Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » ПОЁНИ ШАБИ СИЁҲ САФЕД АСТ


ПОЁНИ ШАБИ СИЁҲ САФЕД АСТ


Қабл аз он, ки чизе дар бораи Истиқлолияти давлатӣ ва нақши он дар рӯзгори имрӯзаи халқи тоҷик ба қалам диҳам, мехоҳам воқеаи сангинеро аз рӯзгори худ нақл намоям.

... 2-юми ноябри соли 1992. Ақрабаки соат ба рақами дувоздаҳ наз-дик мешуд. Садои тиқ-тиқи он гӯшхарош менамуд. Модарам дар ошхона машғули нонпазӣ буд. Ҳамон вақт ман дар синфи 5-ум таҳсил мекардам. Аз ҳар гӯша садои тиру тӯп ба гӯш мерасид. Ҳамон лаҳза аз тарс шитобон ба ошхона назди модарам рафтам. Зеро намедонистам, ки ҷанг чист ва ин садоҳо чӣ  овоз аст. 

Модарҷон, ин садои чист?

 Модарам дар ҷавоб гуфтанд: “Ин садои тирпарронист духтарам ва мо бояд ба ягон ҷо гурехта пинҳон шавем, то ки ба мо ягон фалокат рӯй надиҳад”. Аз ин суханони модар тарсу ваҳм дар дилам бештар шуд ва  баданам ларзид.

Мо дар оила панҷ духтару як писар мебошем. Фарзанди аз ҳама калонии хона бародарам Саидшо буд. Ӯ гуфт: “Ман ба ҳеҷ куҷо намегурезам, аз ҷанг ҳам наметарсам. Худатон гурехтан гиред”. 

Мо  ҳамроҳи модар ба хонаи тағо, ки дар кӯчаи ҳамсоя воқеъ буд, рафта панаҳ бурдем. Баъди чанд соат тирпарронӣ қатъ гардид. Баъд модарони деҳа дар як ҷо ҷамъ шуда, ба хулосае омаданд, ки бояд занону кӯдаконро ба ҷойи бехавф бурдан лозим. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳамон рӯз мардум гуреза шуда хонаҳои худро тарк карда рафтанд. Мо низ ҳамроҳи модарам ба деҳаи Сарбанд рафтем. Падарам бошад, бо ҳамроҳии дигар мардон дар деҳа монданд. Мо қариб ду моҳ дар деҳаи Сарбанд зиндагӣ кардем ва рӯзҳои сиёҳеро, аз сар гузаронидем… 

Вақте ки ба хона баргаштем, манзиламон ба як харобазор табдил ёфта буд. Хонаҳои сӯхтаву валангор, молу ҳоли ба яғморафта ва заминҳои бекорхобида мардумро ғамгин намуд. Ин офат яке аз нишонаҳои ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, ки мардумро пароканда ва бехонумон карда буд.

Хушбахтона, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон сарварии давлатро дар ин рӯзҳои вазнин ба уҳда гирифт. Бо заҳмату ҷонбозиҳо тавонист, ки ҷомеаи парешонгаштаву навмедгардидаи тоҷикро ба ваҳдати миллӣ оварда, девори устувору  бегазанди соҳибистиқлолиро бунёд сохт. 

Ин амри неки Пешвои муаззами тоҷикони дунё Эмомалӣ Раҳмон идомаи таъбири ватанпарварона ва пурифтихори Исмоили Сомонист, ки фармуда буданд: «То ман зинда бошам, бораи  (девори)  вилояти Бухоро ман мебошам».

Шукргузор аз он ҳастем, ки бори дигар, аз файзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзҳои нек расидем. Шукронаи онро дорем, ки кишвари зебои мо дар партави сиёсати  мардумпарвари Пешвои миллат дар фазои комилан осуда, зиндагӣ доранд.

Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо боарзиштарин ҷашн аст. Зеро истиқлол аст, ки зиндагӣ рангину ширин шуд ва ҳаёт маънӣ пайдо кард. 

Хулоса, истиқлол буду набуди як миллат аст, миллате, ки барои ояндаи худ тарҳу барномаи мушаххас дораду барои расидан ба онҳо талош меварзад.

Осудагии ватан истиқлол аст,

Онро чун сипар будан истиқлол аст.

Комрон ба айш дар дару почаи хеш,

Рӯсурхии марду зан истиқлол аст.

Фариштамоҳ ДАВЛАТОВА,

омӯзгори мактаби №32-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода