Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ҶАШНИ САДА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ


ҶАШНИ САДА ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ


Дар Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва намоиши ниҳолону тухмии зироат, анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  таҷлил карда шуд. Дар он аз ҷумла  кишоварзони вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ин рӯз чун анъанаи ҷашнороӣ аз ҷониби кишоварзон дастархони ҷашнӣ орос-та шуда буд. Дар дастурхони ҷашнӣ, бештар донагиҳо (гандум, лӯбиё, нахӯд, наск, мош, арзан ва ғайра), инчунин, хӯрокҳои хушлаззат-мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд.

Бори аввал дар базмгоҳи ҷашни бостонии Сада дар радифи намоиши ниҳолу зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маҳсулоте, ки ифодагари ин ҷашн аст, бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гӯшаи имкониятҳои сайёҳии кишвар пешниҳоди иштирокдорон гардид.

Дар ҷашнгоҳ дар гӯшаи сайёҳии мамлакат бори аввал намоиши “Мастер клас”-ҳои ҳунармандӣ, рӯнамои сайёҳии кишоварзӣ, кулолгарӣ, заргарӣ, малакаи сайёҳӣ, викторина барои тамошобинон, намоиши автомобилҳои сайёҳӣ, милитсияи сайёҳӣ, велосипедҳо, имкониятҳои сайёҳии кӯҳ-навардию лижатозӣ ва кемпинги сайёҳӣ аз хаймаҳо пешкаши дӯстдорони сайру сайёҳат гардонида шуда, маводҳои иттилоотии сайёҳӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ ва англисӣ ба меҳмонон ва дӯстдорони сайру сайёҳат тақдим гардид.

Ҳамчунин, дар ин рӯз намоиш-фурӯши ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ ва гулу буттаҳо баргузор гардид, ки мардум бо нархи дастрас аз онҳо харидорӣ намуданд.

Сипас, аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокдорони фаъол Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид, ки дар ин миён беҳтарин кишоварзони вилояти Хатлон низ дохил буданд.

«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода