Ҳушёру зирак бошем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 1 219
Имрӯз доираи фаъолияти гурӯҳҳои экстремистию террористӣ торафт васеъ шуда, сарҳадҳои давлатиро убур намуда истодаанд. Аз ин хотир, бояд зиракию чолокиро аз даст надода, баҳри ободкорию созандагии кишвар саҳмгузор бошем.
Дар чунин вазъият, вазифаи аҳли ҷомеаи мо аз он иборат аст, ки давлати миллӣ, Истиқлолият ва дастовардҳои онро аз чунин пайомадҳои манфӣ, аз таъсири тарғиботу ташвиқоти арзишҳои бегона, қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорад. Худогоҳӣ, худшиносӣ ва дорои фарҳанги ғании маънавӣ будани аҳли ҷомеа қодир аст, ки таъсири ҳар гуна зуҳуроти таҳрибкориро, ки ба нооромӣ, бесарусомон сохтани ҳаёти осоишта нигаронида шудаанд, пешгирӣ ва бартараф намоянд.
Кӯшишҳои ғарб барои тариқи сунъӣ ҷорӣ кардани “демократия ва арзишҳои ғарбӣ” (дар Югославия, Ироқ, Миср, Лубнон,Сурия ва Афғонистон) боиси шиддат гирифтани ҷанги иттилоотию мафкуравӣ гардида истодааст. Воқеаҳои дар кишварҳои ҳамсояи мо Афғонистон ва Покистон рух додаистода низ, ҷузъи муҳими ин рӯйдодҳо мебошанд, ки хатари экстремизм ва терроризмро дар минтақа афзун мекунад.
Ҳоло доираҳои муайяни давлатҳои Ғарб арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, сабабу омилҳои дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар Россия ва ИДМ аз нигоҳи манфиатҳои гурӯҳиву минтақавӣ арзёбӣ мекунанд, ки ба муттаҳидӣ ва пешрафту ҳамкории давлатҳо минбаъд низ халал мерасонанд. Ғайр аз ин, воқеаҳои дар Афғонистон, Қазоқистон, Украина, Озарбойҷон, Арманистон ва Гурҷистон рухдода нишон медиҳанд, ки ин ҳодисаҳо силсилаи як занҷир буда, қувваҳои моҷароҷӯи давлатҳои Ғарб ба ҳаёти иқтисодиву сиёсии кишварҳо аз нигоҳи манфиатҳои худ ошкоро дахолат мекунанд. Бо маблағузорӣ ва ёрии расонаҳои хабарӣ аз ниятҳои бади худ, кӯшишҳои паст кардани аҳамияти арзишҳои маънавию ахлоқӣ, аз ҷумла дигаргун кардани низоми давлатдорӣ ва халалдор кардани осоиштагии мардум даст намекашанд.
Аз ин рӯ, барои мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб ва шомил нагаридани ҷавонон ба он ҷомеа бояд ҳамеша дар талош бошад.
Аҳлиддин Шамсов,
раиси филиали Иттифоқи ҷавонони
Тоҷикистон дар НБО «Норак»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...