Дастоварди пурарзиш
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 624
Ҷанги шаҳрвандии хонумонсӯз ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиён овард. Даҳҳо ҳазор хонаҳои истиқоматӣ харобу сӯзонда шуда, ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ валангор гардид. Қаҳтию гуруснагӣ мардуми минтақаи Кӯлобро бештар таҳдид мекард.
Мардуми ин минтақа аз ноилоҷӣ донаҳои арзану ҷорӯб ва тухми дигар растаниҳоро орд намуда, истеъмол карданд, ки ин ҳолат боиси гирифтории онҳо ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла гелиотроп гардид. Сокинони ноҳияи Фархор то ҳанӯз аз он рӯзҳои фоҷиаовар бо даҳшат ёдоварӣ мекунанд. Ба гуфти шоҳидони замон, мардуми ин минтақа ҳатто дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ нагардида буданд.
Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад. Зеро бар асари он даҳҳо ҳазор модарон аз фарзандонашон, занон аз шавҳаронашон маҳрум гардида, зиёда аз 50 ҳазор кӯдак ятим монд. Дар чеҳраи одамон ғам хона карда, умеди ояндаи нек ва дурахшон вуҷуди кулли мардумро тарк гуфта буд.
Хушбахтона, ашхоси бофазлу хирадманде ёфт шуданд, ки ба ояндаи нек дилгарм ва пайи сулҳу оштӣ, ваҳдати тоҷикон талош меварзиданд. Тавассути ҷидду ҷаҳд ва орзую омоли неку наҷиби онҳо 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ байни тоҷикон ба имзо расид.
Бояд гуфт, ки барои пирӯзии сулҳ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, хизмати таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург мебошад.
Вақте созишномаи сулҳ ба имзо расид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Муроҷиатнома баромад карда, қайд намуданд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6-солаи охир барои нигоҳ доштани давлати тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик аввал пешпо хӯрд, вале имрӯз пирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар миёни халқи мо роҳ гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳрнокеро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон карданд, саркӯб созад».
Кӯшишу талошҳои зиёди Сарвари давлат ва ёрии кишварҳову созмонҳои нозири музокироти тоҷикон самараи дилхоҳ дод. Мардуми тоҷик аз ин ҷанги бемаънӣ зуд хулосаи амиқ бароварда, оғӯши гарми бародариро ба ҳамдигар боз намуданд. Дар Тоҷикистон сулҳу амният ҳукмрон гардид. Орзуи тамоми халқ ҷомаи амал пӯшид.
Имрӯзҳо таҷрибаи тоҷиконро дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ тамоми давлатҳои мутамаддин ва ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф карда, барои бартараф намудани муноқишаҳои дохилиашон аз он истифода мебаранд.
Муншии ҳамонвақтаи СММ Кофӣ Аннан доир ба ин қазия самимона гуфта буд: «Тоҷикон барои бисёр мамлакатҳои дигар дар ҳалли мушкилиҳои дохилӣ сабақи беназир доданд. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърих эҷоди сулҳ мебошад».
Дар ҷаҳони пуртаззоди имрӯз, ки ҳатто давлатҳои абарқудратро ба коми оташи низоъ барафканда истодааст, моро зарур аст, ба қадри ҳар лаҳзаву соати ҳаёти осоишта бирасем ва ба насли ҷавони кишвар ҳушдор диҳем, ки ин ободиву осудагӣ, ин муҳити солиму фазои нек ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҷавонон бояд, пеш аз ҳама ваҳдати миллиро ҳатто бар ивази ҷонашон посдору нигаҳбон бошанд. Он воқеаю ҳодисаҳои солҳои навадум абадан бояд барои мо дарси ибрат бошад.
Дар фарҷом орзуи онро дорам, ки ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагӣ, шодии мардум ҷовидонӣ бошаду кабутари сулҳ дар самои ваҳдатобод ҳамеша парфишон бошад, зеро пирӯзии мардум, пешрафти ҷомеа аз Ваҳдат ва танҳо аз Ваҳдат аст.
М. Насимзода,
прокурори ноҳияи фархор,
мушовири адлияи дараҷаи I