Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Дар Бохтар корхонаи коркарди гӯгирд сохта мешавад


Дар Бохтар корхонаи коркарди гӯгирд сохта мешавад



Айни замон сохтмони корхона ба итмом расида, васлу насби таҷҳизоти корхона, ки аз хориҷи мамлакат ворид гардидааст, ҷараён дорад. Дар сурати бо иқтидори пурра ба истифода додани корхонаи мазкур зиёда аз 60 нафар сокинони шаҳри Бохтар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи панҷсолаи рушди саноат ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшачорабинии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар шаҳр 17 корхонаи саноатӣ сохта ба истифода дода мешаванд.

Тавре мудири бахши иқтисоди шаҳри Бохтар Афзалшоҳ Юсуфзода иттилоъ дод, дар шаҳр минтақаи саноатӣ таъсис ёфтааст, ки дар он ба соҳибкорон имконият дода шудааст, ки бо маблағҳои худӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ корхонаҳои саноатӣ бунёд намоянд.

Гуфта шуд, ки айни замон дар шаҳри Бохтар сохтмони корхонаи коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ низ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, он моҳҳои наздик ба истифода дода мешавад.

Айни замон дар корхона марҳилаи дуюми васлу насби таҷҳизоти лозима барои бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ҷараён дорад. Ин корхона тамоми намуди маҳсулоти кишоварзиро безарар ва хуб тоза намуда, ба навъҳои гуногун ҷудо ва бандубаст менамояд.

Фирӯзаи Давлат

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода