Иҷлосия оғози барқароршавии сулҳи тоҷикон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 ноябр, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 613
Дар таърихи ҳар кишвар ҳодисаву воқеаҳои муҳиме ҳастанд, ки дар сарнавишту оянда нақши бориз ва ҳалкунанда дошта, барои пойдору сарҷамъ намудани мардуми кишвар аҳамияти бузург доранд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳо мебошад. Маҳз дар таърихи аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд, дар Қасри Арбоб баргузор гардида, сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ барқарор намуд. Ҳамчунин, ин иҷлосияи таърихӣ заминаи мусоиде барои рушду нумӯи ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистон фароҳам овард.
Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки раванди оштии миллии кишвар аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо мегирад.
Аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 30 сол гузашта бошад ҳам, дар ин фосилаи кӯтоҳ кишвар ба дастовардҳои назарраси иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил гардид. Дар пайроҳаи пур аз нишебу фарози ин давраи таърихӣ саҳми шаҳрвандони баору номуси миллат, чун неруи азими кишвар бисёр назаррас мебошад. Зеро онҳо дар ҳақиқат дорои имконияти бузурги зеҳниву ҷисмонӣ буда, соҳиби неруи созандагиву бунёдкорӣ, илму дониш, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияи замонавӣ мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки мо асосан дар бораи самтҳои асосии сулҳу оштӣ, ваҳдати миллӣ, таъмини суботи ҷомеа ва давлатсозиву давлатдорӣ менависем. Ин ҳама ҳаргиз нишони худхоҳиву тавсифи беасоси хеш нест. Дар ҳар гуфта, дар ҳар навишта як ҷаҳон меҳр, муҳаббат, самимият, садоқат нуҳуфта аст. Ин ҳама бар сари худ як навъ шукр мебошад ва ҳам дар навбати худ ҳушдоре аз рӯи дилсӯзӣ. Оре, то ба қадри сулҳу салоҳ, ваҳдати комили миллӣ бирасем ва дар зимни он гузаштаро аз ёд набарорем.
Чунин як ҷангро таърих ҳеҷ дар ёд надошт. Дӯсту душман ошкор буданд ва ҳамдигарро, агар ҳам дар сад либос меомаданд, мешинохтанд. Ин ҷанг ҷанги ягона ва бесобиқа ҳеҷ қоидае, ҳатто қоидаи нонавишта надошт. Мегуфтанд, пас бояд дуо бикунем, роҳбару сарвари шоиста бихоҳем. Дар чунин вазъи басо мураккабу ногувор Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари тозаинтихоби давлат, гуфт: «Ман ба шумо сулҳ меорам!» Дар он рӯзгор гуфтани ин сухан на танҳо душвор, балки боварнакарданӣ буд. Агарчи сулҳ бартару болотар аз нону ҷон маҳсуб мешуд ва онро мардум ба ҳар қимате, ки мешуд, мехариданд.
Дидем, шоҳид шудем, ки гурезаҳоро овард. Ҳифзу амнияти ҷони онҳо ва обод намудани хонаҳои харобгаштаашон аз оварданашон ба чандин маротиб душвор буд. Бар замми ин ҳама, гуруснагӣ ба навъи худ на танҳо онҳоро, балки кишварро таҳдид мекард. Дар хазинаи давлат маблағе вуҷуд надошт. Душманон аз ҳар ҷониб, аз дохил ва ҳам берун саъй мекарданд, то ҳама кӯшишаш бар бод биравад, суханонаш бар газоф бошанд, қатлу хунрезӣ, тороҷу ғорат ҳамоно идома биёбад, бияфзояд, то давлате бо номи Тоҷикистон аз байн биравад. Ин ҳамаро ӯ медонист. Аз суханони ӯ аст: «Ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ ва Сарвари давлат хуб мефаҳмидам, ки дар он давраи барои тақдири Ватан ва халқи кишвар ниҳоят душвор кадом масъулиятро ба зимма гирифтам».
Ӯ барҳақ наҷотдиҳандаи давлату миллати тоҷикон, бунёдгару нигоҳдорандаи истиқлол, ободгари ин кишвари аҷдодӣ аст.
Бояд қайд намуд, ки дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ, бисёр сиёсатмадорон гумон доштанд, ки дар он вақт ҳеҷ инсони оқилу бо заковате пайдо нахоҳад шуд, ки миллат ва ватани худро аз ҷанги бародаркушӣ ва маҳви миллат наҷот дода тавонад ва Ватанашро аз вартаи нестшавӣ боз дорад. Дар ҳамон лаҳзаҳои басо душвор ва вазъи бисёр муташанниҷу печида Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини амният ва осоиши мардум, шукуфоии кишвар, эҳёи тамаддуни гузашта, ба хотири эҳтиром, тамоми арзишҳо ва муқаддасоти миллии Тоҷикистонро хонаи умеди ҳамаи тоҷикони дунё эълон намуда, сулҳи бозгаштро ба мардуми шарифи кишвар кафолат дода буданд.
Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Пешвои мил лат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо ин ҳама корнамоиҳо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ маҳбубияти хос пайдо кардаанд.
Ба сиёсати дурусти пешгирифтаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён ва бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро шинохтанд ва эътироф карданд.
Аз ин рӯ, омӯхтан ва пос доштани иқдому пайомадҳои Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози барқароршавии сулҳи тоҷикон ба шумор меравад, барои ҷомеаи имрӯзу ояндаи кишвари соҳибистиқлоли мо бисёр муҳиму ибратомӯз буда, дар маҷмӯъ қарзи фарзандиву рисолати шаҳрвандӣ маҳсуб мешавад.
Давлаталӣ АЛИМОВ,
доктори илми таърих, профессор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...