Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Москва, Машка, Читай... ҳар як ном таърихе дорад


Москва, Машка, Читай... ҳар як ном таърихе дорад



(Аввалаш дар шумораи №35)

Дар Кумитаи комсомоли ноҳияи Бешкент (солҳои 60 - ум он ба Шаҳритус шомил буд) як гурӯҳ толибилмонро ба узвияти комсомоли ленинӣ қабул мекарданд. Номи духтараки 14-сола таваҷҷуҳи кормандони кумитаро ба худ кашиду шубҳаашонро овард: чаро Мария ё Маша нею Машка? Миллати духтарак ӯзбеку номи вай дар ҳуҷҷатҳояш Машка. Кормандони комсомол, духтарча ва котиби ташкилоти ибтидоии комсомолии мактабро аз «ғалбер» гузарониданд. Ҳуҷҷатҳои духтаракро такорӯ намуда, боз як - як тафтиш карданд. Ҳуҷҷатҳо «Машка» будани номи духтаракро тасдиқ намуданд.

...Дар хоҷагии «Бешкент» Мария ном русзане ҳамшираи шафқат шуда, кор мекард. Ӯ тайи солҳои зиёд ба мардуми таҳҷоӣ унс гирифт, урфу одатҳояшонро аз худ намуд. Дар шодию ғамашон шарик гашт. Шабу рӯз, дар гармою сармо кӯмаки хешро ба корафтодагон дареғ намедошт, ҳамеша ба ёрии беморон мешитофт. Мардум ин зани меҳрубонро дӯст дошта монданд. Бо лутфу меҳрубонӣ ӯро «Машка» ном мебурданд. Шаби Соли Нав буд. Зимистони ҳамонсола сарду сербориш омад, роҳҳо яхбандӣ шуданд.

Баробари расидани шаб ба гирду атроф тумани ғафс фаромад. Дар чунин боду ҳаво гургони гурусна ҳам ба деҳа ҳамла оварда, моли мардумро ба «яғмо» мебурданд. Дар яке аз шабҳои сармо, дар деҳаи дурдасти наздикӯҳии хоҷагӣ занеро дарди фарзанд гирифт. Таваллуд тӯл кашид, зан дарди ҷонкоҳ мекашид. Ӯ дар байни ҳаёт ва марг монда буд. Занро ҳатман назди духтур, ба пункти тиббии хоҷагӣ бурдан лозим омад.

Вале ин кор номумкину хавфнок буд. Дурии боду ҳавои сард боиси нобуд гаштани тифл мешуд. Илоҷи ягона духтурро назди бемор овардан буду халос. Шавҳари зан Ӯрозбой аспаки роҳи хонаи Машкаро пеш гирифт. Машка дар ин вақт бо аҳли оила сари дастурхони идона нишаста, Соли Навро истиқбол мегирифтанд. Тақ- тақи шабонаи дарвоза Машкаро хавотир намуд. “Дар ин шаби ялдо тундбод киро оварда бошад? Тинҷи бошад шуд», -бо андешаҳои парешон дарвозаро кушод. Чеҳраи мард барои ӯ шинос буд. Машка хурду бузурги хоҷагиро аз чеҳра ва бо ном мешинохту медонист.

Мардро ба хона, сари дастурхони солинавӣ хонд. -Ӯрозбой, дар остонаи дар наист, ба хона даро. -Вақти шиштан надорам, - бо овози ларзон гуфт мард. -Дар ин нимишабӣ бе гап хонаи ман наомадаӣ. Дар чунин ҳаво кас беҳуда аз хонаи гармаш намебарояд, зудтар фаҳмон, тинҷӣ-мӣ? -хавотир шуд Машка. -Завҷаам дар дами марг аст. Ӯро дарди фарзанд гирифтаю таваллуд карда наметавонад. Ёрӣ расонед,... бо ҳаяҷон фаҳмонд мард. -Ин тавр бошад, ба роҳ мебароем! -таъхир накард Мария... Таваллуди зан хуб анҷомид.

Духтарчаи солиму дӯструяке ба дунë омад. Падару модар аз рӯи эҳтирому меҳрибонӣ нисбати наҷотбахшашон, хоҳари шафқат Машка (Мaрия) ба духтарча Машка ном ниҳоданд. Дар ҳуҷҷатҳои духтарча низ ҳамин ном (бе таҳрир) навишта шуд. Машка тавассути ин ном шинохта шуд...

(Идома дорад)

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода