Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Вакилони хатлонӣ дар Иҷлосияи XVI


Вакилони хатлонӣ дар Иҷлосияи XVI



Ҷасорат, мардонагӣ, худшиносӣ ва хиради гурӯҳе аз вакилони Шӯрои Олӣ, аз ҷумла фиристодагони Хатлонзамин буд, ки Иҷлосияи XVI-ро ба рӯйдоди сарнавиштсоз дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил доданд.

Эъломияи Истиқлол ва омилҳои ҷанги шаҳрвандӣ

9-уми сентябри соли 1991 халқи тоҷик ба истиқлоле соҳиб шуд, ки аз соҳибдавлат шудан, пушту паноҳ пайдо кардани мардуми диёр башорат медиҳад. Эълони мустақилият мебоист пешрафти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии сарзаминро ибтидо мегузошт, имкон медод, ки роҳбарияти давлати мустақил дар шароити парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ талош карда, Тоҷикистон ягона давлате буд, ки артиши дар ҳудудаш будаи Шӯравиро миллӣ карда натавонист.

Ба иддаои таърихнигор И. Усмонов, сабаби ин нокомиҳо дар он буд, ки авзои иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон дар арафаи касби истиқлолият ниҳоят бад буд ва баъди он буҳрон амиқтар гардид. Дар ин давра неруҳои исломии Тоҷикистон хеле пурқувват шуда, қувваҳои дигар, аз ҷумла қувваҳои демократии вақт, шахсиятҳои сиёсии аз вазифа маҳрумшуда ва мансабталаб роҳбарони минтақаҳоеро, ки аз ҳукмронҳо розӣ набуданд, дар атрофи худ муттаҳид намуда, ба муқобили ба истилоҳ партократияи коммунистӣ мубориза сар карданд.

Рукнҳои давлатдории Тоҷикистони солҳои 1991-1992 аз ҳам рехта гашта, кормандони мақомоти бевосита ба таъмини амнияти давлат ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ масъул ҷонибдори табаддулотчиён буданд ва ё бетарафиро ихтиёр мекарданд. Ҳазорҳо нафар ба майдонҳо кашида шуданд, хуни ноҳақ мерехт, мардум қурбони фиребу шиорпартоию мансабталошии гурӯҳу созмонҳои алоҳида гардида, даст ба ҳамоишҳои эътирозӣ заданд, қисмате кушта ва ё аз пайвандону манзили зисташон маҳрум шуданд. Манзараи мудҳиши он рӯзҳоро Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз асарҳояш чунин тасвир карда: «Тоҷикистон дар он рӯзҳо киштии бишкастаеро мемонд, ки на раҳнамо ва на самти муайяни ҳаракат дошт. Мусофирону сарнишинони ин киштӣ дар талвосаи ҷон аз ин вартаи маргу нобудӣ даст мезаданд…»

Чаро иҷлосияи 16-ум дар Хуҷанд барпо шуд?

Вазъияти сиёсӣ ва низомӣ ба ҳадде расида буд, ки дигар нигоҳ доштани ҳукумати вақт имконнопазир буд. Ҳама тарафҳо роҳи наҷотро меҷустанд.

Аксарияти вакилони мардумӣ ҷонибдори дар ягон минтақаи дур аз ҷанги Тоҷикистон доир кардани иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон буданд. Азбаски дар шаҳри Душанбе мақомоти қудратӣ натанҳо амнияти шаҳрвандон, балки ҳатто бехатарии вакилони мардумиро таъмин карда наметавонистанд, қарор шуд, ки иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, мавзеи нисбатан амнтари кишвар баргузор шавад. 

Агар бахши аъзами вакилон дар сар андешаи ба ифоқа овардани ҷонибҳои даргир, ҷилавгирӣ аз буҳрони сиёсӣ, таъмини бехатарии мардум ва таҳкими сулҳу осоишро доштанд, буданд нафароне ҳам, ки талоши ба ақиб андохтани ин равандро мекарданд. Кӯшиш ба харҷ медоданд, ки иҷлосия тӯл бикашад, танаффусҳои беохир эълон шавад, то ки «корро бар нафъи худ анҷом диҳанд». Бар замми ин, қисмате аз вакилони мардумӣ шояд аз тарси ҷону мансаб ва ҳисси нобоварӣ ба ояндаи кишвар, ба иҷлосияи 16-ум ҳозир нашуданд. Аммо вакилони мардумии боҷуръату андешаи сулҳоварӣ ба сар, новобаста ба душвории роҳу хатар, ба ҷон ба Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд расиданд. Ба ҳама монеаҳо истодагарӣ карда, тавонистанд иҷлосияро барпо кунанд, сухан гуфтанд аз рӯзгори сангини мардум, мисолҳо оварданд аз кушта шудани мардуми бегуноҳу тафриқаандозии  гурӯҳе аз мухолифин.

«Искандаров, депутатҳоро фиреб надиҳед!»

Ғайбулло Авзалов, ки он замон вакил аз ҳавзаи №171, зимни суханрониаш дар иҷлосияи 16-ум чунин гуфта буд: «Аз 209 вакили халқ имрӯз дар ин ҷо 193 нафар ҳозир шудаанд. Ягон иҷлосияи пешини вакилони мардумӣ ин қадар депутатро ҷамъ наоварда буд. Мо ба хотири таҳкими ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ ба ҳамаи он корҳои лозиму нолозим рафта истодаем. Мо ҳама пешниҳодҳои шумо, раёсати Шӯроро пазируфтем, ҷамъ омадем, фикру мулоҳизаҳои пирони корро шунидем, розӣ шудем, ки иҷлосияи шумо ҳамчун раис пеш баред. Ҳама кор мувофиқи Конститутсия, мувофиқи қонун рафта истодааст. Аммо ин бозиҳои сиёсӣ барои чист? Танҳо ҳамин рӯз ду бор танаффус эълон кардед, дуюним соат вақти вакилонро имрӯз гирифтед. Аз чунин ҷараёни кор маълум мешавад, ки шумо сессия гузарониданӣ нестед. Шумо намехоҳед, ки иҷлосия кори худро босубот анҷом диҳад. Бояд баҳонаҷӯӣ нашавад, ба умеди «полевой командирҳо» нашавем, кори сессияро давом диҳем. Агар кор ба фоидаи як гурӯҳи муайян ҳал мешуданӣ мебуд, ягон танаффус эълон намешуд, тез ҳал мешуд. Ҳазор нағмаву қафопартоии кор шуда истодааст. Лекин имрӯз давлати Тоҷикистон бояд роҳбари қонунии худро ёбад. Имрӯз тамоми ҷаҳон, намояндагони ИДМ, СММ чашм ба сессияи мо дӯхтаанд. Интизори қарори иҷлосия ҳастанд. Шумо, рафиқ Искандаров (раиси Шӯрои Олӣ), мо депутатҳоро фиреб надиҳед. Ин мансаб аз сари ҳама сабил мемонад. Фикр накунед, ки роҳбари нави Шӯрои Олӣ одами хушбахт хоҳад буд имрӯз. Зеро ба дӯши ӯ бисёр корҳои вазнин меояд, ба ҷони худашу аҳли оилааш хатар таҳдид мекунад, вай масъулияти наҷоти кишварро ба уҳда хоҳад дошт…»

Танқиди вакил аз «бозиҳои пасипардагӣ»

Абдулмаҷид Достиев, вакили дигари Шӯрои Олӣ аз водии Вахш, низ дар он иҷлосияи таърихӣ ба сухан баромада, аз кори заифи раёсати Шӯро, бозиҳои пасипардагии гурӯҳҳои ҳукуматӣ ва ноуҳдабароии онҳо интиқод кард. «Бо ин вуҷуд, ки аз ҳукумати ташкилкардаи шумо ба ғайр аз мусибат ба сари мардуми кӯлобиву ғармиву ӯзбекҳо ва ленинободиҳои водии Вахш чизи дигаре надидем, барои мо мавқеъгирии шумо ҳамчун сарвари кишвар рӯшан нест. Дар ду рӯз шумо, Искандаров, се маротиба мавқеатонро нисбат ба артиши рус, ки дар кишвари мо мустақар аст, иваз кардед. Аввал шумо изҳор кардед, ки бояд артиши Русия аз хоки кишвар бароварда шавад. Шоми ҳамон рӯз гуфтед, ки бояд ҳамчун неруи таъминкунандаи субот артиши Русия барои мо зарур аст. Сабабҳои ноустувор будани сиёсати шумо нисбат ба артиши Русия чист?», - суол гузошт А. Достиев. Аммо посух рӯшану конкрет ва қонеъкунанда набуд. Ҳикмат Шарифов, вакил аз ҳавзаи №157-и шаҳри Кӯлоб: «Барои шумо, раисикунандаи Шӯрои Олӣ Акбаршо Искандаров, се савол дорам: 1) Акбаршо Искандарович, шумо, ки солҳои дароз ҳамчун раиси маҷлиси вакилони халқи ВМКБ кор кардед, чӣ кори хубе барои рушди ин вилоят анҷом додед? 2) Дар ҷараёни яке аз иҷлосияҳои гузашта қозикалон Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода ба сӯятон чашмакӣ заду шумо дар ҷавоб сар ҷунбонидед, ин чӣ маъно дошт? Бароямон шарҳ диҳед. 3) Дар машварати корманди ВКД шумо мегуфтед, ки тамоми силоҳро ҷамъ оварда, гвардияи миллӣ, ки бар зидди мухолифин сар бардошта буд, бояд маҳв карда шавад. Ин ҳарфҳоро тасдиқ мекунед?»

Интихоби раиси Шӯрои Олӣ ва аввалин ваъдаи ӯ 

Баҳсу баррасиҳои вакилони иҷлосияи 16-ум бисёр тунд буд ва аксарият бар ин ақида буданд, ки вакили ҷавону содиқ ба ватан Эмомалӣ Раҳмонов лоиқтарин номзад ба мақоми раисии Шӯрои Олӣ мебошад. 19 ноябр Эмомалӣ Раҳмонов бо раъйи 186 вакил аз ҷамъи 197 нафар, раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд.

Он замон раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ гуфт: «Бояд ҳамаи мо ба хотири муътадил шудани вазъи кишвар ҳама бояд ёру бародар ва ҳамфикр бошем. Бояд тамоми чораҳоро бинем, ки дар ҷумҳурӣ пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад. Мақсаду мароми асосии мо ин аст, ки сулҳ шавад. То охирин фирориро ба ватан бозпас наорам, худро осуда ҳис намекунам».

25 ноябр парчами нави Тоҷикистон ба иҷлосия бароварда шуд ва роҳбари нави кишвар онро бӯсид ва ба чашм молид. «Бисёр орзу дорам, ки дар зери ин парчам имрӯз ҳамаи мо як шуда, ба гузашта салавот гӯем, дасти якдигарро фишурда, боз маълум кунем, ки миллати тоҷик ҳаст, давлати Тоҷикистон ҳаст, бояд исбот кунем, ки нангу номус дорем ва ватани ҳамаи мо Тоҷикистони азиз аст», - гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.

«Таърих чун Ҳақ одил аст…»

Анҷоми иҷлосия анҷоми ҷанг ва шурӯи сулҳ набуд, балки он гардише барои муайян кардани роҳи сулҳ гардид. Хатми ҷанги шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон маҳз самара ва пайомади он Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон аст, ки имрӯз аз ин таҷрибаи нодир дар хатми низоъҳои ҳамватанӣ дар кишварҳои ҷангзада истифода мебаранд.

Донишманди тоҷик Абдулмаҷид Достиев гуфтааст: «…Таърих кам шахсиятҳоро муаррифӣ намудааст, ки дар роҳи сулҳ ҷонбозиҳо кардаанд. Ва агарчи чеҳраи чунин шахсиятҳо ҳар гоҳе аз авроқи китобҳо зуҳур мекунанд, онҳо он мақому шуҳратеро, ки ашхоси ҷангҷӯ касб кардаанд, надоранд. Ин ҳам чӣ чора, ки аз тазодҳои бузурги зиндагии инсоният аст».

Воқеан, ҳақ ба ҷониби профессор Иброҳим Усмонов аст, ки «таърих як ҳимоятгар дорад: ҳамон некие, ки ба об андохта шудааст. Таърих чун Ҳақ одил аст. Танҳо онро мегӯяд, ки буд. Таърих оинаи Ҳақ аст. Вайро шикастан, нодида гирифтан ва фирефтан намешавад».

Бо гузашти 30 сол аз он иҷлосияи таърихӣ, қимату манзалати истиқлолият, ки беҳтарин неъмат аст барои ҳар миллат, баҳои сулҳу оромӣ ва ваҳдати комилро мардуми Тоҷикистон бештару амиқтар дарк мекунанд. Пас, месазад пайрави ҳидоятсозиҳои Эмомалӣ Раҳмон бошем, ки гуфта: «Иттифоқ бошем, шукронаи якпорчагӣ, шукронаи сулҳу ваҳдат, шукронаи онро кунем, ки мо чунин як ватани зебою биҳиштосо дорем»!

Носирҷон МАЪМУРЗОДА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода