Дӯстдори қалам
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Чеҳранигорӣ, Боздид 423
Дар машварати эҷодии назди сармуҳаррир сухан аз нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 70-солагии корманди рӯзнома Саттор Қарахонов рафт. Гуфта шуд, ки китобаш ба ин муносибат аз чоп хоҳад баромад ва як конференсия низ созмон дода мешавад.
Рӯзи дигар, дар танҳоӣ муовини сармуҳаррир Фаромӯз Бобоев хабар дод, ки пагоҳ котиби масъулро, манзураш Саттор Қарахонов, истироҳат медиҳем, худамон «сюрприз» омода мекунем, яъне дар шумораи махсус дар бораи ҳаёту фаъолияти кориаш маводҳоро ба чоп мерасонем. Ҳар корманд бояд ба диду андешааш матлабе омода созад. Ана, ёбу гир, гуфтам худ ба худ. Дар як рӯз дар бораи ӯ чӣ ҳам менависем. Охир, ӯро ҳама медонаду ҳама намедонад. Дар борааш бо як ҷумла ҳам навиштан мумкину як китоб ҳам. «Инсони комил асту сермаҳсул», тамом, гуфтам худ ба худ. Тамом, вале боз чизе ба хотирам омаду давом додам.
Охир, ман он чӣ медонам, аз назари дигарон пинҳон аст: Саттор Қарахонов «Хатлон» асту «Хатлон» Саттор Қарахонов. Ба он маънӣ, ки аз он рӯзе рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» таъсис ёфт, Саттор дар ҳамин даргоҳ, ба қавле мехкӯб шуд ва 45 соли ҳаёташ дар ҳамин даргоҳ сипарӣ шуду умраш ба 70 расид. Албатта, ба назари ҷавонон, шояд ин синну сол хеле тӯлонист, вале ин барои Саттор хеле ночиз аст. Ба ин гуфтаҳо шахс вақте бовар мекунад, ки ба ин марра расаду чун Саттор сермаҳсул бошад. Ҳозир ҳам менависад. Воқеан менависад. Ҳеҷ гоҳ бо мошинка (солҳои қаблӣ), ҳозир бо компютер кор нагирифтааст. Менависад, дастӣ, бо қалам.
Тайи тамоми солҳои ба ҷодаи рӯзноманигорӣ, пешаи бошарафу сангин сипарикардааш сари садҳо қаламро теғ задаву рӯйи ҳазорҳо саҳифаро сиёҳ карда, маъниҳои сафед офаридааст. Бо меҳр, илҳоми саршор менависад. Ягон навиштааш рӯякӣ нест, самимиянд, ҳадафрасанд. Ҳамин аст, ки навиштаҳояш хонандаи худро дорад. Махсусан, дар эҷоди очерку лавҳа, мақолаҳои вақтиву қиссаҳои ҳаётӣ расидагӣ дорад.
Воқеан, замоне журналисти журналистҳо Акбар Саттор (рӯҳаш шод бошад) ҳафтаномаи «Чархи гардун»-ро таъсис дод, як сабаби нашрияи серхонанда шуданаш навиштаҳои Саттор Қарахонов буд. Онгуна қиссаҳои ҳаётиро ёфтаву ончунон таъсирбахш, равон менавишт, ки тамоми табақаи мардум меписандиданд. Борҳо шуда, ки аз дуру наздик суроғаш меомаданд, қасам мехӯрданд, ки ҳамин воқеа дар ҳаёти ӯ рух додааст, муаллиф онро аз дили ман гуфтааст. Бархеи дигар аз дидаву шунидаашон қисса мегуфтанд ва хоҳиш мекарданд, ки онро бо нигоҳи худаш нависад. Дар кӯча шиносҳо бо эҳтиром салом дода, ҳолпурсӣ мекарданд (ҳоло ҳам ҳамчунин аст) ва ба ҳамроҳонаш мефаҳмонданд, ки С.Аттор ҳамин аст. Дигарбора ба оғӯшаш мегирифтанд, ҳарчанд, ки саросема буду ба кор мерафт, дарди дили навшиносонро гӯш мекард ва бо кӯлбори маъниҳои нав ба идора меомаду оғоз мекард ба навиштан.
Бехабар мемонд, ки кайҳо рӯзи корӣ ба охир расидаасту фаррош дами дар маътал истодааст. Чизе намегуфт, чунки ин одати акаи Сатторашонро кайҳо боз медонистанду халал намерасониданд, то он ки навиштанро тамом намекард, ё ранги қаламаш ба охир намерасид.
Ҳоло ҳам ин одатро дигар накардааст. Менависад, бо қалам. Хушоянду самимиянд навиштаҳояш. Мо онро мехонем ва мегӯем: «Хуни қаламат шеваи лахтшавӣ нагирад, Саттор».
Исматулло Ҳасанов,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00