Аз остон то ошён
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 600
Мардуми тоҷик дар тӯли зиндагонии тӯлонии хеш ба бисёр нобарориҳо ва ноадолатиҳо рӯ ба рӯ гаштааст, ки таърих барои дарҷашон меларзад. Тохтутози хонумонсӯзи аҷнабиён, истилогарони юнону мақдунӣ, арабҳо, туркҳои салҷуқӣ, муғулҳо ва бисёре аз хунхорону золимони давр ба зиндагӣ ва давлатдории ниёгони мо монеа шуданд, вале ба мақсади палидонаи хеш нарасидаанд. Ҳарчанд халқи тоҷик анқариб 1000 сол бедавлат буд, вале бо сарфарозӣ ва бузургии хеш тавонист, ки дуюмбора соҳиби давлати мустақил гардад.
Пас аз ба даст овардани Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон соҳиби асъори миллии хеш гардид. Асъори миллӣ 30-юми октябри соли 2000-ум бо номи “Сомонӣ” ба муомилот бароварда шуд.
Дар баробари ба пешравиҳои баланди сиёсӣ расидан Тоҷикистони азиз, ҳамчунин ба ободиву муваффақиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардид. Мардуми тоҷик дар ин замони кӯтоҳ тавонист бисёре аз мушкилиҳои соҳаи маорифу фарҳанг, хоҷагии халқ, норасоии қувваи барқ, коммуникатсия, хизматрасониҳои маишӣ ва дигар проблемаҳоро ҳал намояд. Барои ҳамкориҳои судманд бо чандин давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон шартномаҳои корӣ бастанд.
Оромию тантанаи сулҳ ва рушду пешравӣ буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро қариб 200 давлати дунё ба расмият мешиносанд. Дар чандин давлатҳо сафоратхонаҳои худро дорад. Ҳазорҳо километр роҳҳои дохилӣ мумфарш гардиданд, ки барои ҳамкориҳои байниҳамдигарӣ василаи хубу созгор аст. Хусусан, таъмиру навсозии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Кӯлоб-Қалъаихум- Хоруғ-Қулма, Душанбе-Бохтар, Бохтар-Кӯлоб мушкилоти чандинсолаи мардумро аз байн бурд. Ҳамчунин, ба истифода додани чандин пулу нақбҳо, аз қабили нақби бузурги “Истиқлол”, “Шаршар” ва ғайра самараи некии Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар ин асно мардум аз як мушкилоти воқеан ҳам ҷиддӣ озод шуд, ки ин маҳдудияти қувваи барқ буд. Таҷдиди неругоҳҳои барқии обии “Норак”, “Сангтӯда 1”, “Сангтӯда 2”, ба истифода дода шудани ду чархаи НБО “Роғун” дастовардҳои бузурги Истиқлолият ба ҳисоб мераванд. Сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб, фаъолсозии чандин кону корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, ки барои рушди зиндагии шоиста нақши бузург мебозанд, самараи нек маҳсуб меёбанд. Барои ҷалби сайёҳон ба кишвари азизамонТоҷикистон тадбирҳои судманд андешида шуд.
Чандин минтақаҳои сайёҳӣ ба хотири истироҳату табобат таъмиру навсозӣ гардида, бо ин васила таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро ба кишвар зиёд намуданд. Дар ин асно зиёратгоҳи “Чилучорчашма” (Носири Хусрав), зиёратгоҳи “Хоҷа Машҳад” (Шаҳритус), минтақаи табобатии “Оби Гарм” (Роғун), маҷмааи лижаронии “Сафеддара” (Варзоб), минтақаи табобатии “Хоҷаобигарм” (Варзоб), минтақаи сайёҳии Ромит (Ваҳдат), Қалъаи Ҳисор (Ҳисор), Искандаркӯл (Айнӣ), Саразм (Панҷакент), маҷмааи таърихии “Қалъаи Муғ” (Истаравшан), осоишгоҳҳову нуқтаҳои табобатӣ, истироҳатгоҳҳову мавзеъҳои диданбоб ва ғайраҳо таҷдиду тамдид гардида, таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ҷумҳурӣ даҳчанд намуданд.
Заҳмату ранҷи бешумор аз худ гузаштан ва ҷоннисориро тақозо мекунад. Албатта, дар ин миён, ин кишвари азизу ба ҷон баробарро чунин зебову обод намудан, кори саҳлу осон набуд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон низ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гиребон сар бароварда, ба сабзу хуррам намудани кишвари азизи хеш – Тоҷикистон софдилонаю иттиҳодона меҳнат намуданд.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...