Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Чӣ гуна метавон фарҳанги рӯзномахонии мардумро боло бурд?


Чӣ гуна метавон фарҳанги рӯзномахонии мардумро боло бурд?



Оид ба баланд бардоштани мавқеи рӯзнома дар ҷомеа, таваҷҷуҳи мардум ба он ва роҳҳои ҷалби хонанда ба нашрия дар шабакаи иҷтимоии фейсбук назарсанҷӣ зери суоли «Чӣ гуна метавон фарҳанги рӯзномахонии мардумро боло бурд?» гузаронидем. Дар ин пурсиш ҷавобҳо хеле мухталиф, ҷое баҳснок ва диққатҷалбкунанда буданд, ки фишурдаи онро пешкаши хонандаи гиромӣ мегардонем.

Тоҳир Довуд:
-Рӯзнома агар рӯзнома бошад, на ҳафтанома, ҳамеша хонанда дошт ва дорад. Хабару гузориш ва рӯйдод ба таври мустақим ва сари вақт ба дасти хонанда расад, журналист дасту дили пок нисбати касб ва ҷомеа дошта бошад, ӯ далеру нотарс ва ҳақиқатнигор бошад, идораи рӯзнома бо ҷомеа ҳамкории зич намояд, эҳтимол аст, ки мавқеи матбуоти даврӣ дар ҷомеа мустаҳкам гардад.

Нусратуллои Назариён:
-Мутаассифона, ин чиз дигар имкон надорад. Башар чунин як марҳиларо қабл аз шакл гирифтан ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, инчунин пайдоиши интернету телевизион паси сар намуд. Имрӯз вазифаи хабаррасонии рӯзномаҳо тавассути интернет арзону осон ва сари вақт анҷом дода мешавад ва аз ин ҷост, ки мардум ба рӯзнома эҳтиёҷ пайдо намесозанд. Рӯзнома ба як навъ таҳаввулоти ҷиддӣ ниёз дорад, то хонанда пайдо намояд, яъне таҷдиди назар кардан дар вазифа ва функсияҳои он. Дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ дигар ҳеҷ лозим нест, ки иттилоот тавассути рӯзнома ба мардум расонида шаванд, бояд рӯзнома фарогири масоиле, ғайр аз иттилоот бошад.

Ҳасанҷон Аламшоев:
-Рӯзнома объекти воқеӣ ҳаст. Зеро ҳамеша метавонад вуҷуд дошта бошад. Имрӯз мо мушоҳида мекунем ва мебинему медонем, ки интернет бо ба вуҷуд омадани мушкилоти сиёсӣ, ҳар лаҳза метавонад қатъ гардад, вале рӯзнома ба ҳеҷ ваҷҳ қурби худро гум намекунад. Аз ин рӯ, масъулони нашрияҳо аз рӯи коғаз овардани сафсатаҳои чоплусонаву бемаъно даст кашанд ва ба навиштани воқеъбинона рӯ оваранд. Бо ин тарзи кор метавон бозтоби набзи ҷомеаи имрӯзаро ба саҳифаҳои таърих ворид кард ва ба роҳи рост ҳидоят намуд.

Исфандиёр Носиров:
-Маводе бояд нашр кард, ки лоиқи хондан бошад ва мавқеи маводи интернетиро гирифта тавонад. Аз рӯзгори мардум қисса кунад ва бо ҷомеа робитаи зич дошта бошад.

Тағоймурод Назирқулов: 
-Он замоне китобу рӯзнома мехонданд, телефони мобилӣ набуд. Онҳо ба китобхонӣ машғул буданд. Айни ҳол, не. Чаро? Ман санҷиш гузарондам. Ба телефони мобилӣ машғул шудам, аз ҳама чиз қариб маҳрум шудам. Ҳатто вақти хӯрокхӯрӣ фаромӯш мешуд. Он замон мардум ба хондани китоб машғул мешуданд, ки вақти хӯрокхӯриро ҳам фаромӯш мекарданд. Вақте ки суҳбат ё савол мекардед, ҷавоби ҷолиб буд, на сухани қабеҳ. Ҳоло бошад, ба телефони мобилӣ чунон рағбат доранд, ки агар савол пурсед, дар ҷавобаш худатон мефаҳмед.

Ориёмеҳри Дӯстмурод:
-Матлаби хуб, ахбори дақиқ, рӯзноманигори касбӣ, эътироф кардани ВАО ҳамчун ҳукумати чорум, метавонад фарҳанги рӯзномахонии мардумро ба боло барад...

Зафар Рустамов:

-Эҳтимоли баргаштани мардум ба рӯзномахонӣ аз 100/1% аст. Рӯзномаҳои мо саропо васфу тавсиф ва хабарҳои ба касе лозим набударо мерасонанд. Агар дар як рӯзнома дусе маротиба матне, ки воқеӣ, бе ғараз, бе парда гуфта шуда бошад ва он чопи электронӣ надошта бошад, мардум барои харидории он лозим шавад, ба матбаа меоянд.

Марям Давлатова:
-Аслан, худи ин маҳсулот дигар арзиш надорад. Дар бораи хондани китоб дар шаклҳои нав андеша рондан мумкин аст. Вале, матбуоти чопӣ, чун китобҳои сангӣ моли таърих мешавад.

P.S. Аз назарсанҷии мо бармеояд, ки барои устувор нигоҳ доштани матбуоти даврӣ дар ҷомеа то ҳол коре кардан имкон дорад. Танҳо ҳар як нашрияро мебояд, дар аввал аз пурсиши мазкур, андешаҳои ба худ муфидро қабул карда, сари онҳо кор кунад ва дар наздиктарин фурсат вориди журналистикаи мултимедиявӣ шавад…

Ҷасури ҚИЁМИДДИН, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода