МОДДАҲОИ НАРКОТИКӢ ВА ЗАРАРИ ОН БА ИНСОН
Муҳаррир: Зиёдулло Раҳимов аз 21 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Тандурусти ва экология, Боздид 1 795
Воситаҳои нашъадор яке аз мушкилоти ҷиддитарини ҷомеаи муосир маҳсуб ёфта, истеъмол ва истифодабарии моддаҳои табиати наркотикидошта, муомилот ва ба фурӯш баровардани онҳо ба саломатӣ зарар расонида, шарафу номуси одамонро паст карда, ҳазорҳо нафарро аз ҳаёт маҳрум сохта, оилаҳои онҳоро ба ғаму андӯҳ мубтало месозад.
Қисми зиёди моддаҳои табиати наркотикидошта ба гурӯҳи моддаҳои химиявӣ шомил мегардад, ки онҳо як синфи алоҳидаи пайвастаҳои химияи органикӣ буда “Алколоидҳо” номида мешавад. Ҳоло бошад, зиёда аз 2000 алкалоид омӯхта шудааст. Омӯхташуда, ки табиати наркотикӣ зоҳир мекунад, инҳоянд:
Кониин
Кониин дар таркиби растании болигалов мавҷуд аст. Кониин, инчунин, алкалоиди растании сатргули заҳрнок ва шавкарон мебошад. Кониин моддаи моеъи равғанмонанд буда, таъми тез ва бӯи мушро дорад. Кониин дар организм, охирин асабҳои ҳаракаткунанда ва ҳискунандаро фалаҷ мегардонад.
Гигрин
Яке аз алкалоидҳои хеле содда буда, аз таркиби баргҳои растании кока, ки дар ҷануби Америка месабзад, ҷудо карда мешавад. Ҳатто миқдори ками вай ба организм ҳамчун стимулятор (нумӯя) таъсир меоварад.
Анабазин
Алкалоиди муҳимтарини растании заҳрноки қитъаи Осиё ба ҳисоб меравад. Бори нахуст соли 1929 аз тарафи А.П. Орехов кашф шудааст. Анабазин моддаи моеи равғанмонанд буда, ҳарорати ҷӯшишаш 2760С мебошад. Қисман дар таркиби баргҳои тамоку мавҷуд буда, инчунин, дар растании мармиҷон ёфт шудааст.
Никотин
Никотин моеи равған-монанди беранг буда, бӯи тамокуро дорад. Алкалоиди асосии ин тамоку мебошад. Дар таркиби барги тамоку то 8% никотин мавҷуд аст. Вай хело заҳарнок буда, ба сифати инсектитсид истифода мешавад. Рагҳои хунгузарро танг месозад, ба системаи асаби вигетативӣ таъсир расонда, фишори хунро баланд менамояд ва миқдори зиёди он заҳрнок буда, органҳои марказии нафаскаширо аз кор бароварда, системаи асабро фалаҷ мегардонад. Миқдори ками никотин асабро бедор менамояд. Бисёртараш заҳрнок мебошад. Никотин хело заҳрнок буда, 40 мг-и он одамро ба ҳалокат мерасонад. Миқдори калони никотин (ҳазорҳо тонна) ба сифати инсектитсид барои мубориза бо ҳашаротҳои зараррасони хоҷагии қишлоқ ба кор меравад.
Атропин
Моддаи кристалии беранг буда, дар ҳарорати 1150С гудохта мешавад. Дар растаниҳои оилаи ангури сагакшобезак, шоҳдона, мастак мавҷуд аст. Бевосита аз заҳрнокии баландаш ба таври васеъ барои табобати чашм (васеъ намудани гаҳвараки чашм) истифода мешавад. Ба системаҳои асаби парасимпатикӣ таъсир мерасонад.
Кокаин
Кокаин аз баргҳои растании алкалоиди растании буттагии кока (Амрикои Ҷанубӣ) ҳосил карда шудааст. Моддаи крис-талии беранг буда, ҳарорати гудозишаш 980С, бо кислотаҳо намакҳои дар об ҳалшаванда ҳосил мекунад. Ба системаҳои асаб таъсир намуда, боиси аз кор баромадани он мегардад. Қобилияти баланди анастизӣ дорад ва боиси ба вуҷуд омадани касалии коканизм мегардад. Ҳамчун маводи анастезӣ ҷузӣ (карахткунанда) ва маводи мудҳушкунанда маълум аст.
Морфин
Морфин моддаи кристалии беранг буда, ҳарорати гудозишаш 2540 С мебошад. Дар асосҳо ва кислотаҳо ҳал мешавад. Сохти морфин аз тарафи Р. Робинсон соли 1925 муайян карда шуда, дар соли 1956 аз тарафи Г. Тсуди синтез шудааст. Организмро ба касалиҳои наркаманӣ, морфинизм ва вобастагӣ ба он гирифтор мекунад. Алкалоиди асосии он кӯкнор буда, аз шира ва донаҳои хоми кӯкнор ҷудо карда мешавад. Маводи дарднесткунанда ва наркотики зӯртарин мебошад. Гидрохлориди ҳосилаи диатсетилии вай героин мебошад.
Героин
Героин (диатсетилморфин) як доруи нимсинтетикии афюниест, ки дар охирҳои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ ҳамчун дору истифода мешуд. Дар айни замон аксарияти шахсони нашъаманд аз он истифода мебаранд, ки он таъсири нашъамандӣ, арзонии нисбӣ, вобастагии ҷисмонӣ ва равонии босуръат рушдкунанда дорад. Героин-диатсетилморфин бори нахуст соли 1874 аз ҷониби кимиёгари англис Алдер Райт дар мактаби тиббии беморхонаи Санкт Марӣ дар Лондон синтез карда шуда, аз ҷониби кимиёгари Олмонӣ Феликс Ҳофман таҳқиқ шудааст. Бори нахуст аз тарафи ширкати дорусозии Олмон Bayer AG соли 1898 таҳти тамғаи героин бароварда шудааст. Героин ба зумраи маводҳои мухаддир дохил шудааст.
Хинин
Хинин дар таркиби решаи дарахти хин муайян гардидааст. Хинин хокаи беранг буда, маззаи тез дорад. Дар об камҳалшаванда буда, дар 1770С гудохта мешавад. Таъми намакҳояш бениҳоят талх мебошад. Сохти хинин соли 1908 аз тарафи К. Рабе муайян карда шуда, дар соли 1944 аз тарафи Р. Вудворд синтез шудааст. То айни замон хинин беҳтарин дору барои муолиҷаи касалии табларза ҳисобида мешавад.
Ин аст чанде маълумотҳо оид ба моддаҳои табиати наркотикидошта ва хатари он ба саломатии инсон. Чи гунае, ки дар боло қайд гардид ин гурӯҳи моддаҳо ба саломатӣ ва ҳаёти одамон таъсири манфӣ мерасонад.
А. Акрамзода,
мудири МДТ Коллеҷи
милитсия капитани
милитсия
С. Саидшоҳ,
Омӯзгор
-
17-01-2021, 09:05