Ташкили ҷойҳои корӣ дар деҳот – омили рушди истеҳсолоти озуқаворӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 823
Баъди соҳибистиқлолӣ дар кишвар давраи ислоҳоти иқтисодӣ оғоз ёфт. Аз соли 1992 заминҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ қисман тақсим карда шуд, инчунин дар солҳои 1995-1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995, №342 ва аз 1 декабри соли 1997, №874 ба мардуми деҳот 75 ҳазор гектар замин дода шуд ва ин ба таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ мусоидат намуд.
Илова бар ин, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар интихобу парвариши тамоми намудҳои зироатҳои кишоварзӣ, инчунин дар гузаронидани кишти такрорӣ дар заминҳои озодшудаи баъзе маҳалҳо озодӣ дода шуд. Ҳамзамон, ҳалли масъалаи қарздории хоҷагиҳои пахтакор иқтидори соҳаро баланд бардошт. Гузариш ба намудҳои нави муносибатҳои иқтисодӣ, ташкили шаклҳои нави хоҷагидорӣ, хусусикунии амвол ба тағйирёбии соҳаи кишоварзӣ оварда расонд.
Самти асосии ислоҳоти аграрӣ дигаргунсозии колхозу совхозҳои камсамар, дар базаи онҳо ташкили корхонаҳои иҷоравӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои кишоварзӣ, ассосиатсияҳо, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва шаклҳои дигари хоҷагӣ, ки ба муносибатҳои бозоргонӣ асос ёфтаанд, гаштааст.
Ивазшавии пурраи сиёсати иқтисодӣ дар миёнаи соли 1992 давраи нави ислоҳоти аграриро асоснок намуд. Он гузариши комплекси агросаноатии ҷумҳуриро ба усулҳои идоракунии бозоргонӣ таъмин кард.
Ҳамакнун тақрибан 70% -и аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ шуғл меварзанд. Бинобар мавҷудияти сатҳи баланди муҳоҷират қисми бештари аҳолии коршоямро занону калонсолон ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, қисми бештари корҳо дар соҳаи кишоварзӣ аз тарафи занҳо амалӣ мегардад. Аммо занҳо мисли мардон аз ҳуқуқҳои зерин: андози қитъаи замин, пардохти музди меҳнат, дастрасӣ ба молия ва қарзҳо истифода намебаранд. Сарварони хоҷагиҳо дар назди истифодабарандагони замин масъулиятро ба дӯши худ намегиранд, чунки худи истифодабарандагони замин ҳуқуқҳои худро намедонанд. Аъзои хоҷагии деҳқонӣ дар ҷараёни қабули қарорҳо иштирок намекунанд.
Бинобар ин, 15 марти соли 2016, №1289 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» қабул карда шуд. Он мавқеи ислоҳот ва рушди хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ (фермерӣ)-ро мустаҳкам намуд.
Теъдоди хоҷагиҳои инфиродӣ ва қудратӣ рӯ ба афзоиш дорад. Дар натиҷаи азнавташкилкунии хоҷагиҳои калони деҳқонӣ 8620 хоҷагии инфиродӣ ва хонаводагӣ ташкил карда шуд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хоҷагиҳои мазкур тамоюл ба афзоиши истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ва мақсади баланд бардоштани сатҳи ҳаётро дорад. Аз 5 садӣ то 3 га заминро самаранок ва оқилона истифода бурда, соле 2-3 ҳосил мегиранд ва рушди устувор доранд.
Зокир Асроров,
номзади илмҳои иқтисодӣ