Аз Ғарб ё дар «Ғарб»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 июн, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 801
Билохира, Баҳодури паҳлавон аз Ғарб ба Ватан баргашт. Ӯро ба хотири он ки ба варзиш майл дошту гоҳо дар чорабиниҳои варзишӣ иштирок ҳам мекард, Баҳодур-паҳлавон ном мебурданд. Зиндагии хуб дошт, аммо тасодуфе дар ҳаёташ рух доду озими Ғарб шуд ва зиндагиро ҳамон ҷо ихтиёр кард. Акнун бо гузашти солҳо ӯро, ки аз олами пешрафтаву вале ба гуфти Иқболи Лоҳурӣ “бе рангу бӯй”-и Ғарб дилгир шуда буд, ҳавои Ватан ба сӯйи худ кашид. Ва ӯ ба сарзамини аҷдодии хеш бозомад. Мисли пеш баҳодурона дар кӯчаҳои Ватан қадам мезаду чашмаш ба чор тараф буд. Ӯ нони тоҷикӣ, хони тоҷикӣ, лаҳни тоҷикӣ, сурату сирати тоҷикӣ меҷуст. Хеле вақт дур аз хоки Ватан пазмони ин фарҳанги оламшумул гашта буд.
Дар фурудгоҳ ӯро яке аз хешовандон пешвоз гирифту ба хонааш бурд. Дастурхони тоҷикӣ ҳамоно боқӣ монда буд, ҳатто аз пештара бештар эҳсоси меҳмоннавозӣ кард. Бо ин ҳама қиматии дандоншикану буҳрони Ғарб дастурхони тоҷикӣ “осеб”-е надида буд. Хеле хурсанд шуд, аммо гаштугузору рафтори наварӯси хонавода сари ӯро андаке гиҷ кард. Ӯ дар тан хилъати атласии ниҳоят дароз бо остинҳои кушод дар бар дошт, ки дар хона пеш аз худаш аввал бари хилъат медаромад ва барояд, аз қафояш кашол.
Аҷаб муде. Ё шояд ин синтези муди тоҷикӣ бо ғарбӣ бошад? Модарони мо ба келинҳо мегуфтанд, ки пеш аз таомпазӣ аввал ба дег бояд назар андозӣ, аммо маълум, ки бо чунин сару вазъ на назар, балки аввал остин ба дег медарояд. Баҳодур ҳайрон шуду хайр “наварӯс”,- гӯён дигар ба фикраш нашуд ва бо онҳо худоҳофизӣ карда баромад.
Ҳуҷраеро харидорӣ намуду шаби аввал, ки мехост пой дар кӯрпачаи “очагӣ” дароз кунад, садои баланде аз ошёнаи рӯ ба рӯ ба гӯшаш расид. Ӯ ғайриихтиёр ба сӯи садо ҷазб шуду аз тиреза ба берун нигарист. Дар ошёнаи рӯ ба рӯ, ки масофааш наздик буд, шояд зодрӯзеро ҷашн мегирифтанд, ки бо садои дастаҷамъӣ “Happy birthday to you” мегуфтанд. Баҳодурпаҳлавон гумон кард, ки иштибоҳ шунидааст, аммо диққат карду воқеан дарёфт, ки нидои шодбошиашон “Happy birthday to you” аст.
Аҷабо!
Куҷо шуд дуои модарону калонсолон, ки дар зодрӯзҳо даст бардошта мегуфтанд: “Калон шавӣ, номбардори падару модар ва ёру диёр шавӣ!”. Ӯ дар ин фикр буд, ки садои баланди ду ҳамсояи дигар, ки бо пуштибонӣ аз фарзандонашон меҷангиданд, ба гӯш расид.
Яке аз модароне, ки намехост “ақибнишинӣ” кунад, ба рақиби худ мегуфт: “Э негодяй, ика дод зада геройӣ накун!”. Чашмони Баҳодур калон-калон кушода шуданд: “Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам....”. Забони модарӣ, шеваи ширини лаҳни модарӣ куҷо шуд? Куҷо шуд шеъри Лоиқи бузургу Муъмин Қаноат, ки ин забонро болотар аз дурру гуҳар гуфта буданд? Ҳай афсӯс....
Ӯ бениҳоят зиқ шуд. Хобаш ҳам хуб набурд. Шабро бо азобе рӯз карду ба мулоқоти як дӯсти деринааш ба беморхона шитофт. Дар роҳрави беморхона интизори омадани дӯсташ буду шоҳиди гуфтугӯи оилае гардид. Аз рафти суҳбаташон маълум гардид, ки навзоди беморашон дар ин ҷо бистарӣ асту аҳволаш хуб нест. Яке аз хешовандон, ки зани қошқантару болобаланде буд, сахт карда гуфт: “Охир, иқа даводав чӣ лозим. Ҳаму духтур гуфт-ку, ки ин кӯдака запчастҳош нест...Боз черепной ҳам дорад”.
Воооҳ! Воқеан, фишори Баҳодурпаҳлавон боло рафт. Ман дар олами Ғарб бехабар аз он ки ин ҷо узвҳои одам ба “запчаст” баробар шудаанд. Охир, ӯ кӯдак бошад ҳам, инсон аст, на техника. Баъдан бо дӯсташ вохӯрду фаҳмид, ки он тифл бо нуқсони модарзодӣ таваллуд шуда будаасту узвҳои ҳозимааш комил набудаанд. Илова бар ин модараш, ки нуҳ моҳ аз назди телевизор дур нарафта, филмҳои зӯроварӣ, тарғибкунанда тамошо карда, телефони ҳамроҳашро аз гӯшаш намегирифтааст. Бечора тифл бо иллати сар таваллуд шудааст.
Боз нидои ҳасрат баровард. Куҷо шуд “одамият”-и Саъдиву маърифати Бедил? Дигар ҳавсалаи шунидани ин гуна ҳарфҳоро надошт.
Баромаду дар истгоҳи канори роҳ нишаст. Мехост андаке нафасашро рост ва фикрашро ҷамъ кунад. Ногоҳ чашмаш ба ду ҷавондухтаре афтод, ки ба рӯ ба рӯйи ӯ меомаданд. “Аз афташ яке аз инҳо сайёҳу дигаре тарҷумон”,- ба худ андешид ӯ. Чун яке чашму абруи нимтоҷикӣ дошту дигар мӯйсари зарди тиллоӣ, мижгонҳои пластмасӣ, чашмони чун Рамзеси Миср кашидашуда, шалвори ниҳоят васеъ ва ҷузвдони чармини дар як сари китф кашол. Духтарон наздик шуданд ва Баҳодур ба суханонашон гӯш доду аз чашмонаш шарора парид. Инҳо ҳамдеҳаҳояш буданд.
Боз нидои таассуф даркашид. Куҷо шуд мӯйсари майдабофту зебои тоҷикӣ, ки ҷойи онро ин мӯйи «қароқулӣ» гирифтааст; куҷо шуд он курта-почаи шинами тоҷикӣ, ки ҷойи онро новобаста аз ҷинс шалвори Митхун Чакраборти ва Майкл Ҷексон гирифтааст?
Дигар аз Баҳодурии ӯ чизе боқӣ намонд, вазнин аз ҷой бархост, то биравад. Аммо намедонист ба куҷо равад. Ӯ ҳатто фаромӯш кард, ки аз куҷосту дар куҷост? Шояд аз Ғарб ё дар “Ғарб”...
Райҳона Раҳматова,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...