Ноболиғонро чӣ ба ҷиноят мебарад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 январ, Бахш: Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 024
Масъалаи ба ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб даст задани ноболиғон нигаронкунанда мебошад. Зеро, ба иттилои масъулини Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар ёздаҳ моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 133 ҳолати содиршавии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Ҳарчанд ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли 2020-ум 46 ҳолат кам бошад, аммо ҳамоно ин мушкилӣ ташвишовар боқӣ мемонад. Ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи 94 нафар ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки 49 нафарашонро кӯдакони мактабхон ва 45 нафарашонро ноболиғони аз таҳсил дурмонда ташкил медиҳанд.
Коршиносон бар он назаранд, ки барои дар тарбияи насли наврас муваффақ гардидан аввал бояд ба баландбардории фарҳангу фаҳмиши насли калонсол диққати ҷиддӣ дода шавад. Зеро, кӯдакону наврасон тақлидкунандаи амалҳои неку бади эшон мебошанд. Дар бораи омилҳои ба ҷинояткорӣ даст задани ноболиғон назарҳои мухталиф ҷой доранд. Аммо, ба таври мушаххас бояд дақиқ намуд, ки чаро дар синнусоли наврасӣ ба амалҳои номатлуб даст мезананд? Назарпурсӣ ва таҳлилҳо муайян намудаанд, ки наврасони ҷинояткор бештар аз оилаҳои носолим ва сарватманд мебошанд. Яъне, агар аз оилаи носолим барои аз тарбияи волидон дур мондан наврас ба амалҳои номатлуб даст занад, пас аз оилаи сарватманд, аз эркагиву дар ҳамаи амалҳо дастгирӣ ёфтанашон аз тарафи волидон мебошад.
Аз тарафи Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо бахши ҳуқуқи кӯдак ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4894 суҳбату вохӯрӣ гузаронида шуда аст. Аз ин теъдод, 3335 адад дар назди муассисаҳои таълимӣ, 321 адад дар маҳалли зисти ноболиғон, 218 семинару машварат ва 1112 амалиёт дар бозорҳо, марказҳои компютерӣ гузаронида шудааст. Ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳию назоратӣ дар пешгирӣ аз ҷинояткорӣ байни ноболиғон мусоидат мекунад, вале нақши худи падару модар ва оила дар ин росто бузург аст.
Омӯзгор Шаҳло Маҳмадалиева изҳор дошт, ки баъзе аз волидон уҳдадориҳои худро танҳо дар таъмини моддии фарзандон мебинанд, тарбияи онҳоро бошад, дар мадди дуюм мегузоранд ва онро ба мактаб ҳавола мекунанд. Тарбияи асосии кӯдакону наврасон аз оила сарчашма мегирад. Олими намоён Ю.П. Азаров солҳои зиёд дар масъалаи тарбияи кӯдакон дар оила тадқиқот бурдааст, чунин қайд менамояд, ки оилаҳоро метавон ба 3 гурӯҳ ҷудо намуд: Оилаи хуб, ки аз саҳар хурсандӣ, хушбахтӣ ва боварӣ дар ин хонадонҳо ба якдигар мушоҳида карда мешавад. Оилаҳои миёна, ки аз саҳар умуман хафагӣ мушоҳида карда намешавад. Ҳар кас ба кори худ банд буда, вазифаи вижаашро иҷро мекунад. Оилаи ҷанҷолию тундмиҷоз, ки аз саҳар нигоҳҳояшон пур аз хусумат ва кинаю адоват аст. Олим қайд мекунад, ки гурӯҳи сеюми оилаҳо оқибат ҷудо мешаванд. Маълум аст, ки ҷудошавии оилаҳо сабаби ба вуҷуд омадани оилаҳои ноқис мегардад, ки ин кори мактаб ва тарбияи ноболиғро душвор мегардонад ва сарчашмаи содиршавии ҷинояти онҳо буда метавонад.
Ёдовар бояд гардид, ки дар 1430 муассисаи зертобеи Раёсати маорифи вилояти Хатлон вобаста ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд. Давоми соли 2021 ба комиссияҳои ҷамъиятии назди муассисаҳои соҳаи маориф 1808 муроҷиати иштирокдорони раванди таълиму тарбия ворид ва баррасӣ гардидаанд.
- Аз вақти қабули қонуни болозикр то имрӯз дар таълиму тарбияи наврасон то андозае муваффақ гаштаем, аммо, ҳоло ҳам волидон ва наврасоне ба мушоҳида мерасанд, ки талаботи қонунро дидаю дониста риоя намекунанд. Ин амали онҳо ба ҷавобгарию ҷаримаҳои маъмурӣ бурда мерасонад, - гуфт ҳуқуқшинос Саидҷаъфар Сафарзода.
Ҷумъахон Идиев, сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон иброз дошт, ки дар ин муддат 2122 ҳолати қонунвайронкунӣ аз тарафи ноболиғон ва волидайни онҳо ошкор карда, вобаста ба ин ҳолатҳо бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии 276854 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ таъйин карда шудааст.
Ба андешаи Гулҷаҳон Муродова, сокини шаҳри Бохтар, ноболиғон аз беназоратӣ ба кӯчагардӣ, ҷӯрабозию дигар кирдорҳои ношоиста машғул мешаванд. Бо каме бузургтар шудан дигар касе онҳоро идора карда наметавонад ва ҳар коре, ки хоҳанд, анҷом медиҳанд.
Ба иттилои манбаъ, оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғон 5005 чорабинии тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида, 189025 нафар кӯдак ба корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шуданд.
Мушоҳида мегардад, ки тарбиятдиҳандагон баъзан худ аз усулҳои таъсирбахшу кордеҳи тарбия бехабаранд ва ё ба моҳияти ин раванд дуруст сарфаҳм намераванд. Инчунин, имрӯз бо сабаби нарасидани омӯзгорони касбӣ, хусусан дар ноҳияҳои дурдаст, гоҳе шахсони тасодуфиро ба кори омӯзгорӣ ҷалб кардаанд, ки аз педагогикаву психология бохабар нестанд. Волидон низ ҳамин гуна мушкилӣ доранд. Барои ҳамин, пешниҳод доштам, ки роҷеъ ба тарбияи кӯдакону наврасон барои омӯзгорон ва волидон дар мактабҳо дарсҳои кӯтоҳмуддат ба роҳ монда шавад.
Барои ҳамин бояд мутахассисони баландихтисоси соҳаи маориф, хусусан, психологҳо ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб гардиданашон зарур аст. Ҳамзамон, бояд ба тарбияи дурусти насли наврас ҷиддӣ муносибат намоем. Зеро фардо кӯдак ба воя мерасад, агар дуруст тарбия надида бошад, кӣ мешавад?! Ин суолест, ки моро ба ташвиш меорад. Чунки гурӯҳҳои ифротӣ ҳамин гуна нафарони аз тарбия дурмонда ва ё каҷрафторро тезтар ба худ ҷалб месозанд ва аз онҳо ҷинояткору террорист омода мекунанд. Ҳамин тавр не?Суҳроб АЗИЗЗОДА, “Хатлон”