Истифодаи оқилонаи замин - кафили амнияти озуқаворӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 797
Тибқи маълумоти мутахассисону коршиносон ва изҳороти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ соли 2022 аз ҷиҳати таъминот бо озуқа дар сайёра тайи 100 соли охир соли вазнинтарин хоҳад буд.
Шоҳиди он ҳастем, ки таҳти таъсири тағйирёбии иқлим, инчунин паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ дар бисёре аз кишварҳои дунё нархи маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва маҳсулоти ғизоӣ баланд гардидааст. Ва табиист, ки дар чунин шароит давлатҳо дар фикри ҳалли мушкилот мебошанд. Дар робита ба ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ гуфтаанд, ки заҳмати софдилона ва сарфаю сариштакорӣ роҳи ягонаи пешгирӣ кардани таъсири манфии ин раванд ба зиндагиву рӯзгори мардум мебошад.
Дар чунин шароит мо бояд истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, пеш аз ҳама замин ва об, мунтазам зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва дар баробари ин, ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ ниҳоят ҷиддӣ муносибат кунем.
Бо мақсади дастгирӣ дар шароити болозикр кишоварзони мамлакат дар соли 2021-2022 аз пардохти андоз аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, яъне андози ягона озод карда шудаанд. Иқдоми мазкур боиси 6 фоиз афзоиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли ҷорӣ нисбат ба соли қаблӣ гардид.
Даҳ сол қабл Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки ҳар як оила бояд барои ду сол маҳсулоти хӯроквориро дар хона захира намоянд. Дар шарҳи ин аз ҷумла зикр гардид, ки тоҷикон аз қадимул айём одати хеле хубе доштанд, ки бо талқини калонсолон ҳар оила барои таъмини худ маҳсулоти озуқавории ниёзи аввалро захира мекарданд.
Оилаи Рустам Тағоймуродзода дастуру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ намуда, ҳар як порча заминро самаранок истифода мебарад. Номбурда сокини шаҳраки Фархори ноҳияи Фархор мебошад. Тағоймуродзода Рустам ҳар як ваҷаб заминро оқилона истифода намуда, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меорад.
Дар 6 сотихи замини наздиҳавлигиаш маҳсулоти сабзавоти барвақтӣ ва зироати кишоварзӣ, аз ҷумла помидор, бодиринг, боимҷон, қаланфури булғорӣ ва дигар намуди кабудӣ, аз зироати кишоварзӣ бошад, гандум, лӯбиё ва ҷуворимакка барои дон кишт намуда, аз он ҳосили хуб ба даст меорад. Номбурда, инчунин аз замини ёрирасон истифода намуда, имсол аз он 2 тонна ғалладонагӣ ба даст овардааст. Агар сардори оила Рустам Тағоймуродзода ба кишт ва парвариши маҳсулоти кишоварзию сабзавотӣ машғул бошад, ҳамсар ва келину духтаронаш қисме аз ҳосили ба даст овардаро ба шакли консерва захира намудаанд. Мавзуна Абдураҳмонова бо келинҳояш аз мева ва сабзавоти маҳсули дасти худ беш аз 200 банка консерва омода ва барои зимистонгузаронӣ захира намудаанд.
Фарида БАРОТОВА, «Хатлон»