ЗУКОМ. Худро аз сирояти он эҳтиёт кунед
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 17 декабр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 1 202
Бемории зуком-ринит, илтиҳоби луобпардаи бинӣ мебошад. Бемории зуком ва роҳҳои нафас дар фасли сармо байни мардум хурӯҷ мекунанд. Ба ин беморӣ шахсони синну соли гуногун, алалхусус кӯдакону пиронсолон, ки масунияти заиф доранд, гирифтор мешаванд.
Зуком, он тавре ки баъзеҳо мепиндоранд, бемории “сабук” нест. Он аз шахси бемор тавассути сулфаю атса зуд ба атрофиён паҳн мешавад. Шахси сироятшуда барои аҳли хонавода, ҳамкорон ва ҷомеа манбаи паҳнкунии беморӣ мебошад. Зимни сироятёбӣ, пеш аз ҳама, узвҳои нафаскашӣ осеб мебинанд. Дар натиҷаи варами луобпардаи бинӣ ё гулӯ ҳисси хушк шудани қисми болоии роҳи нафас ва сӯзиши он, ҳамчунин атса задан пайдо мешавад. Баъди чанд рӯз оби бинию луоб хеле зиёд мешавад.
Мариз худро вазнин ҳис мекунад, бандшавии иштиҳо, қобилияти корӣ паст гардида, бо бинӣ нафас гирифтан душвор мегардад. Баъзан аз сабаби илтиҳоби пардаи чашм оби чашм меравад. Хусусан, зукоми кӯдаки ширмак вазнин аст. Азбаски сӯрохии бинии онҳо хеле танг аст, варами луоби пардаи бинӣ ба нафаскашию хоб халал мерасонад, ки дар натиҷаи натавонистани ширхӯрӣ кӯдак лоғар мешавад. Ин бемориҳо ба оҳистагӣ хурӯҷ ёфта, шахси сироятёфтаро ҳатто аз пой меафтонад.
Ҳангоми зуком бештар нӯшидани чой, чой бо мураббои марминҷон, шир ва асалчой ба шахси бемор сабукӣ мебахшад. Мувофиқи тавсияи духтур аз доруи арақовар ва антибиотикҳо истифода бурдан зарур аст. Худсарона истеъмол кардани ҳар гуна доруҳо, махсусан, антибиотикҳо мумкин нест. Дар натиҷаи табобат варами луобпардаи роҳҳои нафас барҳам хӯрда, нафасгирӣ осон мегардад. Беморони зуком вақти сулфидан дар гулу ва қафаси сина дардро ҳис мекунанд. Сахт афшонидани оби бинӣ ва сулфаи тӯлонӣ ба сироят ёфтани қисми дохилии гӯш оварда мерасонад. Аз ин рӯ, оби биниро нарм афшонида, доруи зидди сулфа истеъмол намудан лозим аст.
Ба табобати саривақтии зуком аҳамият надодан ва иҷро накардани тавсияи духтур ба инкишофи зукоми музмин оварда мерасонад. Дар натиҷаи зукоми музмин луобпардаи бинӣ ғафс шуда, оқибат нафаскаширо душвор месозад ё баръакс, луобпардаи роҳҳои нафас тунук мешавад. Баъзан илтиҳоб луобпардаи гулӯ, найчаи гӯш, ханҷара ва ҳатто касаба (бронхҳо)-и шушро фаро мегирад. Ба ин қабил инкишофи зуком роҳ додан ҳаргиз мумкин нест.
Бо мақсади пешгирӣ намудан аз ин беморӣ, қоидаҳои зеринро бояд ҳатман риоя кард:
-зуд-зуд дастҳоро бо собун шустан;
-дар як рӯз на кам аз ду маротиба гузаронидани рӯбучини намнок дар хона ва ҳуҷраи корӣ; -риоя намудани гигиенаи шахсӣ;
-ҳангоми сулфа ва атсазанӣ даҳонро бо рӯймолча пӯшидан ё аз респираторҳо истифода бурдан;
-сари вақт муроҷиат намудан ба табиб ҳангоми пайдошавии нишонаҳои беморӣ. Омилҳои гирифторӣ ба ин гуна беморӣ бештар дар якбора сард шудани обу ҳаво мегардад. Барои пешгирии ин беморӣ бояд дар фасли сармо шаҳрвандон сари вақт либосҳои мавсимиро ба бар намоянд, зеро риоя накардани чунин ҳолат боиси бемории зуком мешавад.
Сабаби дигари авҷ гирифтану гирифтор шудан ба ин беморӣ дар он аст, ки вақти сармо мардум тирезаҳои хонаро умуман намекушоянду ҳавои хонаро тоза намекунанд. Ин боиси зуд паҳн гаштани вирусҳо ва бактерияҳо мегардад.
Кӯдаконро бояд бе назорат нагузорем ва ба сару либоси онҳо аҳамият диҳем. Барои пешгирии зуком обутоб додани организм басо муҳим мебошад ва бештар ба намудҳои тобистонаю зимистонаи варзиш машғул шудан лозим аст. Қабули ваксинаи зуком моро аз сироятёбии ин беморӣ эмин нигоҳ медорад.
Балхиё ҲАҚНАЗАРЗОДА,
директори Маркази ташаккули
тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...