Гӯштин
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 март, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 743
Гӯштин варзиши машҳури миллии тоҷик аст. Тибқи маълумоти манобеи таърихӣ ва адабӣ гӯштигирӣ ҳамчун намуди варзиши ниёгони тоҷикон аз давраҳои бостон ба мо мерос мондааст. Мусобиқаи гӯштигирӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ осори адабиёти классикии форс-тоҷик ва эҷодиёти шифоҳии мардум хеле зиёд тасвир шудааст.
Масалан, Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” дар бораи паҳлавониҳои Рустам, Сиёвуш, Исфандиёр, Барзу ва дигарон муфассал ҳикоят кардааст. Абӯалӣ ибни Сино дар асари тиббии худ “ал-Қонун” дар бораи манфиатҳои машқҳои ҷисмонӣ сухан ронда, ду намуди гӯштигириро тасвир намудааст: тасвири якум-ҳар яке аз мардон бо дастҳо аз камарбанд дошта, якдигарро ба тарафи худ кашиданӣ мешаванд. Дар ин ҳангом ҳар кадоми онҳо кӯшиш мекунанд, ки аз ҳарифи худ озод шаванд.
Тарзи дуюм- “яке аз паҳлавонон бо ҳар ду даст бо дигар паҳлавон дудаста вохӯрӣ карда, дасти рости худро аз таги дасти чапи ҳариф гузаронида, ба тарафи худ мекашад ва ба паҳлӯ мегардонад, дар ин лаҳза гоҳ хам мешавад ва гоҳ рост мешавад.
Дар байни мардуми тоҷик ду навъи гӯштигирии анъанавӣ маъмул мебошанд: гӯштии тарзи озод (дар ноҳияҳои ҷанубию шарқӣ) ва гӯштии тарзи миллӣ. Гӯштии навъи дувумро баъзан “кураш” ё “гӯштии тарзи фарғонагӣ” ҳам меноманд.
Гӯштигирӣ аз қадимулайём яке аз машғулиятҳои асосии ҷашни Наврӯзи тоҷикон ба шумор мерафт. Дар сайри Тамошотеппаи Кӯлоб паҳлавонони беҳтарин аз бекигариҳои Ҳисору Қаротегин, Дарвозу Муъминобод, Ховалинг, Афғонистон ва дигар минтақаҳо ҷамъ мешуданд. Баъзан шумораи гӯштигирон то 200-300 нафар мерасид.