Чанд далел дар бораи гиромидошти устод Айнӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 апрел, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 801
Ғайр аз он ки дар Тоҷикистон ноҳияи Айнӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, кӯча ва боғи ба номи Садриддин Айнӣ мавҷуд аст, бояд ҳамчунин донем, ки:
- соли 1958 ба ифтихори ин нависандаи маҳбуб маркаи почтаи СССР ба муомилот баромад;
- расми Садриддин Айнӣ дар пули миллии 5 сомонии барориши соли 1999 тасвир шудааст;
- дар Соктареи вилояти Бухоро хона-музейи Садриддин Айнӣ мавҷуд аст;
- дар Самарқанд на танҳо хона-музейи ёдгории нависанда ва нимпайкараи Садриддин Айнӣ, балки хиёбони ба номи Садриддин Айнӣ низ воқеъ аст;
- дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, кӯчаи ба номи Айнӣ вуҷуд дорад;
- Театри драмавии мусиқӣ ва мазҳакавии узбекии вилоятии Бухоро ба номи Садриддин Айнӣ гузошта шудааст;
- кӯчаи ноҳияи Приволжскийи шаҳри Қазони Тотористон ба номи нависандаи барҷастаи тоҷик С. Айнӣ гузошта шудааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/