Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 5 нуқтаи муҳим барои падарон


5 нуқтаи муҳим барои падарон



Ба ҳамсаронатон ишқ варзед 

Писаронатон ба ҳамсари ояндаашон ҳамон гуна рафтор мекунанд, ки шумо бо ҳамсари худ рафтор мекунед. Пас, иҷозат диҳед, фарзандонат бубинанд, ки шумо ба модарашон ишқу муҳаббат доред. Вақте ки шумо ва ҳамсаратон ихтилоф доред, ба фарзандонатон нишон диҳед, ки чӣ гуна ду одам метавонанд онро ба шеваи дуруст ҳаллу фасл кунанд.

Марди комил бошед

Агар шумо ба кӯдаки худ муҳаббат кунед, вале дар тӯли ҳафта бо ҳамсаратон доду бедод намоед, ҳар он чӣ дар бораи меҳрубонӣ ва алоқамандӣ бигӯед, ба фарзандонатон ҳеҷ таъсири мусбате намегузорад. Оё шумо ба ваъдаҳоятон пойбанд ҳастед? Вақте ки барои фарзандонатон ба коре ваъда додед, оё вафодор ҳастед? Чӣ замонеро барои кӯдакатон сар ф мекунед?

Муҳим нест, ки мо чӣ мегӯем, кӯдакон медонанд, ки мо вақти худро барои корҳо ва бо дигарон сарф мекунем, ки бароямон бисёр муҳим ҳастанд. Ба тавре зиндагии рӯзмарраи худро ҷадвалбандӣ кунед, ки вақтро бо фарзандонатон гузаронед. Муҳим нест, ки барномаи кориатон чӣ гуна аст, ин вазифаи падар аст, то вақташро тавре танзим намояд, ки бо фарзандонаш низ бошад. Бубинед, ки фарзандонатон ба чӣ чизҳое алоқа доранд. Ин алоқамандии ҳар яки онҳо фарқкунанда аст.

Ба фарзандонатон ёд диҳед...

Агар фарзандон арзиши худро дар зиндагӣ аз чашми падар бубинанд, дар тамоми зиндагиашон таъсири чашмгире дорад. Ба мисол, модарам дар зиндагиам таъсироти хуб дошт, вале вақте падарам мегуфт: «Писарам, ин кори кардаат бисёр хуб буд», барои фарзандон маънои зиёде дорад.

Вақте ки як падар фарзандашро дар муносибатҳои хуб ташвиқ мекунад, таъсироти мондагор дар зиндагии ӯ мегузорад ва барои рушди фарзандон ва расидани ӯ ба марҳилаҳои болотар муассир аст. Ҳаргиз фарзандонатонро бо калимаҳо ва лақабҳои пасту номуносиб фарёд назанед ва калимаҳои нописандро дар бораашон ба кор набаред, зеро ин калимот монанди тирҳое ҳастанд, ки захми амиқашон ҳамвора дар тӯли зиндагӣ барҷой мемонад.

Монанди як хонавода гуфтугӯ кунед

Як хонавода ба фарзандонаш эҳсоси амният медиҳад. Агар корманд ва касе бошед, ки бештар дар берун ҳастед, ҳадди ақал ҳангоми хӯроки шом бо хонавода бошед ва дар ҳамон лаҳзаҳо дар бораи ҳодисаҳои он рӯз бо ҳам суҳбат кунед.

Маълумот ва таҷрибаи онҳоро дар зиндагӣ боло баред. Миқдоре аз шабро ба унвони як хонавода гузаронед, на ин ки ба тамошои оинаи нилгун ё телефон андармон шавед. Бовар кунед, ки ин кор аслан хазина надорад ва аз кисаи шумо чизе кам намешавад, балки дар зиндагии ояндаи хонаводагиатон судҳои фаровон ба даст меоред.

Фарзандонатонро насиҳат кунед ва бидонед, ки ниёзҳои қалбии онҳо чист.

Аз интернет

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода