Бархез, ки бар дари ту Наврӯз омад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 747
Наврӯз бо он ки аз оинҳои суннатии тоҷикон маҳсуб мешуду адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷик ин моли маънавии миллатро куллан собит намудааст, ки Наврӯз ба ҳеҷ дину мазҳаб иртибот надошта, таҷассумгари некиву файзу саховат, покизагию рӯшноӣ ва таманниёти сулҳу вафо ба аҳли башарият аст, дар даврони шӯравӣ дар сатҳи давлатӣ таҷлили расмии Наврӯз мамнӯъ буд.
Ҳарчанд ба таври тира бо номҳои «дарвешона», «иди кишту кору сари сол» ва ба ин монанд ҷашн гирифта мешуд, аммо аз моҳияти таърихии ин оин ва аслияти суннатии Наврӯз ҳарфе ба забон оварда намешуд. Вале Ғоиб Сафарзода, ки бо афкори миллӣ ва худогоҳии қавӣ аз решаҳои таърихи ниёгон, ба ҳама суннатҳои мардумии миллӣ, аз ҷумла Наврӯз арҷ мегузошт ва бар қасди носипосию ноадолатиҳои замон алайҳи арзишҳои миллии тоҷикон наврӯзномаҳо менавишт ва худ дар таҷлили аркони наврӯзӣ пешдастиҳо мекард.
Тавре, шоир ва рӯзноманигори тавонои тоҷик устод Абдуқодир Раҳим дар такя ба хотироти чанд тан ҳампешагони устод Ғоиб Сафарзода панҷ сол қабл дар саҳифаи рӯзномаи “Ҷумҳурият” (17.03.2017, № 59) ишора кардааст, «дар он рӯзгоре, ки таҷлили Наврӯз мамнӯъ буд, ба идораҳои нашрия ва телевизиону радиои кишвар сабзаи гандум ва суманак мебурдааст. Аз тарси сиёсати давр масъулон онҳоро намехостаанд, ки аз дасташ бигиранд. Аз ин рӯ, худ болои мизашон гузошта ва мегуфтааст: «Наврӯз ҷашни ниёгони бошарафамон мебошад. Натарсед! Ақаллан дар идораҳо, хонаҳо барои худ ҷашн бигиред. Наврӯз фаро мерасад. Мо бояд ӯро бо шодию фараҳ, муҳаббату самимияти тоҷикона истиқбол бикунем. Агар ноумед баргардад, ноумедӣ моро дар тамоми сол тарк нахоҳад кард. Зарур аст ва ҳам қарз аст, ки ҳамдигарро бо Наврӯзи хуҷастапай табрик бигӯем. Наврӯз муборак бод!»
Ин навишта маро хуш омад ва барои тақвияти ин гуфтаҳо бо ҳамсари шоири равоншод Ғоиб Сафарзода - апаи Ҳоҷарбӣ Сафарова ҳамсуҳбат шудам, то воқеияти ҳоли панҷоҳ сол қаблро ёдовар шаванд, ки чи сон Ғоиб Сафарзода дар фазои хонадон Наврӯзро ҷашн мегирифт ва ҳамсоягонро, ки миёнашон дигар халқияту миллатҳо низ буданд, ба наврӯзиҳои тоҷикона ҷалб менамуд. Апаи Ҳоҷарбӣ гуфт:
- Раҳматии Ғоибам он қадар миллатдӯст буданд, ки дилу ҷигараш ба миллат месӯхт. Рӯзҳои наврӯзӣ ҳукм мекард, ки хонаро омода кунем, кӯрпачаҳои нав партоем, интизори меҳмонон бошем, ҷашни Наврӯзро қайд мекунем. Соли 1968, омад-омади Наврӯз, чун ҳамагӣ гандуми як ҳафта мондаву сабзадавондаро дар шароити хона ба дег андохта, рӯи оташафрӯзи газӣ (он солҳо гази табиӣ бебаркаш меомад, дар берун имкони дег мондан надоштем) суманак пухтем. Дастархон партофта, болояш нону кулчаву «ҳафт син» гузоштем.
Ғоибам як соат пештар аз кор омада, дастархонро наззора карду пурсид: “Суманакро баарзе кардаед, ки ба аҳли ҳамсояҳо ҳам расад?»,- ва сарпӯши дегро кушода, дилаш пур шуд. Чунон хушҳол буд, ки рубоии кайҳо маъмулашро дар ҳавои хона, бо овози баланд замзама кард:
Имрӯз зи пушти дар садо мешунавам,
Парвози кабутари само мешунавам.
Ин дам ман ҳам ба Ғоиби шоирам ҳамовоз шудам:«Бархез, ки бар дари ту Наврӯз омад!» Аз чаҳ-чаҳи мурғи хушнаво мешунавам.
Маро бо омадани Наврӯз табрик гуфт ва ба ҳуҷраи дигар гузашт, тарҳи либоси миллӣ ба бар кард. Ҷомаи беқасаб ба тан, тоқии чакани дӯхтаамро ба сар монда, Фотимаю Зуҳрои чорсолаамонро ба оғӯш гирифта, меҳрубонӣ намуд. Ҳамин дам, дар ки кушода буд, меҳмонон бо садои хушҳолона ба хона даромаданд.
Апаи Гулрухсор Сафӣ ва Маҳбуба Неъматоваро миёнашон шинохтам. Дигарҳо ҳам аҳли адаб буданд. Сари хони наврӯзӣ нишаста, шеър мехонданду аз оини наврӯзӣ ҳарф мезаданд. Аҷаб гуворо буд, лаҳни шоиронаи меҳмонон. Дар чанд косаи чинӣ суманак кашида, рӯи хон гузоштам. Бо таърифу таҳсини зиёд ба Ғоиби шоирам мегуфтанд, ки «Шумо, Ғоиб, вориси ҳақиқии Наврӯзи тоҷикон ҳастед, янгаам суманакпази моҳир».
Меҳмонон дароз нишастанд. Ман бошам, деги суманакро бо кафлес гирифта, поён фаромадам (мо дар ошёнаи 4-ум зиндагӣ доштем) ва ба ҳамсоягон суманак тақдим кардам. Як ҳамсоязани рус суманакро чашида, «очень вкусный» гуфт.
Баъд ба ӯ фаҳмондам, ки пас аз ду рӯз мо тоҷикон ид дорем, иди Наврӯз, яъне «новый год». Дар тақсими суманак ба ман раҳматии апаи Бибичамо (зани шоири равоншоди тоҷик Одина Мирак) кумак мекард. Давоми ҳафт соли зиндагии оилавӣ бо Ғоиб Сафарзода ҳамин сон бо суманак Наврӯзро ҷашн мегирифтем. Ғоибам дар 32-солагӣ вафот кард. Ман аз дӯстдории беш садоқати худро бо тарбияи чаҳор фарзанд ва идомаи хостаҳои дилаш то имрӯз зиндагӣ дорам. Ҳар сол бо омадани Наврӯз суманак мепухтаму ҳамсояҳоро табрик мекардам. Албатта, миёни ҳамсояҳо буданд касоне, ки маро куҳнапараст мегуфтанд. Вале ман бо амри дили Ғоиби зиндаёдам, ҷашни Наврӯзро истиқбол менамудам. Бо ин амалам мехостам рӯҳи ҳамсари некномам, ки дилу ҷонаш ба оинҳои ниёгони миллати тоҷик пайванд буд, ҳамеша орому осуда ва шод бошад”.
Ҷашни Наврӯз дар сатҳи давлатӣ, ки ормони дили Ғоиб Сафарзода буд, баъди 20, сол дар даврони давлатдории миллӣ бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва ҳамчун иди расмии давлатӣ ҳар сол аз 21 то 24 март дар сатҳи баланд таҷлил шуда, аз соли 2009 инҷониб Наврӯз ба ҳайси иди байналмилалӣ эътироф ва ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии бонуфузтарин созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шуда, Наврӯз ҷаҳонӣ гардид.
Субҳон РАҶАБ,
ноҳияи Восеъ