Модар дар хонаи пиронсо лон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 726
Вақто ки падар аз дунё гузашт, писар модарашро гирифту ба хонаи пиронсолон бурд. Писар ҳар гоҳ ба хабаргирии модар мерафт. Баъд аз чанд муддате шахсе аз хонаи пиронсолон ба назди писар омаду гуфт: «модарат дар сакароти мавт аст».
писар дарҳол ба назди модар рафт, то қабл аз ин ки аз дунё мегузарад, бо ӯ хайру хуш кунад. Вақто ки ба назди модараш расид, аз модар пурсид: «Эй модар, чӣ хидмате бароят кунам? Чӣ мехоҳӣ?»
Модар гуфт: «Мехоҳам як шамолдиҳак биёрӣ ва дар ин хонаи пиронсолон гузорӣ, зеро дар ин ҷо шамолдиҳак нест, бисёр гарм аст ва яке дигар яхдон ва яке дигар таомпазак, зеро ман дар ин ҷо якчанд вақте бетаом мондам». Писар бо як услуби тунд ва дилхарош хоҳиши модарро рад карду гуфт: «Ту дар сакароти мавт ҳастию аз ман ингуна чизҳоро талаб мекунӣ?»
Модар бисёр ғамгин шуд ва гуфт: «бале, писарам, ман дар ин ҷо аз гармӣ ва гуруснагӣ бисёр азоб кашидам, вале метарсам, ки фардо, ки фарзандонат туро ба ин ҷо оварданд, ту аз гармӣ ва гуруснагӣ азоб набинӣ. Аз ин рӯ, ин чизҳоро аз ту талаб кардам...»
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...