Суннатулло Маҳмадов-марзбони далер
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 май, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 411
Маҳмадов Суннатулло Маҳмадзарифович 8-уми январи соли 2001 дар деҳаи Ленини ҷамоати Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Ӯ муассисаи таълимии №3-ро хатм намуда, соли 2020 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваст.
Ин ҷавони 21-сола зимни адои хизмати ҳарбӣ баҳри ҳимояи хоки Ватан дар дидбонгоҳи “Хоҷаи Аъло”-и отряди исфарагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар задухӯрдҳои байнидавлатии сарҳадӣ бо Тоҷикистону Қирғизистон шуҷоату далерию мардонагӣ нишон дода, дар натиҷаи тирпаронӣ рӯзи 10 марти соли 2022 қаҳрамонона ҳалок гардид. Ҷасади ӯро ба зодгоҳаш оварда, ба хок супориданд. Барои ҳолпурсии волидони Суннатулло Маҳмадов Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сафар карда, ба ин хонавода аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кумаки пуливу молӣ расонида шуд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъулин дастур дод, ки барои ба итмом расонидани манзили нимсохти ин оила мусоидат намоянд.
Маҳмадзариф Маҳмадов, падари Суннатулло, мегӯяд: “Ман ифтихор мекунам, ки писарам бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ барои таъмин намудани амнияти Ватани азизамон, пойдории сулҳу субот, зиндагии осудаи мардуми кишвар сина сипар кардааст”.
Бо мақсади қадрдонӣ ва пос доштани хотираи неки Суннатулло Маҳмадов бо пешниҳоди коллективи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои номгузорӣ кардани ин муассиса ба номи ин сарбоз ба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, тибқи тартиб муқарраргардида, ҳуҷҷат пешниҳод карда шуд”, - мегӯяд Фарҳод Азамов, директори ин муассиса.
-Ба гуфтаи Саидхӯҷа Гадоев, роҳбари синф, Суннатулло дар мактаб бо баҳои хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил мекард. Пас аз хатми мактаб бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуд. Дар муноқишаи байни сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ҷони худро нисор намуд. “Аз хизмати аскарӣ баргардам, дар мактаб як дастаи варзишӣ ташкил мекунам”,- мегуфт Суннатулло”, - аз ӯ ёдовар мешавад Ғулом Камолов, омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ. – Ин суханонаш ҳеҷ аз хотирам намеравад, вале умр ба ӯ вафо накард, дар марз вақти ҳифзи Ватан ҷавонмарг шуд. Сад дареғ!
Комрони БАХТИЁР, Бохтар - А. Ҷомӣ - Бохтар