир ва дигар шахсони масъул дода мешавад, устод онро сари вақт ва бо сифати баланд иҷро мекунад.
Дар давоми фаъолияти корӣ бо устод хотираву лаҳзаҳои зиёде дорам, ки ҳамаи онҳо бароям сабақомӯзу ҷолиб ҳастанд. Баъзан мо - ҷавонон ба неруву заҳмати устод дар ҳайрат мемонем, ки новобаста ба ин синну сол ҳамеша дар такопӯву ҷустуҷӯ аст.
Устод дар давоми фаъолияти эҷодии худ қариб дар қолаби ҳамаи жанрҳои публитсистиву бадеӣ ва адабӣ мавод навиштааст. Дар ин миён, ҷавҳари осори ӯро лавҳаву очерк ва ҳикояҳои воқеӣ ташкил медиҳанд. Аслан, эҷоди ин жанрҳо на ба ҳама эҷодкорон муяссар мешавад. Чунки он дар баробари меҳнати зиёди эҷодӣ, шинохти дурусти қаҳрамону воқеаҳо ва фурсати бештари вақтро ба он сарф кардан талаб мекунад. Дар лавҳаву очерк ва ҳикояҳои ӯ зиндагӣ бо тамоми ҷузъиёташ инъикосу баррасӣ мешавад. Қаҳрамонҳояш ҳама воқеӣ ва меҳнатдӯсту фидокоранд. Гӯё барои сохтани образ устод баъзан хислатҳои худро ба қаҳрамонҳояш нисбат медиҳаду бо он пайванд месозад. Умуман, мутолиаи матнҳои устод Саттор Қарахонов касро хушҳолу болидарӯҳ ва меҳнатдӯсту фидокор мегардонад.
Имсол барои устод соли махсуси таърихиву эҷодӣ аст. Зеро устод Саттор Қарахонов ба синни мубораки 70 мерасанд. 70 соле, ки пур аз омӯзишу афтидану хестанҳост. Мо ба устод умри бобаракату накӯ ва хушҳоливу сиҳатмандии бардавом орзумандем.
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00