Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ҳикмати Наврӯз аз назари аллома Берунӣ


Ҳикмати Наврӯз аз назари аллома Берунӣ


Наврӯз шуду ҷумла ҷаҳон гашт муаттар,
Аз бӯи гулу сабзаву райҳону санавбар.


Пеш аз ҳама, барои он ки хонандагони арҷманд ва хусусан берунишиносони ҷавон ба иштибоҳот роҳ надиҳанд, бояд гуфт, ки дар миёни осори сершумору гаронбаҳои аллома Абурайҳони Берунӣ аслан рисолае бо номи “Наврӯзнома” вуҷуд надорад (ҳаройина то он ҷое, ки камина огаҳӣ дорам), аммо маълумоти ҷолибу нодир ва илмиву таърихие, ки ӯ дар  осораш (махсусан се китобаш) фароҳам овардааст, дар сурати ҷамъоварии он ба як низоми муайян, ба фикри банда, рисолаи комили шоистае хоҳад буд андар боби Наврӯз. Ҳарчанд дигар ниёгони табиатшиносу риёзидони асримиёнагии мо аз қабили Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Абулаббоси Эроншаҳрӣ, Умари Хайём, Хоҷа Насириддини Тӯсӣ ва дигарон ҳам дар бораи Наврӯз маълумоти ҷолиберо ба мерос гузоштаанд ва ҳатто Ҳаким Умари Хайём рисолаи алоҳидае ҳам навиштааст, вале маълумоти андӯхтаи Абурайҳони Берунӣ дар бораи Наврӯз пурратар, дақиқтар ва ҷолибтар ба шумор меравад.

Берунӣ дар осори илмии худ махсусан дар “ал-Осор-ул-боқиййа мин-ал-қуруни-л- холиййа” (“Ёдгориҳои бозмонда аз асрҳои гузашта”), “Ал-Қонун ал-Масъудӣ фӣ-л- ҳайат ва-н-нуҷум” (“Қонуни Масъудӣ андар ситорашиносӣ ва ситораҳо”) ва “Китоб-ут- тафҳим ли авоил синоа-т-танҷим” (“Китоби андарз барои оғози илми ситорагон”) бунёди донишҳои ситорашиносии Наврӯз, таърихи пайдоишу густариш, ҷанбаҳои фолклорию этнографии он ва Соли нави мардуми эронинажодро дар сатҳи сара пойдор нигоштааст.

Берунӣ оғози Наврӯзро аз баробарии шабонарӯзии баҳорӣ номида, дар “Осор-ул-боқия”-аш чунин навиштааст: “... шабонарӯз сабаби бозгашти Офтоб ба даврони кулл ба доирае, ки барои он рӯзу шаб ибтидо фарз шуда, бештар аз ҳар як давоир (давраҳо – А.К.), вале бад-ин шарт, ки ҳам мо онро мабдаъ дониста бошем ва ҳам азима бошад, зеро ҳар доира азимае билқувва уфуқ аст, яъне мумкин аст, ки барои маҳалли уфуқ воқеъ шавад...”

Дар асари номрафтаи худ, Берунӣ таърихи тақвими порсиёну суғдиёну хоразмиён, арабҳову яҳудиҳову румиҳоро дақиқу аз ҷиҳати илмӣ асоснок собит намудааст. Масалан, ӯ дар бораи тақвими ҳиҷрии қамарӣ, ки бунёди сомӣ дошта, хоси арабҳост ва дар маросими динии мусулмонон то имрӯз роиҷ аст, навиштааст: “Арабҳо оғози рӯзу шабро нуқтаҳои мағориб, ки бар доираи уфуқ аст, фарз кардаанд. Пас шабонарӯз бар ақидаи онон аз оғози ғуруби Офтоб аст аз уфуқ то ғуруби Офтоби фардо. Ва он чӣ эшонро ба ин амр водор намуд, ин аст, ки моҳҳои арабӣ вобаста бар гирдгардии кураи Моҳ аст ва аз ҳаракати Қамар истихроҷ мешавад. Ва аввалҳои моҳи қамарӣ ба дидани ҳилол вобаста аст, на ба ҳисоб. Ва ҳилол дар вақти ғуруби Офтоб дида мешавад.

Ва дидани ҳилол дар назди тозиён аввали моҳ аст... Аммо миёни ғайр аз араб монанди румиҳо ва эрониҳо ва мардуми дигаре, ки бо эшон ҳамдил ва ҳамдастонанд, чунин маъмул аст, ки рӯзу шаб аз оғози тулӯи Офтоб аст, аз Уфуқи Машриқ то тулӯи Офтоб, аз уфуқи фардо зеро моҳҳои ин миллатҳо эътимод бар ҳисоб аст ва бо кураи Моҳ ва ситорагони дигар ба ҳеҷ ваҷҳ вобастагӣ надорад...”.

Бо чунин суханони худ ӯ бунёди тақвимҳои шамсию қамариро баён карда, таъкид кардааст, ки: “Аммо ба ақидаи кулияи уламои нуҷум шабонарӯз аз вақте аст, ки Офтоб ба доираи нисфуннаҳор мерасад то зӯҳри фардо...”.

Як нуктаи муҳими дигарро дар бораи ҳисоби мучал ёдовар шудан зарур аст, ки натанҳо авомуннос, балки бархе аз “донишмандон” солшумории роиҷи мушу бақару палангу харгӯшро, мутаассифона, аз рӯзи Наврӯз ва ё аз якуми январ ҳисоб мекунанд, ки нодуруст аст. Бояд гуфт, ки чунин солшуморӣ, ки ҳоло дар аксари кишварҳо мавриди истифода қарор дорад, аслан солшумории чинӣ буда, тавассути муғулҳо паҳн гардидааст ва соли паланг мувофиқи солшумории чинӣ имсол аз якуми феврал оғоз гардидааст. Солшумории танҷимӣ (астрологӣ)-и зардуштӣ, ки аз даври 32-сола, на 12-сола таркиб ёфтааст, дақиқтарин тақвими танҷимӣ маҳсуб мегардад ва аксари танҷимшионосон (астрологҳо) бар асоси он пешгӯӣ мекунанд. Тибқи солшумории зардуштӣ имсол соли юз (юзпаланг, гепард) оғоз мегардад. Мувофиқоии 11,7 моҳи соли “паланг”-и чинӣ бо “юзпаланг”-и зардуштӣ дар соли 2022 тасодуфӣ аст, зеро соли 2023 мувофиқи солшумории чинӣ соли “харгӯш” буда, тибқи солшумории зардуштӣ соли “товус” аст.

Маълум аст, ки солшумории қамарӣ аз рӯи ҳаракати Моҳ (Қамар) дар атрофи Замин ва солшумории шамсӣ аз рӯи ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб (Шамс) ҳисоб карда мешавад, ки даври гардиши онҳо аз 354 (355) ва 365 (366) шабонарӯз иборат буда, ба 12 моҳи 29 (30) ва 30 (31) рӯза тақсим мешавад. Солшумории танҷимии зардуштӣ аз рӯи ҳаракати сайёраи Зуҳал дар атрофи Офтоб гирифта шудааст, ки даври гардиши онро ниёгони мо зиёда аз 3000 сол қабл аз рӯзгори мо ба 32 сол тақсим кардаанд ва илми ситорашиносии муосир онро 29,7 сол ҳисоб кардааст. Албатта ин тафовут шарҳи илмӣ дорад ва ин мақола ҷои тафсири он нест, вале ҳаройина аз дониши ситорашиносии ниёгони бостонии мо дарак медиҳад.

Бояд гуфт, ки солшумории шамсии ниёгони мо, ки Абурайҳони Берунӣ аз он чандин маротиба ёдовар шудааст, низ бар асоси ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб бунёд ёфта, аз 12 моҳи 30 рӯза иборат аст.

Фалсафаи авастоии тақвими зардуштӣ ин аст, ки инсон ҷузъе аз кайҳон буда, соли нави инсоният маҳз аз рӯзи баробаршавии шабонарӯзии баҳорӣ рӯзҳо андак-андак дароз мешуданд, ки ҳикматаш пирӯзии рӯшноӣ ва гармӣ бар зулмот ва сардӣ аст.

Наврӯз аз баромади Офтоб оғоз мегардад, на ин ки аз 12-и шаб ё ки соати 24 ҳам мегӯянд. Ҷашни асосӣ дар системаи гоҳшумории авастоӣ ин баробаршавии шабонарӯзии баҳорӣ, ки Наврӯз ном дорад, ба шумор меравад. Оғози Наврӯз ё ҷашни Наврӯз нуқтаи калидӣ дар гоҳшумории эрониёни бостон ҳисоб мегардад.

Наврӯз ба ғайр аз асоси илмии ситорашиносӣ доштанаш, инчунин ҷанбаҳои таърихию мардумшиносӣ (этнографӣ) ва динию фолклорӣ дорад, ки ба чандин бахш тақсим шудани он ба монанди “Наврӯзи хурдод” ё “Наврӯзи бузург” (“Наврӯзи хосса”) дар шашуми фарвардинмоҳ, “Наврӯзи муътазидӣ”, “Наврӯзи азудӣ”, маросими ҳафтсину ҳафтшин, хонатаконӣ, обпошӣ, гандумсабзонӣ, гулгардонӣ ва ғайра аз он мебошад. Бино бар маълумоти Абурайҳони Берунӣ, баъдан Умари Хайём ва дигар донишмандони пешин рӯзи бар тахт нишастани Ҷамшед низ дар рӯзи Наврӯз буда, оғози ҷашн аз он ҷой будааст, ҳарчанд қабл аз он маросим ҳам Наврӯз ҷашн гирифта мешуд.

Вале бино бар ривоёти мавҷуда, пас аз Ҷамшед маросими тоҷбарсаргирӣ ва бартахтнишинии ҳар шоҳи Эронзамин аз рӯзи Наврӯз оғоз мегардидааст. Ва аҷибаш он, ки савганди аввалин шоҳ ин будааст, ки “Саганд ёд мекунам, ки бар гоҳшумории ниёгон эҳтиром мегузорам онро тағйир намедиҳам, ки анъанаи ниёгони ман аст...”.

Дар мавриди расми обпошӣ дар Наврӯз як ривоятро аз “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ ёдрас мешавем: “Ва чанде аз ҳашвия мегӯянд, ки чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарии хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт. Вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарии худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ баргашт ва муғон бар даври ӯ гирд омаданд. Эрониён гуфтанд: “Наврӯз омад!”. Яъне рӯзе тоза биёмад. Ва Сулаймон бодро амр кард, ки ӯро бардорад. Ва парастуе дар пеши рӯи ӯ пайдо шуд, ки мегуфт: “Эй подшоҳ, маро ошёнаест, ки чанд тухт дар он аст, аз онсӯтар рав, ки ошёни маро дарҳам нашиканӣ”. Пас Сулаймон роҳи худро каҷ кард. Ва чун аз тахти худ, ки бар бод ҳаракат мекард, фуруд омад, парасту бо минқори хеш қадре об оварду ба рӯи Сулаймон пошид ва як рони малахро низ ҳадя овард. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар Наврӯз ба якдигар об мепошанд ва пешкашиҳо ба назди ҳам мефиристанд...”.

Агар мо замони зиндагии ҳазрати Сулаймонро асри X пеш аз милоди Исои Масеҳ ҳисоб кунем, ин ривоят таърихи беш аз 3000 сола дорад.

Яке аз маросими Наврӯзро бо номи обпошӣ ва оббозӣ (ғусл) аз назари Берунӣ чунин мехонем: “Сабаби ин ки эрониён дар ин рӯз ғусл мекунанд, ин аст, ки ин рӯз ба Ҳарузо (дар тақвими Эрони Қадим ҳар рӯзи ҳар моҳ номи алоҳида дошт – А.К.), ки фариштаи об аст, тааллуқ дорад. Ва обро бо ин фаришта муносибате аст. Ва аз ин ҷост, ки мардум дар ин рӯз ҳангоми сапедадам аз хоб бармехезанд ва бо оби корезу ҳавз худро мешӯянд. Ва гоҳе низ оби ҷорӣ бар худ аз роҳи табаррук ва дафъи офат мерезанд. Ва дар ин рӯз мардум ба якдигар об мепошанд. Ва сабаби ин кор ҳамон ғусл аст...”.

Дар идомаи суханаш Берунӣ ҳикмати маросими обпоширо чунин шарҳ додааст, ки бо дер боз борон наборидан; олуда шудани тани инсон аз қабили дуду хокистар дар зимистон; тозаву латиф гардонидани ҳаво аз бемориҳо вобаста аст.

Тибқи ривояти дигар зодрӯзи Зардушт ҳам дар рӯзи Наврӯз будааст, агарчанде соли таваллудаш дақиқ маълум нест. Баъзе муҳаққиқон замони таваллуди ӯро ба асри VII пеш аз милод ва пажӯҳишгарони дигар дақиқтар соли 1150 пеш аз милод меҳисобанд. Соли таваллуди ҳазрати Сулаймонро бошад, соли 972 пеш аз милод низ қаламдод кардаанд, ки омӯзиши ин масъла баҳси дигар аст.

Нуктаи дигари ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки солшуморие, ки мо имрӯз корбурд мекунем, солшумории григорианӣ ном дошта, ба ёдбуди попи асримиёнагии Руми Қадим - Григорий XIII дар асри XVI пайдо шудааст. Ин солшуморӣ идомаи солшумории румиёни бостонӣ буда, ба ивази солшумории юлианӣ пайдо шудааст. Солшумории юлианӣ ба ёдбуди ходими давлатӣ ва сиёсӣ, императори Руми бостонӣ – Юлий Сезар аз якуми январи соли 45 п.а.м. пайдо шудааст, ки асосгузораш риёзидон, ситорашинос ва файласуфи юнонии муқими Искандария – Созиген (асри I п.а.м.) буд. Соли нав дар Руми бостон аз моҳи январ оғоз намешуд, чӣ тавре ки мо ҳоло онро дар январ ҳисоб мекунем, балки аз моҳи март аз оғози фасли баҳор сар мешуд, зеро аз фасли баҳор оғоз гардидани солшумории румиёни бостонӣ фалсафаи эҳёи табиатро дошт. Ҳамин ҳикмати аз фасли баҳор оғоз гардидани солшуморӣ ба румиёни қадим аз эрониёни бостонӣ гузаштааст. Зеро аз фасли баҳор ва ҳатто аз рӯзи якуми баробаршавии шабонарӯзии баҳорӣ оғоз гардидани солшумории зардуштӣ бунёди ҳикмати гоҳномаи эрониёнро ташкил медод.

Дар ҳақиқат ҳам табиат дар фасли баҳор зинда мегардад, на дар зимистон, моҳи январ, ки алалхусус мобайни зимистон мебошад. Дар зимистон табиат ҳанӯз дар хоб аст.

Фалсафаи ҷашни “Сада” ва мазмуни номи онро низ Берунӣ бо ҷашни Наврӯз вобаста дониста, маънидод кардааст, ки аз “Сада” то “Наврӯз” панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб аст.

Бояд гуфт, ки навиштаҳои ҷолибу андӯхтаи Абурайҳони Берунӣ дар бораи Наврӯз ва тақвими ниёгон маълумоти нодири илмиву таърихӣ буда, назираш дар дигар сарчашмаҳои мавҷуда вуҷуд надорад.

P.S. Агар нафаре аз пажӯҳишгарони соҳибзавқ тавонад, ки танҳо маълумоти марбут ба Наврӯз ва солшумории ниёгонро дар асоси осори Берунӣ таҳқиқ кунад, ба фикри камина, на як рисолаи олӣ дар риштаи таърихи илм ва техника ҳосил мегардад.

Абдулҳай КОМИЛӢ,
профессор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода