Мунира дар даври ниҳоӣ ҳам ғолиб гашт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 1 295
Дар даври вилоятии озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон-2021” мураббияи муассисаи томактабии №24-и шаҳри Бохтар Мунира Ризоева ғолиб омада буд. Ӯ дар даври ҷумҳуриявӣ низ ширкат варзида, соҳиби ҷойи дуюм гардид.
Дар маросими ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол-2021» муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён ва масъулони шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии кишвар иштирок доштанд.
- Дарёфт ва муаррифӣ намудани мураббиёни боистеъдоду навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонӣ яке аз ҳадафҳои асосии баргузории озмун маҳсуб меёбад, - гуфт М. Саломиён.
Мавсуф илова кард, ки дар озмун ба ташаккули қобилияту фаъолияти эҷодии мураббиён, такмили донишу маҳорати касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ диққати махсус равона гардидааст.
Ба ғолибон нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар туҳфаҳои арзишманди Кумитаи тадорукоти озмун тақдим карда шуд. Ҳамзамон, аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолони озмун туҳфаҳои пулӣ ва барои истироҳат дар осоишгоҳҳо роҳхат супорида шуд.
-Хушбахтам, ки дар озмун сазовори ҷойи дуюм гардидам, - бо фараҳмандӣ баён дошт, Мунира. - Ман суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми имсолаи худ зикр доштанд: “Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад”, шиори худ қарор дода, аз ин баъд ҳам кӯшиш мекунам, ки барои тарбияю босавод гардонидани кӯдакон саҳми бештари худро гузорам.
Бояд қайд намуд, ки Мунира Ризоева соли 2013 ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сазовори номи донишҷӯӣ гардидааст. Дар ихтисоси педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ таҳсил карда, дар рафти омӯзиши фанҳои донишгоҳӣ, инчунин, барои таҷрибаи корӣ ба кӯдакистони рақами 24-и шаҳри Бохтар омада, бо кӯдакон ҳар гуна омӯзишу бозиҳои шавқовар мегузашт.
-Кӯдаконро бубинам, баҳри дилам кушода мешавад. Дунёи кӯдакӣ тамоман дигар аст. Ҳар саҳар вақте бо онҳо вомехӯрам, бо чизи нав ё дунёи рангину суханони ҷолиби онҳо шоҳид мешавам. Бо онҳо вақтам хуш мегузарад,-нақл мекунад Мунира.
Ҳар як кӯдак хислати худро дорад. Мунира, ки таҷрибаи бисёрсола дар ин самт дорад, ҳоло аз ҷиҳати психологӣ ва ҳам дарсдиҳӣ ба кӯдакон мушкилие намекашад. Зеро дар ин муддат ӯ китобҳои зиёдеро аз ҳаёти кӯдакон мутолиа намуда, таҷрибаи бой андӯхтааст. Аз ҷумла китобҳои “Афсонаҳои халқи тоҷик”, “Шакарханди лаби кӯдакон” , “Лафзи ширин” ва дигар китобҳои адабиёти хориҷиро ҷамъ намуда, дар вақтҳои лозимӣ ба кӯдакон нақл мекунад.
Кӯдакон зеҳни тез дошта, ба қавли худи онҳо ба афсонаҳо ва саргузаштҳои аҷоибу ғароиб таваҷҷуҳи беандоза доранд. Бояд ҳар рӯз барои онҳо чизи нав ва машғулиятҳои зеҳниву ҷисмонӣ омӯзонд. Дар сурати такроран гуфтани чизе онҳо дарҳол пайхас карда, зуд ба кунҷкобӣ мегузаранд. Аз ин лиҳоз, тарбия ва ҷалби кӯдакон аз мураббӣ заҳмату маҳорати баланд металабад.
- Дар рӯзҳои аввали ба кор оғоз карданам дар Муассисаи давлатии таълимии томактабии №24-и шаҳри Бохтар аз камтаҷрибагӣ фаъолияти хуб надоштам. Ҳар вақте кӯдакон вориди муассиса мешуданд, мисли одами шахшуда онҳоро пешвоз мегирифтам. Чун намедонистам, ки ба кӯдакон чӣ гӯяму чӣ гуна истиқболашон гирам. Аммо бо гузашти на он қадар вақти дароз бо кӯдакон унс гирифта, онҳоро мисли фарзандони худам ҳис карда, тарбият намуда истодаам.
Дар гурӯҳи Мунира 25 нафар кӯдакони ба синни мактабӣ наздик ҳастанд. Онҳо нахуст аз бадантарбия оғоз мекунанд, ки он барои одат ва тарзи ҳаёти солимро пеша кардан замина мегузорад. Инчунин, дар давоми рӯз мураббии кӯдакистон машқҳои нутқи сухан, шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ, тасаввуроти одитарини математикӣ, шеърхонӣ, расмкашӣ, ҳикоя сохтан ва дигар нақшаҳое, ки муассиса пешбинӣ намудааст, дарс медиҳад.
Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”