Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Covid-19 (Памфлет)


Covid-19 (Памфлет)



--Памфлет--
Омӯзгор ба синфхона даромаду чашмаш ба  яке аз донишҷӯёни пургӯю камнамо, ки аксар вақт дар дарсҳо ширкат намекарду баробари “қадам ранҷа карданаш” мушкилиеро ба бор меовард, бархӯрд. Муаллим дарсро гузашту хост он донишҷӯро наздаш хонда, андаке танбеҳ диҳад, то чӣ будани таҳсил дар донишгоҳу низомномаи онро дарк намояд ва бо оҳанги хос гуфт:

- Донишҷӯ Азизов, дар танаффус назди ман биёед.

Донишҷӯ “хуб” гуфту дарҳол дар танаффус назди устод ҳозир шуд. Устод ба шогирди “чаққон”- аш муроҷиат кард ва итминон дошт, ки ин дафъа о гуноҳи дарсшиканиҳои зиёдаш ӯро танбеҳ ва ба ҳозирҷавобиҳои дилгиркунандааш хотима медиҳад.

- Рафиқ Азизов! Ин қадар вақт дар куҷо гум будӣ? Медонӣ аз моҳи сентябр то имрӯз чӣ қадар дарсшиканӣ кардаӣ? Ту қонунан бояд аз сафи донишҷӯён хориҷ шавӣ, -гуфт устод.

-Чаро хориҷ мешудаам? Охир ҳамаи “нест”-ҳои ман сабаб доранд.

-Хайр, боз чӣ хел сабаб?- оташин шуд устод.

-Устоди муҳтарам, ман дар моҳи сентябр гирифтори бемории Covid-19 шуда будам,- гуфт ӯ. -Пас, чӣ хел ба дарс ҳозир мешудам? Магар ҳамарӯза тариқи садову симо намегӯянд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар муомила бо дигарон риоя кунед? Барои ҳамин наомадам.

Баробари шунидани “узр”-и шогирд оташи қаҳри устод якбора паст шуд.

- Сиҳату саломат ин бемориро паси сар кардӣ, узрат қабул. Аммо шартномаи таҳсилатро чаро насупоридӣ? То кай аз қафои шумо барин донишҷӯёни бемасъулияту холабеғам давида гардаму гап шунавам. Сари вақт ҳамонро супорӣ намешавад!? - боз оташ гирифта гуфт устод.

-Намешуд, устоди муҳтарам, намешуд!

-Чаро намешуд?

-Охир падари ман як тиҷорати хурд дошт, ки ҳамон ҳам бар асари паёмадҳои Covid-19 ба буҳрон гирифтор шуд, яъне “банкрот” шудем. Дигар маблағ намонд. Барои ҳамин андаке сабр лозим, устод.

-Эҳ-ҳа. Кори хуб нашудааст, -гуфт бо оҳанги таассуф устод ва афзуд:

- Хайр, майлаш. Узри бадтар аз гуноҳат ҳам қабул. Аммо акнун гӯй, ки моҳҳои ноябру декабр чаро ба дарс наомадӣ? Ту умуман уҳдадориҳои донишҷӯии худро медонӣ ё не?

-Бале, медонам устод, -гуфт бо табассуми хос донишҷӯ. Метавонед шогирди бозаковати худро табрик кунед. Чун гап сари он аст, ки ман моҳи ноябр оиладор шудам. Хайр мефаҳмед-ку... Барои ҳамин он рӯзҳо ба дарс наомадам.

-Чӣ хел? Охир ту навакак гуфтӣ, ки ман бо сабаби “буҳрони оилавӣ” шартномаро супорида натавонистам. Аммо ҳозир мегӯӣ, ки оиладор шудаӣ.

Инро чӣ хел фаҳмем?

-Бо баракати Covid-19! Вақте гуфтанд, ки тӯйҳои арӯсию домодӣ барои пешгирӣ аз издиҳоми зиёд ва паҳншавии беморӣ бояд бо 40 нафар гузаронида шавад, мо дарҳол аз фурсати муносиб истифода бурдем. Ҳам танзим риоя шуд, ҳам пешгирӣ аз сироятшавӣ. Бист нафар аъзои оилаи худамон будем, бист нафар аз оилаи қудо ва шуд як тӯйи кори калон.

-Шумо мардуми доно,- хандид устод ва боз кунҷкобона гуфт:

-Хайр, тӯйро ку кардӣ, намешуд як устодро ба тӯят даъват кунӣ? Ҳам соҳиби номи баланди донишҷӯ буданат маълум мешуду ҳам дар донишгоҳи олӣ хонданат ва боз эҳтироми устодшогирдиро ҳам ба ҷо меовардӣ.

-Намешуд, устод, намешуд.

-Боз чаро намешуд?

Covid-19! Фосилаи иҷтимоиро риоя кардан даркор буд. Ғайр аз ин шумо ҳам чун шаҳрванд масъул будед, ки аз рафтан дар ҷойҳои серодам худдорӣ карда, ҷони худу атрофиёнатонро дар хатар наандозед. Ман ғами Шуморо хӯрдам.

Устод аз ин ҳозирҷавобиҳои аҷиби шогирд воқеан дар ҳайрат монд.

Аҷабо! Боз чӣ суол диҳад, ки дигар ба Covid такя накунад? Ёфтам-ёфтам! Устод ба шогирд гуфт: “Ҳамаи сабабҳоят қабул. Аммо акнун, ки ба дарс омадаӣ, ҷузвдонат куҷост? Магар намедонӣ, ки яке аз рукнҳои низоми таҳсилоти кредитӣ, ки донишҷӯ аз рӯйи он бал, яъне баҳо мегирад, ин доштани ҷиҳози таълим аст? Пас, он куҷост?

-Устоди азиз! Магар ман донишҷӯе ҳастам, ки бе ҷузвдон ба дарс биёям. Дарвоқеъ ҷузвдон доштам, аммо дастонам банд буданд,-ҳозирҷавобӣ кард шогирд.

-Чӣ хел?

-Ҷузвдони ваксинаҳои Covid-19 дар дастам буд.

Ту бо ҷузвдони ваксинаҳо чӣ кор дорӣ,- оташин шуд устод.

- Устоди азиз! Гап сари он ки ҳамсарам ҳамшираи шафқат мебошад ва айни ҳол ба ваксинагузаронии аҳолӣ машғул аст. Бинобар ин, чун қарзи шавҳариву шаҳрвандӣ ӯро то ҷойи лозима кумаку ҳамроҳӣ кардам.

-Уф-ф! Бало занад ин Covid-19-и туро. Рақами телефони падаратро ба ман деҳ. Бояд ҳатман дар бораи ту бо ӯ суҳбат кунам, -гуфт ғазаболуд шуда устод.

-Намешавад устод, намешавад.

-Чаро?

-Чун ӯ дар беморхона хоб аст.

-Бо чӣ сабаб?

-Гирифтори бемории Covid-19 шудааст...

Райҳона Раҳматова,
омӯзгори ДДБ ба номи Носири Хусрав

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода