Кафили зиндагии осоишта
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 754
Аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 25 сол сипарӣ шуд. Ин созишномаи тақдирсоз тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ тамоми муноқишаҳои дохилиро хотима дода, ҳамчун санаи муқаддасу таърихӣ, азизтарин неъмати худодод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва кафолати зиндагии осоишта ба дилу дидагони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ҷой ёфт.
Бадбинони миллати тоҷик бо сӯйистифода аз арзишҳои воло ва муқаддасоти динӣ бо мақсади расидан ба ниятҳои нопоки худ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон миёни тоҷикон ҷангу низоъҳои хунинро ташкил намуданд, ки он ба якпорчагии мамлакат ва аз байн рафтани миллати куҳанбунёди тоҷикон таҳдид мекард. Аз соли 1992 сар карда қисмате аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба худ номи “гуреза”-ро гирифта, тарки Ватан карданду дар давлатҳои Афғонистон, Узбекистон, Турк-манистон ва ғайраҳо паноҳ бурданд. Дар бисёре аз минтақаҳои кишвар гуруснагиву норасоии нон ҳукмфармо буд. Садҳо модарон ҷони шавҳарро аз даст медоданду ҳазорҳо нафар кӯдакон ятиму бесарпаноҳ м е м о н д а н д.
Дари тамоми корхонаҳои саноативу истеҳсолии кишвар баста шуданд. Барои Тоҷикистон ягон манбаи даромад боқӣ намонда буд. Нафаре ҷуръат надошт, ки пеши роҳи ин хунрезиҳоро гираду мардумро ба якдиливу бародарӣ даъват кунад. Давлат на роҳбар дошту на пуштибон.
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз маъруф шудааст, барои давлати тоҷикон фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки аз нахустин рӯзҳои роҳбарӣ бо тадбирҳои хирадмандона, матонат, зиракиву ҳушёрии худ Тоҷикистонро аз парокандагӣ раҳо бахшад, мардуми парокандаро сарҷамъ намояд ва ҳазорҳо гурезагони тоҷикро ба Ватани аҷдодии хеш баргардонад. Барои аз байн бурдани гуруснагиву норасоии нон ҳазорҳо гектар заминро дар ихтиёри мардуми азиятдида гузошт. Тамоми гӯшаву канори Ватанро ба ҳам пайваст карда, борҳо ба кишвари Афғонистон ва Эрон сафар намуда, бо мухолифин мулоқот орост ва пешниҳоди сулҳу бародарӣ намуд.
Метавон гуфт, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ яке аз саннадҳои муқаддаси миллӣ ба ҳисоб меравад.
Т а ҷ р и б а и ваҳдатофари тоҷикон зери раҳбарӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ду сатҳи густурда тадриҷан ташаккул ва таҳаввул ёфт.
Сатҳи авввалро ягонагии иҷтимоии этникӣ дар қаламрави давлати миллӣ муайян мекунад, ки иборат аз қаробати хунӣ ва маънавии тоҷикони ҳамаи ноҳияҳо, вилоятҳо ва минтақаҳои кишвар аст.
Консепсияи ваҳдати миллӣ дар ин замина масъалаи дарки зарурати ҳамбуди миллӣ, қабулдошти зарурати ягонагии ҳамаи тоҷикони қаламрави давлати миллиро тарҳрезӣ намуд, ки бо гузашти солҳо он чун шарти ҳатмии ҳастӣ ва ҳувияти миллӣ устувор гардид. Сатҳи дуюми ин ваҳдатро метавон ҷаҳонӣ унвон кард, ки ваҳдати фарҳангиву маънавии тоҷикони бурунмарзиро фаро мегирад ва таҳким мебахшад.
Аслия Раҳмонова,
омӯзгори коллеҷи тиббии ДД ТХ
дар ноҳияи Данғара
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...